Главная / Илм / ВАКУУМ-ЭКСТРАКСИЯ

ВАКУУМ-ЭКСТРАКСИЯ

vakuum-ekstraksiyaВАКУУМ-ЭКСТРАКСИЯ, яке аз роххои амалиёти чаррохии акушери. Хангоми В.-э. кудакро тавассути вакуум-экстрактор аз сараш дошта берун меоранд. В.-э. дар вакти зинда будани тифл ба чо оварда мешавад. В.-э.-ро дар мавриди нафастанг шудани кудак, заиф будани нишонахои таваллуд ва диг. ночурихо истифода мебаранд. Шарти асосии В.-э. пурра боз шудани гарданаи бачадон ва чониби кос чойгир будани сари кудак аст. В.-э. бидуни наркоз сурат мегирад.
В.-э. хангоми номувофикатии сари тифл бо коси модар, кач чой гирифтани сар, чалла (норасида) будани кудак (камтар аз 30 хафта), нефропатияи вазнин, эклампсия ва беморихои силсилаи дилу рагхо чоиз нест.
Вакуум-экстрактор аз косачахои диаметрашон гуногун иборат мебошад. Косачахо бо вакуум-насоси барки ё дасти пайваст шудаанд. Хангоми кори асбоб байни косача ва сари тифл фишори манфи ба вучуд меояд. Дар натича косача сари тифлро сахт медорад ва хангоми берун овардан аз паси худ мекашад.
В.-э.-ро духтур мегузаронад. Натичаи он барои модар зиёновар нест, вале баъзан ба гарданаи бачадон зарар мерасад. В.-э. мумкин аст боиси осеб ёфтани кудак шавад (мас., кефалогематома, иллати системаи асаби маркази ва г.). Баъди В.-э. навзод ба нигохубини мувофик ва назорати педиатр эхтиёч дорад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …