Главная / Илм / АНТИБИОТИКХО

АНТИБИОТИКХО

antibiotikhoАНТИБИОТИКХО (Antibiotica; аз анти… ва юн. bios – хаёт), моддахое, ки махсули фаъолияти микроорганизмхо, хайвонот ва растани буда, рушд ва афзоиши намудхои гуногуни микробхоро бозмедоранд.
А-хои 15 – 16 дар тибби халки хангоми муоличаи чарохати мадданок аз магори сабз истифода мебурданд. С. 1929 микробиологи англис А. Флеминг дар асоси таълимот оид ба антибиоз (зиддияти байни намудхои алохидаи микроорганизмхо), ки дар ривочи он олимон Л. Пастер ва И.И. Мечников сахми калон гузоштанд, муайян кард, ки таъсири зиддимикробии магори сабз ба моддаи махсус – пенитсиллин (онро худи магор чудо мекунад) вобаста аст. Сонитар пенитсиллини холис (бензилпенитсиллин)-ро аввал тадкикотчиёни англис Г. Флори ва Э. Чейн (1940), баъд олимони шурави З.В. Ермолйева ва Т.И. Балезина (1942) хосил намуданд. Кашфи пенитсиллин ба чустучуи А.-и нав ва истехсоли онхо ибтидо гузошт.
Манбаи асосии истехсоли А. намудхои гуногуни занбуруг ва баъзе бактерияхо (аз онхо чандин хазор моддахои дорои антибиотик хосил карда шудаанд) мебошанд. Вале маълум шуд, ки баъзеи ин моддахо нафакат барои ангезандаи бемори, балки барои организми одам низ захрноканд. Бинобар ин, ба сифати дору факат хамон А.-е истифода мешаванд, ки фаъолияти зиддимикробиашон баланд, дар мухити биологи устувор ва дарачаи захрнокиашон барои организм паст бошад. Пенитсиллин, стрептомитсин, тетрасиклин, левомитсетин, олеандомитсин, эритромитсин ва г. аз чумлаи чунин А. буда, фаровон истифода мешаванд.
Кашфи А. барои бомуваффакият муолича кардани кариб хамаи беморихои маълуме, ки ангезандаашон микробхоанд, имкон дод. Вале А. таъсири унверсали надоранд ва хар яке аз онхо факат ба микробхои муайяни ба он хассос таъсир мерасонад. Мас., пенитсиллин хангоми газаки шуш, уфунат, амрози римноки пуст, дарди гулу ва диг. беморихое, ки микробхои фасодовар меангезанд, шифобахш буда, аммо ба бактерияхои касалии сил ва исхоли хунин таъсир намекунанд; хангоми сироятхои руда левомитсетин ва тетрасиклин, дар мавриди баъзе беморихои занбуруги бошад, нистатин ва леворин таъсир мерасонанд. А. ба беморихои вируси (мас., гепатити вируси) умуман таъсир намекунанд.
А. дорухои босамар бошанд хам, ба организми бемор метавонанд таъсири манфи расонанд. Мас., стрептомитсин, канамитсин ва неомитсин шунавоиро паст ва фаъолияти чихози мувозанатро халалдор месозанд; левомитсетин ба хун, тетрасиклин бошад ба кори чигар таъсири нохуш мерасонад. Дар баъзе ашхос истеъмоли А., хусусан пенитсиллин (хатто микдори хеле ками он), боиси хориши пуст, саглес, обварам, экзема ва г. мешавад (ниг. Аллергия). Андешидани тадбирхои фаври (агар муолича тахти назорати духтур гузаронда шавад) имкон медхад, ки чунин ходисахо бартараф карда шаванд. Хангоми худмуоличаи бенизом ва бардавом аллергияи доруи шакли музминро мегирад. Дар баъзе холатхо мумкин аст, ки микдори ночизи пенитсиллин ё ягон А.-и дигар (хусусан хангоми бо як дору такроран муолича намудан) боиси сактаи анафилакси (ниг. Анафилаксия) гардад. Дар хар холати мушаххас раво ё нораво будани ин ё он антибиотикро донистан лозим аст. Мас., мавриди хомилаги, экзема, беморихои занбуруги ва диг. амрози пуст истифодаи левомитсетин, хангоми баъзе беморихои гурдаю чигар истифодаи мономитсин манъ аст, чунки онхо раванди беморихои мазкурро бадтар мекунанд. Нодуруст ва беназорат истифода бурдани А. боиси руй додани диг. ходисахои хатарнок низ мегардад. Дар натичаи истифодаи микдори нихоят ками А. ё пеш аз мухлат катъ кардани корбасти онхо, микроби беморизо, ки дар организми одам вучуд дорад, ба ин дору одат карда, устувор мегардад. Аз ин сабаб бемори ба шакли музмин гузашта, муоличааш душвор хохад шуд. Дурудароз кабул кардани дору бемории нав – кандидозро ба вучуд меорад. Хангоми он пуст, пардахои луобии дахон, руда, шуш ва диг. узвхо иллат меёбанд. Кандидоз асосан дар одамони солхурда ва кудакон ба мушохида мерасад ва муоличааш душвор аст. Танхо назорати доимии духтур имкон медихад, ки табобат бо А. босамар гузаронида хатари инкишофи микроорганизмхои устувор кам гардад, окибати номатлуби таъсири А. бартараф карда шавад.
Ад.: Лесиовская Е.Е., Фармакотерапия с основами фитотерапии, М., 2003; Майский В.В., Фармакология, М., 2004; Харкевич Д.А., Фармакология, М., 2005.
Б.А. Ишонкулова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …