Моддаи 159-и Кодекси Меҳнат. Шаклҳои пардохти музди меҳнат
- Музди меҳнат бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
- Бо розигии корманд ба ивази пардохти пулӣ қисман ба пардохти аслӣ (шакли омехтаи пардохт) роҳ дода мешавад, вале он аз 20 фоизи маблағи умумии музди меҳнати якмоҳаи ў зиёд буда наметавонад.
- Пардохти аслӣ ба ҷойи пардохти пулӣ бояд ба арзиши пулии музди меҳнат баробар буда, барои истеъмоли шахсӣ мувофиқ ва ба корманд ва аҳли оилаи ў фоиданок бошад.
- Музди меҳнати аслиро бо молу ашёе, ки муомилоти озоди онҳо тибқи номгўйи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ шудааст, пардохтан мумкин нест.
- Пардохти музди меҳнат дар шакли уҳдадориҳои қарзӣ, забонхатҳо ва купонҳо манъ аст.