Главная / Гуногун / Бихиштирўй

Бихиштирўй

Якеро аз мутааллимон камоли беҳҷате буду тийби лаҳҷате ва муаллимро аз он ҷо ки ҳисси башарият аст, бо ҳусни башараи ў муомилате дошт. Заҷру тавбиҳе, ки ба кўдакон кардӣ, дар ҳақ вай раво надоштӣ ва вақте ки ба хилваташ дарёфтӣ, гуфтӣ:

На ончунон ба ту машғулам, эй бихиштирўй,
Ки ёди хештанам ар замир меояд.
Зи диданат натавонам, ки дида барбандам,
В-агар муқобала бинам, ки тир меояд.

78887Боре писар гуфт:
– Ончунон ки дар одоби дарси ман назар мефаромӣ, дар одоби нафсам низ таамул фармой, то агар дар ахлоқи ман нописанди бинӣ, ки маро он писанд ҳаменамояд, бар онам иттилоъ фармой, то ба табдили он сайъ кунам.
Гуфт:
– Эй писар, ин сухан аз дигаре пурс, ки он назар, ки маро бо туст, ҷуз ҳунар намебинам!

Чашми бадандеш, ки барканда бод,
Айб намояд ҳунараш дар назараш.
В-ар ҳунаре дорию ҳайтоб айб,
Дўст набинад ба ҷуз он як ҳунар.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …