Главная / Гуногун / Алиф Бонк – маълумоти мухтасар

Алиф Бонк – маълумоти мухтасар

Бонки Алиф – яке аз бонкҳои босуръат рушдёбанда дар Тоҷикистон. Он қаблан дар шакли Фонди амонатии хурд дар соли 2014 ташкил шуда буд ва дар тӯли 5 соли фаъолият ба шарофати ҷорӣ намудани технологияҳои муосири хизматрасонӣ тавассути CRM ва технологияҳои интернетӣ муваффақтарин ташкилоти молиявии Тоҷикистон гардид.

Бонки Алиф асосан бо қарзҳои хурд дар шакли насияи молҳо машғул аст. Бонк дар ш. Хуҷанд танҳо як филиал дорад. Мутаассифона, бонк ба зиёд кардани шабакаи филиалҳои худ дар Тоҷикистон ҳавасманд нест ва инро шабакаи хурди филиалҳояш шаҳодат медиҳад.

alifbank-1

Муваффақияти бонк дар омилҳои зерин аст:

  1. Роҳбарияти бонк дар кишварҳои Аврупо таҳсил кардаанд.
  2. Кормандони бонк асосан мутахассисони ҷавони хушмуомила мебошанд ва аз ин рӯ ба музди меҳнат каме харҷ мекунанд ва ба сиёсати роҳбарият содиқтаранд.
  3. Бонк бо қарздиҳии хурд мӯътадил кор мекунад ва ба ин васила хавфҳоро коҳиш медиҳад.
  4. Системаҳои муосири хизматрасонӣ ба мизоҷон ҷорӣ кардааст. Хусусан сӯҳбати онлайн тавассути вебсайт) ва татбиқи  системаи ихтирокардаи худии бонки таъсирбахш аст.
  5. Гурӯҳи калони мутахассисони ТИ (барномасозон) ҳамчун кормандони системаҳои оптимизатсияи бонк ва лоиҳаҳои фаръии он ба монанди (Алиф Академия, СомонТч ва ғ.)
  6. Сайти шарики худи Somon.tj бо ташрифи ҳаррӯза 100 ҳазор дорад ва он яке аз муҳаррикҳоест, ки шумораи зиёди муштариёнро ҷалб мекунад.
  7. Хеле Ҷиддӣ ба таблиғ тавассути маркетинги рақамии интернетӣ бо навори ҷолиби видеоӣ аҳмият медихад.

Ҳолатҳои номатлуб дар бонкро аз ин иборат:

  1. Дар вебсайти бонк дар бораи роҳбарият ва саҳмдорон маълумоте мавҷуд нест, ки шубҳа дар фаъолияти шаффофро нишон медиҳад;
  2. Сатҳи кофии сармоя сол ба сол коҳиш меёбад;
  3. Идоракунии корпоративӣ суст рушд кардааст ва аз ин рӯ, Бонки миллӣ барои хунукназарӣ дар ин самт дар соли 2020 ҷарима намудааст.
  4. Бонк дар минтақаҳои кишвар шабакаи филиалӣ зиёд надорад ва ин дастрасӣ ба минтақаҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистонро мушкил мекунад;
  5. Кортҳои системаҳои байналмилалӣ, ба монанди UnionPay ё Visa / Mastercard пешниҳод намекунад;
  6. Роҳбарият ва як қисми кормандони бонк дар таҳхонаи кор мекунанд, ки аз шуои офтоб он қадар баҳра намегиранд ва ин ба оқибатҳои манфии саломатии кормандони бонк оварда мерасонад
  7. Афзоиши даромади холиси солона бо суръати чандон баланд нест.

Нишондиҳандаҳои молиявии бонк

depoziti-banka kapital-banka pribl

Тамос:

Телефонҳо: (Маркази тамос) +992 48 888 1111
Қарздиҳӣ: 900
Шӯъбаи кадр: 488889824 ё 933 031 367
Паёмнависии SMS 888 882 882
Реклама 902-907878
Сомона: https://alif.tj/

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Фотех ниёзӣ 51. Нишондиҳандаи стадиони Спартак.

Раис ва муассис: Абдулло Қурбонов

Ҷойгиршавии бонк дар харита

Видеоролик дар бораи Алифбонк

Файли ҳисоботи молиявии бонк дар 3-4 соли охир зеркашӣ >>>alif_bank

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …