Главная / Илм / АФКАНИШОТИ ИОНЗО

АФКАНИШОТИ ИОНЗО

ionizing-radiation-400x200АФКАНИШОТИ ИОНЗО (Radiatio ionisans) афканишоте, ки дар натиҷаи таъсири мутақобилаи он бо муҳит зарядҳои электрии гуногун ҳосил мешаванд. Ҳангоми таъсири мутақобилаи А. и. бо ягон модда атомҳои электрии нейтрал ба атомҳои заряднок (ионҳо) табдил меёбанд, зеро А. и. ба коҳиш ё бо электронҳо пайваст шудани атомҳо ёрӣ мерасонад. Дар аснои аз мадор нест шудани электрон атом ба иони мусбат ва ҳангоми пайваст гаштани электрон ба иони манфӣ табдил меёбад. А. и. баъди дар с.1895 афканишоти рентгениро кашф кардани физики немис В.К. Рентген ва с. 1896 ҳодисаи радиоактивиро кашф кардани олими франсавӣ А. Беккерел маълум гардид. А. и. квантӣ (электромагнитӣ; ба он гамма-афканишот ва афканишоти рентгенӣ мансубанд) ва корпускулярӣ (аз заррачаҳои ядроии гуногун, яъне алфа – заррачаҳо, бета – заррачаҳо, нейтронҳо, протонҳо ва ғ. иборатанд) мешавад.
Дар шароити табиӣ А. и. дар натиҷаи ҷараёни физикӣ дар ситораҳо ба вуҷуд омада аз фазои коинот ба Замин ворид мешавад ва ба ҳайвоноту наботот таъсири доимӣ мерасонад. Атмосфераи Замин қисми зиёди ин афканишотро фурӯ бурда, бо ҳамин роҳ сокинонро аз таъсири зарарноки он муҳофизат мекунад. Изотопҳои радиоактивии табиӣ ва сунъӣ низ манбаи А. и. шуда метавонанд. Имконияти ҳосил кардани изотопҳои сунъии радиоактивӣ баъд аз кашфи ҳодисаи радиоактивияти сунъӣ (1934; Ф. Жолио – Кюри ва И. Жолио Кюри) имконпазир гашт. Хосиятҳои биологии А. и. имкон медиҳанд, ки он дар тиб низ барои ташхиси бемориҳо (тадқиқи рентгенологӣ, ташхиси радиоизотопӣ), муолиҷаи омос, газак ва иллатҳои дигар (шуоъшифоӣ) истифода шавад.
А. и. таъсири номатлуби биологӣ ҳам мерасонад. Чунин хосияти он ҳанӯз дар солҳои аввали кашф, хусусан баъд аз таркиши бомбаҳои атомӣ дар ш-ҳои Хиросима ва Нагасаки Япония маълум шуд.
Аз ҷониби мутахассисон – радиологҳо муттасил омӯхтани таъсири биологии А. и. имкон медиҳад, ки усулҳои самарабахш ва дар айни замон бехатари ташхис ва муолиҷаи одамон дарёфт шаванд. Ҳангоми шуоъшифоӣ интихоби манбаи афканишот аҳамияти калон дорад, чунки намудҳои гуногуни А. и. вобаста ба хосиятҳои физикиашон дар чуқурии гуногун вориди бофтаҳо мешаванд. Мас., афканишоти рентгении сустэнергия ва алфа – заррачаҳо ба пӯст ҳамагӣ то чуқурии чанд миллиметр ворид мешаванд, бинобар ин онҳоро барои табобати амрози рӯи пӯст истифода мебаранд. Афканишоти электронӣ, протонӣ ва рентгении пурзӯрро барои бо ёрии шуоъ нест кардани манбаи бемориҳои дарунӣ кор мефармоянд. Барои пешгирии таъсири номатлуби А. и. тадбирҳое таҳия шудаанд, ки ҳайати кормандонро аз шуоъзании зиёдатӣ эмин медоранд.
Шуоъхӯрии беморон ҳангоми тадқиқу ташхиси рентгенологӣ ва радиатсионӣ аз ҳадди вояи шуоъзанӣ зиёд нест ва ягон оқибати зиёновар надорад.
Дар мавриди шуоъшифоӣ асбобҳои техникӣ организми одамро аз таъсири номатлуби А. и. муҳофизат карда, тамоми энергияро ба узви иллатнок равона месозанд. Кормандоне, ки бо А. и. сарукор доранд, бо асбобҳои махсуси муҳофизатӣ таъмин карда шуда, аз имтиёзҳои муайян (рӯзи кори кӯтоҳ, маоши иловагӣ, рухсатии бардавом) бархурдоранд. Савияи дониши назариявӣ ва амалии кормандон оид ба техникаи бехатарӣ мунтазам санҷида мешавад ва онҳо ҳамеша таҳти назорати тиббӣ қарор доранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …