Кабўтарро гуфтанд:
— Чун аст, ки ту ду бача беш барнаёрӣ, чун мурғи хонагӣ бар бештар аз он қудрат надорӣ?
Гуфт:
— Бачаи кабўтар ғизо аз ҳавсалаи модару падар мехўрад ва чўжаи23 мурғи хонагӣ аз мазбала24 бар ҳар роҳгузар. Аз як ҳавсала ғизои ду бача беш натавон дод ва аз ним мазбала дари рўзии ҳазор чўжа тавон кушод.
Қ и т ъ а
Хоҳӣ, ки шавӣ ҳалолрўзӣ,
Ҳамхона маку наёли бисёр.
Донӣ, ки дар ин сарочаи танг
Ҳосил нашавад ҳалоли бисёр!