Главная / Гуногун / АНГЛИЯ ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

АНГЛИЯ ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

60-уми асри XIX Англия давлати аз ҳама калонтарини саноатии ҷаҳон буд. Маҳз дар он ҷо аввалин шуда табаддулоти саноатӣ оғоз ёфт. Мошинҳои сермаҳсули англисй меҳнати ҳазорон одамонро сабук мекарданд. Фабрика ва заводҳои аввалин ҳам дар Англия сохта шуданд. Баъди Англия табаддулоти саноатӣ дар мамлакатҳои дигари тараққикардаи ҷаҳон ба амал омадан грифт.

ИМА ва Германия дар даҳсолаҳои охири асри XIX оҳиста- оҳиста ва бемайлон дар истеҳсоли маҳсулоти маъданй, химиявй ва электротехники аз “муаллими худ” Англия пеш гузаштанд. Ҳиссаи ҷаҳонии Англия дар истеҳсолоти саноатй муттасил кам мешуд.

Дар солҳои 60-ум Англия нисфи чӯяни ҷаҳониро истеҳсол мекард, вале соли 1890 ҳамагӣ 28,7 фоиз ва соли 1913 13,2 фоизи онро истеҳсол мекардагӣ шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотн дигари саноатй ва инчунин кишоварзй низ паст шудан гирифт. Ба ин ҳолат бӯҳрони иқтисодие, ки Англияро аз оғози солҳои 70-ум то аввали солҳои 90-ум фаро шрифта буд, низ сабаб шуд. Таҷҳизоти техникин корхонаҳои саноатии Англия кӯҳна шуд. Мамлакатҳои дигар бошанд, аз сабаби он ки тараққиёти саноатии онҳо дертар оғоз ёфта буд, имконият доштанд, ки дар истеҳсолот таҷҳизоти ҳозиразамони нисбат ба Англия сермаҳсултарро ба кор баранд. Аз сабаби ҷангҳои дуру дарози истилогаронааш Англия маҷбур шуд, ки бештар барои зарурати ҷанг махсулот барорад. Чунин давлат дер ё зуд дар рақобат бо давлатҳои дигар шикаст мехӯрад. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Дар охирҳои асри XIX – аввали асри XX мақоми “устохонаи ҷаҳон” аз Англия ба ИМ А ва Германия гузашт. Ин давлатҳо дар ҷаҳон мувофиқан ба ҷойҳои якуму дуюм баромада, Англияро ба ҷои сеюм фароварданд.

Дар Англия ҳукмрон гардиданн олигархияи молиявӣ. Бӯхрони иқтисодни охири асри XIX ба рафти тараккиёти Англия таъсир расонид. Дар он ҷо марказонидани сармоя ба амал омад. Иттиҳодияҳои аввалини инҳисорӣ дар саноатй химия, собунпазӣ, калобарей, истеҳсоли тамоку ва ғайра ташкил ёфтанд. Дохилшавии Англия ба давраи империализм ба пурзӯршавии ширкатҳои инҳисорӣ сабаб шуд. Ин раванд дар фаъолияти банкҳо бештар дида мешуд. Дар арафаи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ 12 банки англией то 70 фоизи сармояи банкиро дар ихтиёри худ нигоҳ медоштанд. Маҳз онҳо дар иқтисодиёт ва молияи мамлакат мақом и фармонфарморо соҳиб буданд.

Дар саноат ҳам иттиҳодияҳои гуногуни инҳисорӣ ба вучуд меомаданд. Яке аз хусусиятҳои сармоядории инҳисории англия аз он иборат буд, ки дар саноатй сабук нисбат ба саноатй вазнин ширкатҳои инҳисорӣ зиёдтар буданд. Ширкати “Каутс” дар соҳаи истеҳсоли калоба инҳисор шуда буд, ширкати “Дорнан-Лонг” дар соҳаи истеҳсоли киштӣ, ширкати “Армстронг – Уитворс” бошад, дар истеҳсоли лавозимоти ҳарбй ҳукмрон буд.

Баъзе инҳисорҳо дар мустамликаҳо барои истеҳсол кардани ашёи хом махсус гардонида шуда буданд. Дар ҳамин қатор яке аз инҳисорхои калонтарини Англия “Ширкати Африкаи Ҷанубй” меистод. Он ба истеҳсоли тиллои заминхои нопайдоканори Африкаи Ҷанубй машғул буд. Сармоядорони англис сарвати худро асосан дар банкҳо нигоҳ медоштанд. Ин ҳолат имконнят намедод, ки саноати мамлакат бо суръати тез тараққӣ кунад.

Ягон давлати дигари ҷаҳон мисли Англия дар ихтиёри эанкҳо ин қадар пули зиёд надошт. Соҳибкорони англис сармояи худро бештар ба мустамликаҳо мебароварданд. Баровардани сармоя ба мамлакатҳои дигари Европа, ИМА ва Америкаи Лотинй дар ҷои дуюм меистод.

Дар охирҳои асри XIX – аввали асри XX якшавии сармояи саноатӣ ва сармояи банкии Англия ба амал омад. Дар натиҷа дар мамлакат олигархияи молиявй ҳукмрон гардид.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …