Нархи қувваи барқ (свет) дар Тоҷикистон барои аҳолӣ 19,37 дирам барои 1-киловат аст ва бори охир он моҳи ноябри соли 2018 он ба андозаи 15% боло бурда шуд, ки то он дам 16,85 дирамро ташкил мекард.
Сабаби боло рафтани нархи барқ дар тавсияи ташкилотҳои молиявии хориҷӣ мебошад.
Онҳо гарон шудани асъори хориҷӣ ва бахусус доллари ИМА асос медонанд ва барои ҳамин ҳам самаранок гардонидани раванди фаъолияти соҳаи тавлиди барқ дар ҷумҳуриро зарур шуморидаанд.
Яъне агар содда карда гӯем пас: Ҳар чиқадаре, ки асъори миллӣ (сомонӣ), қурби худро нисбати доллар паст гардонад, ҳамон қадар қувваи барқ бо нархи арзон назар ба нархи барқ дар бозори хориҷӣ фурухта мешавад.
Дар ҳолати бо нархи бозори ҷаҳонӣ нафурухтани нархи барқ пас маънои аз даст додани фоидаи соҳибнашуда мегардад ва сармоягузорони хориҷӣ ба маблағгузорӣ кардани ин соҳа таваҷӯҳи зиёд зоҳир намекунанд. Бахухсус дар маблағгузорӣ кардани сохтмони НБО Роғун ва дигарон.
Нархи қувваи барқ дар давлатҳои ҳамсоя (маълумотти таҳлилӣ қиёсӣ):
Маълумот бо асъори Тоҷикистон нишон дода шудааст. Сабаб барои хубтар дарк намудан. Маълумот ба аввали соли 2019 дахл дорад
- Ӯзбекистон – 28 дирами тоҷикӣ;
- Тоҷикистон – 19,37 дирами тоҷикӣ;
- Қирғизистон – 10,5 дирами тоҷикӣ барои меъёри то 700 киловат;
- Туркманистон – 90 дирами тоҷикӣ;
- Қазоқистон – 45 дирамӣ тоҷикӣ