Главная / Гуногун / АМИР МУИЗЗӢ

АМИР МУИЗЗӢ

Вай дар замони давлати муиззуддунё ва-д-дин Санҷар бинбни Маликшоҳ79 буд ва аз маддоҳони ўст. Ва Муиззӣ нисбат ба ўст ва он чӣ ўро дар замони вай аз улувви80 шаън ва рифъати81 дараҷа муяссар шуд, кам шоиреро муяссар шуда. Ва гўянд, ки се кас аз шуаро дар се давлат иқболҳо диданд ва қабулҳо ёфтанд, ки кас наёфт: Рўдакӣ дар аҳди Сомониён ва Унсурӣ дар аҳди Маҳмудиён ва Муиззӣ дар давлати Санҷариён. Ва сабаби вафоти вай он буд, ки рўзе султон аз даруни хиргоҳ тир андохт ва ў беруни хиргоҳ истода буд. Ногоҳ тир хато шуд ва бар вай омад, бияфтод ва дарҳол ҷон бидод.
Ва аз ҷумлаи суханони вай аст ин чанд байт:

Ш е ъ р

То нигори ман зи сунбул бар суман парчин ниҳод,
Доғи ҳасрат бар дили суратгарони Чин ниҳод.
Ҳар диле, к-аз саркашӣ нанҳод сар бар ҳеҷ хат,
Зери зулфи ў кунун сар бар хати мушкин ниҳод.
Ман ғуломи он хати мушкин, ки гўйи мўрча
Пойи мушколуд бар барги гули насрин ниҳод.

Ва ин чанд байти дигар аз қасидае, ки бар услуби шуарои тозизабон гуфта:

Н а з м

Ай сорбон, манзил макун ҷуз дар диёри ёри ман,
То як замон зорӣ кунам бар рабъу82 атлолу83 даман:
Рабъ аз дилам пурхун кунам, атлолро Ҷайҳун кунам,
Хоки даман гулгун кунам аз оби чашми хештан.
Аз рўйи ёри хиргаҳӣ айвон намебинам тиҳӣ
В-аз қадди он сарви сиҳӣ холӣ намебинам чаман.
Ҷое, ки буд он дилситон бо дўстон дар бўстон,
Шуд гургу рўбаҳро макон, шуд кўфу84 каргасро ватан.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …