Главная / Маданият ва санъат / Табақаи аввали дузах, ки онро ҷаҳаннам гӯянд

Табақаи аввали дузах, ки онро ҷаҳаннам гӯянд

Табақаи аввали дузах, ки онро ҷаҳаннам гӯянд

Дар шаби меъроҷ ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ҳамаи осмонҳову заминҳо ва аҷоибу ғароиберо, ки Худои таъоло халқ кардааст, ба чашми худ диданд ва аз ҷумла дӯзахҳову биҳиштҳоро низ диданд, ки мо аз гуфтаҳои ӯ ба тариқи мухтасар, иншоаллоҳ, баён мекунем.

Ҳазрати Пайғамбар (с) фармуданд: – Молики дӯзахро гуфтам, ки дӯзахи аввалро ба ман бинамо.

Молики дӯзах гуфт: – Ё Расулаллоҳ, пеш марав, ки гармои дӯзах бузург аст.

Нидо даррасид аз ҷониби Худои таъоло, ки, эй Молик, он чӣ ҳабиби мо бифармояд,  бикун ва аз гармои дӯзах матарс, ки нигоҳдорандаи Муҳаммад (с) манам.

Он гоҳ Молик (а) дасти маро бигирифт ва аз он ҷо пештар шудам. Нидо даррасид, ки ё Микоил, бархезу боду боронро бигир ва ҳамрохи худ бибар ба гирди Муҳаммад (с) халқа кун.  Он гох, Микоил (а) бо ҳафтод ҳазор фаришта равон шуда, ба мақоми Молики дӯзах расиду боду борон ба гирди ман ҳалқа кард, то бирасидам ба табакаи аввали дӯзах, ки онро ҷаҳаннам хонанд. Баландии дарвозаи вай бениҳоят баланд  буд. Дарун даромадам, дидам малоикаҳои бисёреро, ки монанди шаб сиёҳ ва торик буданд.

Ҳазрати Расули акрам (с) гуфтанд: – Моликро гуфтам, ки сифати ин дӯзахро ба ман як ба як баён кун.

Гуфт: – Ё Расулаллоҳ, тоқат наёрӣ ва ғамнок шавӣ.

Аз ҳазрати Парвардигор нидо даррасид, ки бинамои Муҳаммад (с)-ро, ҳар чизе ки аз барои душманони ӯ омода кардаам.

Молик гуфт: – Ё Расулаллоҳ, Ҳақ таъоло дӯзахро офарид ва ӯро нигоҳбонҳо офарид, ки онҳоро забония гӯянд. Агар Аллоҳ таъоло фармон диҳад яке аз онҳоро, ки овоз кунад ҳамаи махлуқот аз ҳайбати ӯ бимиранд. Ҳар яке аз онҳо чизе доранд, ки дӯзахиёнро бад-он азоб кунанд. Гурӯҳе харбаҳо доранд, ки бар сари дӯзахиён бизананд, гурӯҳе занҷирҳо доранд, ки дӯзахиёнро ба он азоб кунанд ва он занҷирҳоро бар даҳони кофирон андозанд ва аз дубури онҳо берун оранд ва ҳарду сари онро бо ҳам барбанданд, ки ҳаргиз ҷудо нашавад. Худои таъоло морону каждумон офаридааст, ки ҳар море чун шутуре ва ҳар киро он морону каждумон бигазанд ҳафтод сол аз дард бинолад, наъузу биллоҳи минҳо.

Дар дӯзах ҳамим ва зукум гуфтанӣ нӯшокиҳо офаридааст, ки агар як қадаҳ аз он бар ҳамаи дунё афкананд, заҳр шавад. Чун он қадаҳро бар даст гиранду дар пеши рӯй оранд, пусту гӯшт бирезад. Чун бихӯранд, андомҳои онҳоро реза-реза кунад. Гӯянд, ки зукум аз хор аст, чун зукум бихӯранд, даруни онҳо гарм шавад ва рӯдаҳои онҳоро хӯрдан гирад, то аз шиками онҳо берун оянд.

Агар аз он ҳамим бар сарҳои онон резанд, пӯсту гӯшт ва рагу пайи онҳо фурӯ резад ва устухони сӯхта бимонад. Аллоҳ таъоло дар дӯзах водиҳое равон кардааст, ки дӯзахиён фарёд кунанд аз азоби дӯзах ва дар он дарё ба ҷои моҳиён морон ва каждумон ҳастанд, ки ҳар рӯзе ҳафтод бор дӯзахиро бигазанд.

Оташи дӯзах чунон оташе аст, ки оташи дунё ҳар рӯзе ҳафтод бор аз Худои таъоло паноҳ бихоҳад аз он оташ. Рӯи дӯзахиён сиёҳ бошаду сӯхта ва як лаб ба cap расида ва лаби поён ба сина расида ва агар яке аз дӯзахиён cap аз дӯзах берун кунад, аз Машриқ то ба Мағриб ҳамчун шаб торик шавад ва дасту пои онҳо ба занҷир баста бошанд.

Ҷомаи онҳо қатрон буд ва кофиронро чиҳил пӯст буд ва дар миёни ҳар пӯсте оташ буд, ки бисӯзаду каждуме мегазаду море заҳр мезанад, то устухонҳои онҳо реза-реза гардад.

Нидо ояд, ки, эй Молик, аз cap азоб кун, ки мо пӯсти ӯро аз cap гирифтем. Ҳамон тавр ки Худованд дар Қуръони азимушаън фармуда аст, дузахиён фарёд хоҳанд кард ва ҳар бор, ки фарёд кунанд, чуз ноумедӣ ҷавоб наёбанд. Аввал ба забония биноланд ва он чунон бошад, ки чун дӯзахиёнро ба дӯзах дароранд, онҳоро ҳазор сол азоб намоянд. Баъд аз он ба забония биноланд, ки ӯ аз Аллоҳ таъоло дархост намояд, ки азоби онҳоро сабуктар кунад. Забония ҷавоб надиҳад, то мудати ҳазор сол. Баъд аз ҳазор сол ҷавоб диҳад гӯяд, ки оё барои шумо пайғамбар нафиристода буданд, ки шуморо огоҳ намояд?

Чун аз забония ноумед шаванд, ҳазор соли дигар дар азоб сабр кунанд. Он гоҳ ба Молики дӯзах биноланду гӯянд: – Эй Молик, аз Худои таъоло талаб кун, то моро бимиронад. Шояд, ки аз ин азоб наҷот ёбем.

Молик ҷавоб надиҳаду аз ӯ ноумед шаванд. Баъд аз ҳазор сол Молик ҷавоб диҳад, ки дар ин азоб хоҳед буд.

Чун аз ӯ ноумед шаванд, он гоҳ ба Худои таъоло биноланд,

ки, эй бор Худоё, дидему донистем, ки он чӣ пайғамбарон (а) гуфта буданд ва он чӣ олимон гуфта буданд, рост будааст. Акнун моро ба дунё бозгардон, то ибодати ту кунем, дар ин бора Худованд дар Куръон хабар додааст.

Онон ки кофир шудаанд, азоби эшон оташи дӯзах acт, ки ба поён нарасад, то бимиранд ва тахфиф наёбад, то осуда шаванд. Ин гуна ҳар кофири лаҷуҷеро кайфар мекунем ва он куффор дар оташи дӯзах фарёду нола кунанд, ки, эй Парвардигор, моро аз ин азоб берун ор, то бар хилофи гузашга ба аьмоли нек пардозем.

Хитоб шавад: оё шуморо умре мӯҳлат надодем ва Расул бар шумо нафиристодем, то ҳар ки қобили тазаккури панд шунидан аст, мутазаккир шавад? Пас имрӯз бичашед, ки ситамгоронро ҳеҷ наҷотдиҳанда нахоҳад буд.

Баъд аз ҳазор сол ҷавоб ояд, ки дур бошед ва бо ман сухан магӯед ва маро нахонед.

Баъд аз он ҳама гунгу кӯр шаванд ва ҳеҷ набинанд, ки бад- он биёсоянд ва ҳеҷ нашунаванд, ки бадон шод шаванд. Навмед шаванд, ки дигар ҳеҷ умеди онҳо намонад, наъузубиллоҳи минҳо.

Молик гуфт:- Ё Расулаллоҳ, уммати гунахгори туро дар ин табақа ду чиз нест: рӯи онҳо сиёҳ набошад ва газидани мору каждум набошад, таоми зукум ва шароби ҳамим набувад ва либоси қатрон набувад ва ҷовидон набошанд дар дӯзах. Номаи онҳо ба дасти чап набувад.

Фармуданд ҳазрати Пайғамбар (с): – Чун аз ин чо пештар шудам, ғулғула ва бонге шунидам, ки ҳаргиз инчунин шӯру ғавғо нашунида будам. Пурсидам, ки ин чӣ шӯру ғавғост?

Гуфт: – Ё Расулалоҳ, ғулғулаи оташи дӯзах аст, ки ҳафтод гурӯҳро азоб мекунанд.

Гуфтам: – Ё Молик, онҳо кадом гурӯҳанд, ки дар азоб  гирифтор мебошанд?

Гуфт: – Золимону бахилону рибохорон ва ҳамсояозорон, қиморбозон, кабӯтарбозон,шатранҷбозон,дуруғгӯён,қасам ба дурӯғхӯрдргон, бенамозон, бенамозон, рӯзахӯрон, ғайбаткунандагон, зинокорон, ҳаромхӯрдагон, суханчинон, такабуркунандагон, беҳаёҳо, подшоҳони беинсоф, моли ҳаром ҷамъкунандагон, ҷоҳилон, каҳ-қаҳа хандакунон, шаробхӯрон, ливотакунандагон, буғзкунандагон, ҳасадкунандагон, шаробфурӯшон, офтобпарастон, ҷодугарон, бадмазҳабон, кофирон, говпарастон. Ин тоифаҳо азоб мекунанд.

Чун ин сухан бишунидам, дар гиря шудам, Ҷабраил (А) гуфт: – Ё Расулаллоҳ, ба ҷониби дасти рости худ назар кун чун назар кардам, се қавмро дидам. Якеро рӯй чун рӯи саг буд, дуюмро рӯй чун рӯи хар буд, сеюмро рӯй ба монанди хук буд. Онҳоро ба занҷирҳои оташин баста азоб мекурданд.

Гуфтанд: – Эй молик, инҳо кадом қавманд, инчунин азоб мекунанд?

Молик гуфт: – Ё Расулаллоҳ, онҳое, ки рӯи саг дорандҳамр хӯранд ва онҳое, ки рӯи хук доранд, рибохӯронанд. Инҳо, ки рӯи хук доранд, озор диҳандагони падару модаранд, ки бо ин азоб гирифторанд.

Молик як парда бардошт, гуфт: – Эй ҳабиби Худо, нигоҳ кун.

Назар кардам аз ҳайбати он беҳуш шудам. Чун ба ҳӯш омадам, назарам ба дасти чап афтод, дида, ки дар табақаи аввал водӣ кӯҳи оташ меҷӯшиду мехурӯшид. Овози он водӣ бар гӯшам меомад. Морону каждумон андар он монанди шутурон калон буданд.

Гуфтам: – Ё Ҷабраил (а), умматони маро аз ин водӣ насиб ҳаст?

Гуфт: – Ё Расулаллоҳ, ин водӣ насиби касе аст, киба Худои таъоло шарик оварда бошад ва ба ту имон наёварда бошад.

Расулаллоҳ (с) фармуданд, ки чун аз ин ҷо пештар шудам, фариштагонро дидам, ки ба қавме вобаста буданд ва онҳоро бо занҷирҳо ва қулфҳо мекашиданд. Бонги онҳо монанди барқ ва ба дасти ҳар яке гурзи оташин буд, ки агар онро ба кӯҳ зананд, сурма шавад. Онҳоро ба он гурзҳо мезаданд ва мегуфтанд, ки Худои шумо кист ва пайғамбари шумо кист?

Онҳо мегуфтанд, ки намедонем.

Он фариштагонро гуфтам, ки инҳо чӣ касонанд?

Гуфтанд, ки инҳо касонеанд, ки дар дунё рӯзи қиёматутазоби дӯзах ва неъматҳои биҳишту пули сироту тарозӯи аъмол ва зинда шудани баъд аз маргро қабул надоштанд.

Фармуданд ҳазрати Пайғамбар (с), ки дар дӯзах қавме дидам, ки лабҳои онҳоро мебуранд.

Гуфтам, – Инҳо кианд?

Ҷабраил (а) гуфт: – Инҳо донишмандони уммати ту мебошанд, ки дурӯғ гӯянд.

Фармуданд, ки гурӯҳе дигарро дидам, ки рӯи онҳо сиёҳ ва чашмонашон кӯр буд.

Гуфтам: – Инҳо киёанд?

Гуфт: – Онҳоянд, ки чашм аз ҳаром бознадоштаанд.

Гуфтанд Пайғамбар (с), ки гурӯҳе дидам, ки чашмҳояшон кабуду рӯйҳояшон сиёҳ ва лабҳои поёнашон ба сина афтода ва лабҳои болояшон бар пешонӣ часпида дар азоб афтида буданд ва овози хару гов мекарданд.

Гуфтам:  – Инҳо киёанд?

Молик гуфт: – Сурудхонону шоиронанд, ки аз барои дунё мардумонро таъриф мекарданд.

Фармуданд Расулаллоҳ (с): – Гурӯҳе дидам, КИ                    оташин ба синаи онҳо ниҳода ва ҷомаҳои қатрон пӯшонидава онҳоро азоби сахт мекарданд.

Гуфтам: – Инҳо киёанд?

Молик гуфт: – Ё Расулаллоҳ, инҳо касонеанд, ки бо овози чангу рубобу танбӯр кафкӯбӣ карда, хурмандона рақс мекарданд.

 

Фармуданд Расулуллоҳ (с): – Гурӯҳеро дидам, ки онҳоро дар оташ нагунсор меандохтанд.

Гуфтам: – Инҳо киёнанд?

Гуфт:  Касоне, ки тоату ибодати бо риё кардаанд, яъне барои нишондодан ба мардум.

Фармуданд, ки дар он ҷо мардеро дидам, ки аз даҳону биннии ӯ оташ бармеомад. Пурсидам, ки ин кист?

Молик гуфт: – Ин марде аст, ки чун аз хона бармеомад, дурӯғ мегуфт.

Дигареро дидам, ки дар ҷӯи хун шиноварӣ мекард. Гуфтам: – Ин кист?

Молик гуфт: – Ё  Расулаллоҳ, ин олимест, ки илми худро аз бародарон дареғ доштааст ва ба илми худ амал накардааст. Марди дигареро дидам, ки забони оташ дар даҳону наълайни  оташин дар пой ва тоҷи оташин бар cap ва ҷомаи оташин дар бар.

Гуфтам: – Ин чӣ гуна касеаст?

Гуфт: – Ин марди дузабона аст, яъне мунофиқ.

Дигареро дидам, ки ӯро аз забонаш овехтаанд ва ҳад мезаданд.

Гуфтам, ки ин кист?

Молик гуфт:  Ин мардест, ки зану фарзанди худро беваҷҳе дашном додааст.

Занеро дидам, ки кӯру гунгу кар буд зане буд, ки фарзанд аз зино оварда ва бо шавҳари худ гуфта, ки аз они туст. Ва зани дигареро дидам, ки забони ӯро аз паси сари ӯ кашида буданд, зане буд, ки ӯ фарзанд аз зино оварда буд ва қасам ба дурӯғ хӯрда буд, ки ин фарзанди ман аз зино нест.

Фармуданд ҳазрати Пайғамбар (с): – Бояд, ки инчунин занон тавбаи насӯҳ кунанд, то тавбаи онхо қабул афтад ва аз оташи дӯзах худро нигох доранд.

Тавбаи насӯҳ он аст, ки дигар дубора ба он кори зишт

барнагардад ва чун он гуноҳ ба хотираш ояд, сахт пушаймон шавад.

Биҳиштиён аз гунаҳгорон савол кунанд, ки чӣ чиз даровард шуморо дар дӯзах?

Савол аз барои сарзаниш бошад. Ҷавоб гӯянд дӯзахиён, ки мо дар дунё намоз намехондем ва мискинонро таъом намедодем ва дар дунё ба корҳои ботил машғул будем, омадани рӯзи қиёматро дурӯғ медоштем, то ин ки маргамон омад, пас яқин шуд, ки рӯзи қиёмат ҳақ будааст.

Чун осиёнро ба дӯзах андозанд, Молики дӯзах гӯяд. ки эй оташ, бигир онҳоро.

Гунаҳгорон дар он ваҳшат Аллоҳ, Аллоҳ гӯянд, оташ аз онҳо бигурезад. Молик бонг бар оташ занад, ки бигир ин осиёнро. Боз оташ қасди онҳо кунад.

Боз онҳо: Аллоҳ Аллоҳ, – гӯянд, боз оташ пас шавад. Боз Молик бонг бар оташ занаду гӯяд, ки бигир ин осиёнро. чаро нофармонӣ мекунӣ?

Оташ гӯяд: – Эй Молик, аз он рӯзе, ки Аллоҳ таъоло маро офаридааст, бо ман шарт кардааст, ки агар ба гӯяндаи Аллоҳ осебе расонӣ, бифармоям то ҳафтод ҳазор сол туро бо оташи муҳаббати дӯстон бисӯзанду хоки туро ба интиқоми бод диҳанд. Пас маро чи қудрату заҳраи он бошад, ки гирди зикр гӯяндагони Аллоҳ оям?

Боз Молик дар ғазаб шаваду бонг бар оташ занад. Нигоҳбонони дӯзах ҳама дар шӯр оянду морону каждумон сарҳояшонро бардоранд ва ба якборагӣ бонг намоянду ҳамла оранд ва аз шиддати ҳавлу тарси он, калимаи Аллоҳ гуфтан аз онҳо фаромӯш шавад ва оташ гирди онҳоро гирад. Пас ҳар якеро дар канор гирад. доду фарёд аз аҳли арасот ва аҳли пули сирот бархезад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …