Моддаи 96-и Кодекси оила. Ӯҳдадории бобою бибӣ (модаркалон) оид ба таъминоти набераҳои худ
Набераҳои ноболиғи мӯҳтоҷи ёрӣ дар сурати аз падару модари худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз бобою бибии (модаркалони) худ, ки дорои маблағи зарурӣ мебошанд, алимент гиранд.
Чунин ҳуқуқ инчунин ба наберагони корношоями болиғи мӯҳтоҷе дода мешавад, ки агар онҳо аз ҳамсар (ҳамсари собиқ) ё падару модарашон таъминот гирифта натавонанд.