Моддаи 21-и Кодекси оила. Бекор кардани ақди ақди никоҳ дар суд
- Ақди никоҳ аз тарафи суд дар сурати фарзандони ноболиғ доштани зану шавҳар, ба истиснои ҳолатҳои дар Ѕонуни Їуміурии Тоїикистон “Дар бораи баѕайдгирии давлатии асноди іолати шаірвандњ пешбинигардида ё дар сурати ба бекор кардани ақди никоҳ розӣ набудани зан ё шавҳар, бекор карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
- Ақди никоҳ ба тартиби судӣ, инчунин дар ҳолатҳое, ки зан ё шавҳар бо вуҷуди мухолиф набуданашон аз бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ саркашӣ менамояд (ариза додан намехоҳад ё барои сабти бекор кардани ақди никоҳ ҳозир намешавад ва ғайра), бекор карда мешавад.