Главная / Илм / АЧЧИҚТОШ

АЧЧИҚТОШ

0334-1АЧЧИҚТОШ, чашмаи хунуки минералии карбонатӣ дар ноҳ. Мурғоб. Дар водии д. Аличур (13,5 км шарқтари хоҷагии «Булункӯл») дар баландии 3960 м аз с. б. воқеъ аст. Дебиташ – 0,16 л/сон., минералнокиаш 4,55 г/л, ҳарор. обаш +150С. Таркибаш аз натрий (1002 мг/л), калтсий (59,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (2214 мг/л), хлоридҳо (298 мг/л), сулфатҳо (45,0 мг/л), ангидриди озоди карбон (771 мг/л), кислотаи силитсий (77,0 мг/л), метаборат (65,0 мг/л) иборат аст. Оби чашма барои муолиҷаи илтиҳоби музмини меъда, дарди рӯдаи ғафс (колит), пешоброҳа, диабет, роҳҳои нафас нафъ дорад. Вобаста ба таркиби химиявӣ ба оби маъдании Боржоми наздик аст.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …