Моддаи 312-и Кодекси Мехнат. Кафолатхо дар холати пеш аз мухлат катъ кардани шартномаи коллективи
- Агар ичрои шартномаи коллективи мушкил гардад ё бо сабаби азнавташкилдихии (муттахид, хамрох, таксим, чудо кардан, табдил додан) ташкилот ё тагйир ёфтани намуди фаъолияти он идома додани амали он гайриимкон бошад, сохибмулк бояд хамаи имтиёзхои инфиродии кормандони дар шартнома муайянгардидаро нигох дорад.
- Дар муддати се мох аз рузи гузаштани хукуки сохибмулкии ташкилот ба сохибмулки нав, дар байни у ва намояндагони кормандон шартномаи коллективии нав баста мешавад ва то баста шудани он хамаи мукарраротхои шартномаи коллективии каблан амалкунанда риоя карда мешаванд.
- Дар холати бархамдихии ташкилот то ба охир расидани мухлати амали шартномаи коллективи сохибмулк ё макомоти ваколатдори таъсисдихандаи ташкилот ухдадоранд, ки ба кормандон дар давоми мухлати бархамдихи маблаги барои халли масъалахои инкишофи ичтимоии коллектив, имтиёзхои инфиродии дар шартномаи коллективи пешбинишударо пардохт намоянд.