Главная / Гуногун / Дуои ҳангоми мушоҳидаи касе дар балову мусибат

Дуои ҳангоми мушоҳидаи касе дар балову мусибат

Ҳазрати Умар (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: “Ҳар шахсе мусибатзадаеро дида, ин дуоро бихонад, дар тамоми зиндагӣ аз ҳар навъ нороҳативу парешоние, ки он мусибатзада дошт, маҳфуз мемонад»[1]. Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ал-ҳамду лиллоҳи-л-Лазӣ офонӣ ми-м-мабталока биҳи ва фаззалнӣ ало касирим-мим-ман халақа тафзило.

Тарҷума: Ҳамду ситоиш барои Худои таолост, он зоте, ки маро аз он чи, ки туро ба он мубтало кардааст, наҷот додааст. Маро бар бисёрие аз махлуқоти Худ фазилат додааст.

Тавзеҳ. Ҳазрати Ҷаъфар (paҳ) мефармояд, ки: «Ин калимотро дар дили худ бихонад, тавре ки он мусибатзада нашнавад».[2]

[1]   Ин ҳадисро Тирмизӣ ривоят кардааст.

[2]   «Ал-аҳодису-л-мунтахаб».

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …