Миқдори арзиши хӯрока (каллория) дар тақсимоти шабонарўзии хўрокхўрӣ дар ҳар гуна намуд, чунин хел тавсия карда мешавад:
Миқдори арзиши хӯрок дар наҳорӣ (субҳона) ва дар бегоҳӣ бояд якхела (25%) бошад. Хӯроки миқдори арзишаш (каллориянокӣ) баланд дар нисфирӯзӣ (35-36%) истеъмол шуданаш лозим аст. Дуюм давраи нонушта (барои сменаи дуюм) аз ҳисоби умумии якрӯзаи миқдори арзиши хӯрока 15%-ро ташкил карданаш лозим аст, ки ин тавсияномаҳоро риоя кардан фоидаовар ба саломатӣ аст.
Номгӯи таомҳои субҳона нисфирӯзи ва таоми бегоҳиро чӣ тавр тартиб додан лозим аст. Барои ин тақсимоти хӯрок тавсия карда мешавад.