АБӮБАКРИ ДАҚҚОҚ, табиб ва донишманди машҳури а. 11 точик. Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар боби чаҳоруми ки- тоби худ « Чаҳор маҳола» аз забони ӯ ҳикояте овардааст ба чунин мазмун: «… табиб бояд, ки некӯэътиқод буваду амру наҳйи шаръро муаззам дорад. Ва аз олами тиб бояд, ки «Фусул»-и Буқроту «Масоил»-и Ҳунайни Исҳоқ ва «Муршид»-и Муҳаммад Закариёи Розию «Шарҳ»-и Нилӣ, ки ин мучамаллотро кардааст, ба даст орад ва муто- лиат ҳамекунад. Баъд аз он ки бар устоде мушфиқ хонда бошад ва аз кутуби васат «Захира»-и Собити Қурра ё «Мансур»-и Муҳаммад Закариёи Розӣ, ё «Ҳидоя»-и Абӯбакри Ахавайнӣ ё «Кифоя»-и Аҳмади Фарач, ё «Ағроз»-и Сайид Исмоили Ҷур- чонӣ ба истиқсои (тафтиши) тамом бар устоде мушфиқ хонад. Пас аз кутуби басо- ит (гиёҳҳои шифобахш) яке ба даст орад, чун «Ситта ашара»-и Ҷолинус ё «Ҳовӣ»-и Муҳаммад Закариё, ё «Комилу-с-синоат», ё «Сад боб»-и Бӯсаҳли Масеҳӣ, ё «Қонун»-и Бӯалии Сино, ё «Захираи хоразмшоҳӣ» ва ба вақти фароғат мутолиа ҳамекунад. Ва агар хоҳад, ки аз ҳама мустағнӣ бошад, ба «Қонун» кифоят кунад».
Ад.: Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Ча- ҳор мақола, Д., 1986.
М. Диловаров.
Машҳад, 1344; Доирату-л-маорифи бузурги исломӣ, ч. 7, Теҳрон, 1377; Мероси Оли Сомон, Хучанд, 2001; Низомии Арӯзӣ, «Чаҳор мақола» (Ба кӯшиши Муҳаммад Қазвинӣ ва Муҳаммад Муин), Теҳрон, 1333.