Кислотаи рибонуклеинат монанди КДН полимер буда, мономерҳои он нуклеотидҳоянд. Асосҳои нитрогении се нуклеотид низ монанди нуклео тидҳои таркиби КДН (аденин, гуанин, ситозин) мебошанд:
асоси нитрогении чаҳорум дар КРН ба ҷои тимин уратсил иштирок менамояд. Нуклеотидҳои КРН аз нуклеотидҳои КДН бо сохти ангиштобҳои таркибашон низ фарқ мекунанд; онҳо дар худ пентозаи дигар – ба ҷои дезоксирибоза-рибоза доранд. Дар занҷири КРН нуклеотидҳо бо роҳи ба вуҷуд омадани бандҳо байни рибозаи як нуклеотид ва боқимондаи кислотаи фосфати нуклеотиди дигар пайваст мешаванд.
КРН ахборро оид ба пайдарҳамии аминокислотаҳо дар сафедаҳо, яъне оид ба структураи сафедаҳо, аз хромосома ба мавзеи синтези онҳо гузаронида, дар ҳосилшавии сафедаҳо иштирок менамояд. Аз рўи структура КРН-а дусилси-
ла (дузанҷира) ва яксилсила (якзанҷира) мешавад. КРН-а дусилсила дар баъзе вирусҳо ҳамчун нигоҳдорандаи ахбори генетикӣ хизмат менамояд (нигаред ба боби 5), яъне дар онҳо функсияи хромосомаро иҷро менамояд.
Чанд навъи КРН-а яксилсила мавҷуданд. Онҳо аз рўи функсия ё мавқеи худ дар ҳуҷайра ном гирифтаанд. Қисми зиёди ситоплазмаро (то 80-90%) КРН-и рибосомӣ (КРН-р), ки дар рибосомаҳо мавҷуд аст, ташкил менамояд. Молеку-
лаи КРН-р калон нест ва тақрибан аз 3-5 ҳазор нуклеотидҳо иборат мебошад. Кислотаҳои рибонуклеинат аз дарозии қисми кислотаҳои дезоксирибонуклеинат, ки дар ҳамон қисм онҳо синтез мешаванд, вобастагӣ доранд. Молекулаи КРН-а метавонад аз 3000–30000 нуклеотидҳо иборат бошад.
КРН–и нақлиётӣ (КРН-н) 76–85 нуклеотид- ҳоро дохил карда, якчанд функсияро иҷро менамояд (расми 3.10). Он аминокислотаҳоро ба ҷои (нуқтаи) синтези сафеда расонда, мавқеи аниқи аминокислотаҳоро дар рибосома муайян мекунад.