Моддаи 312-и Кодекси Меҳнат. Кафолатҳо дар ҳолати пеш аз муҳлат қатъ кардани шартномаи коллективӣ
- Агар иҷрои шартномаи коллективӣ мушкил гардад ё бо сабаби азнавташкилдиҳии (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) ташкилот ё тағйир ёфтани намуди фаъолияти он идома додани амали он ғайриимкон бошад, соҳибмулк бояд ҳамаи имтиёзҳои инфиродии кормандони дар шартнома муайянгардидаро нигоҳ дорад.
- Дар муддати се моҳ аз рўзи гузаштани ҳуқуқи соҳибмулкии ташкилот ба соҳибмулки нав, дар байни ў ва намояндагони кормандон шартномаи коллективии нав баста мешавад ва то баста шудани он ҳамаи муқарраротҳои шартномаи коллективии қаблан амалкунанда риоя карда мешаванд.
- Дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилот то ба охир расидани муҳлати амали шартномаи коллективӣ соҳибмулк ё мақомоти ваколатдори таъсисдиҳандаи ташкилот уҳдадоранд, ки ба кормандон дар давоми муҳлати барҳамдиҳӣ маблағи барои ҳалли масъалаҳои инкишофи иҷтимоии коллектив, имтиёзҳои инфиродии дар шартномаи коллективӣ пешбинишударо пардохт намоянд.