Моддаи 152-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Огоҳ кардани тарафҳо аз шикоят ва эътирози пешниҳодшуда
- Дар хусуси шикоят ва эътирози воридшуда судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки қарор баровардаанд, шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда, ҳимоятгар, ҷабрдида ё намояндаи ӯ, инчунин намояндагони қонунии онҳоро, агар эътироз ё шикоят ба манфиати онҳо дахолат кунад, огоҳ намуда, мефаҳмонанд, ки онҳо ҳуқуқ доранд, бо шикоят ё эътироз шинос шаванд ва ба таври хаттӣ эродҳои худро ба шикоят ё эътироз пешниҳод кунанд.
- Бо хоҳиши онҳо суд нусхаи эътироз ё шикоятро ба онҳо месупорад.
- Эродҳое, ки нисбат ба эътироз ё шикоят расидаанд‚ ба парванда ҳамроҳ карда мешаванд.