Моддаи 221-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Боздоштани иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ
- Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ қарор қабул кардаанд, дар сурати шикоят ё эътироз овардан нисбат ба қарори эътибори қонунӣ пайдонамуда иҷрои ин қарорро то баррасии шикоят ё эътироз бозмедоранд. Дар бораи боздоштани иҷрои қарор таъинот ё қарор бароварда, ҳангоми зарурат он фавран ба мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) фиристонида мешавад, ки ин таъинот ё қарорро иҷро менамояд.
- Эътироз овардан нисбат ба қарори ҳабси маъмурӣ ё боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият иҷрои ин қарорро бознамедорад.