Моддаи 36-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Прокурор
- Прокурор ҳуқуқ дорад:
– қонунӣ будани амали мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дар пешбурди онҳо қарор дорад, санҷад;
– аз мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) маводи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро талаб намояд;
– қарорҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) -ро дар хусуси рад намудан аз оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бекор намуда, маводро барои санҷиши иловагӣ ирсол намояд ё парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намояд;
– қарорҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор)-ро дар бораи оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бекор намуда, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қатъ намояд;
– парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оғоз намояд;
– ба санадҳои судӣ ва қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) нисбати парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, сарфи назар аз иштирок дар баррасии парванда эътироз оварад;
– аз рӯи қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки онро оғоз кардааст, инчунин нисбати ноболиғон эътироз оварад;
– дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок намояд, дархост пешниҳод кунад, доир ба масъалаҳои ҳангоми баррасии парванда ба миёномада хулоса диҳад;
– бо мақсади ҳалли ариза ва шикоятҳо ё ин, ки зимни санҷиши риояи қонунҳо парвандаҳои дахлдорро, ки қарорҳои онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, талаб намояд, нисбати онҳо эътироз оварад;
– доир ба масъалаҳои татбиқи чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешниҳод намояд ё эътироз оварад;
– ваколатҳои дигареро, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, амалӣ намояд.
- Дар бораи маҳал ва вақти баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки аз тарафи ноболиғ содир шудааст ё бо ташаббуси прокурор оғоз гардидааст, ба прокурор хабар дода мешавад.