Моддаи 96-и Кодекси оила. Ухдадории бобою биби (модаркалон) оид ба таъминоти наберахои худ
Наберахои ноболиги мухточи ёри дар сурати аз падару модари худ гирифта натавонистани таъминот хукук доранд ба тартиби суди аз бобою бибии (модаркалони) худ, ки дорои маблаги зарури мебошанд, алимент гиранд.
Чунин хукук инчунин ба наберагони корношоями болиги мухточе дода мешавад, ки агар онхо аз хамсар (хамсари собик) ё падару модарашон таъминот гирифта натавонанд.