Главная / Гуногун / Ҳаёти мадании Муғулистон дар асри XX

Ҳаёти мадании Муғулистон дар асри XX

Баъди эълони истиқлолияти Муғулистон дар Урга ва хошунҳо мактабҳои ибтидоӣ ва миёна кушода шуданд. Онҳо барои савод баровардани насли навраси муғул ва ояндаи мамлакат хизмати босазо кардаанд.

Ҳукумати Богдо-гмэн барои омӯзиши аҳолӣ ва захираҳои табиии Муғулистон чораҳои зарурӣ меандешил. Барои самаранок сурат гирифтани ин кор он бо ёрии мушовирони рус “Кумитаи пажӯҳиши Муғулистон”-ро ташкил намуд.

Барон ташаккули шуури миллии мардуми муғул ва болоравии ҳаракати озодихоҳонаи вай омӯзиши таърихи ин давлат аҳамияти калон дошт. Бо фармони Богдо-гкм муаррихони муғул ба таълифи таърихи мамлакат оғоз намуданд. Солҳои 1918-1919 ин асар бо коми “Таърихи аз тарафи аълоҳазрат тасдиқшудаи Муғулистон” ба анҷом расид. Дар он андеша дар бораи ҳуқуқи муғулҳо барои ташкил кардани давлати соҳибистиқлоли миллии худ инъикос гардидаасг. Худи ҳамин фикр ғояи асосии асарҳои яке аз муарихони бузурггарини Муғулистони охири асри XIX – аввали асри XX Ш. Дамдин (1967 – 1937) мебошад. Ӯ дар асари асосии худ “Китоби тиллоӣ” гуфтааст, ки тараққиёти сиёсӣ ва фарҳангии Муғулистон аз замони қадим сарчашма мегирад ва он хусусиятҳои ба худ хос дорад.

mmm

Яке аз нишонаҳои пешрафти хамонвақтаи халқи муғул ташаккули зиёиёни он мебошад. Зиёиёни муғул созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии худро надоштанд. Онҳо дар атрофи нашрияҳои даврӣ муттаҳид мешуданд.

Маҷаллаи “Оинаи нав” аз моҳи марти соли 1913 то моҳи август соли 1914 ва рӯзномаи “Ахбороти пойтахт” аз моҳи сентябри соли 1915 то моҳи сентяброи соли 1920 чоп шудаанд. Аз руи мазмуни мадраки дар ин нашрияҳо чопшуда хулоса баровардан мумкин аст, ки ақидаҳои зиёиёни муғул он вақт тамоюли зиддифеодалӣ доштанд. Онҳо дар банни халқ ғояҳои маорифпарвариро ташвиқу тарғиб мекарданд. Намояндагони машҳури зиёиёни муғул Ж. Тсэвэн, Тс. Жамтсарано, Б. Жорж, Бадрахбатор ва дигарон боварӣ доштанд, ки сатҳи тараққиёти иқтисодӣ ва мадании ҷомеаро тавассути васеъ паҳн кардани маорифи муосир, қабули таҷрибаи хоҷагӣ ва сиёёни мамлакатҳои ғарб ба даст овардан мумкин аст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …