Главная / Чамъият / Прокурор

Прокурор

Моддаи 36-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Прокурор 

  1. Прокурор хукук дорад:

– конуни будани амали макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури, дар пешбурди онхо карор дорад, санчад;

– аз макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) маводи парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро талаб намояд;

– карорхои макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) -ро дар хусуси рад намудан аз огози  парвандаи хукуквайронкунии маъмури бекор намуда, маводро барои санчиши иловаги  ирсол намояд ё  парвандаи хукуквайронкунии маъмури огоз намояд;

– карорхои макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор)-ро дар бораи огоз кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури бекор намуда, парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро катъ намояд;

– парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро огоз намояд;

– ба санадхои суди ва карори макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) нисбати парвандаи хукуквайронкунии маъмури, сарфи назар аз иштирок дар баррасии парванда эътироз оварад;

– аз руи карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмурие, ки онро огоз кардааст, инчунин нисбати ноболигон эътироз оварад;

– дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури иштирок намояд, дархост пешниход кунад, доир ба масъалахои хангоми баррасии парванда ба миёномада хулоса дихад;

– бо максади халли ариза ва шикоятхо ё ин, ки зимни санчиши риояи конунхо парвандахои дахлдорро, ки карорхои онхо эътибори конуни пайдо кардаанд, талаб намояд, нисбати онхо эътироз оварад;

– доир ба масъалахои татбики чорахои таъминкунандаи  пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури пешниход намояд ё эътироз оварад;

– ваколатхои дигареро, ки Кодекси мазкур мукаррар кардааст, амали намояд.

  1. Дар бораи махал ва вакти баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмурие, ки аз тарафи ноболиг содир шудааст ё бо ташаббуси прокурор огоз гардидааст, ба прокурор хабар дода мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …