Вазорати фарханги Точикистон “Дастурамали либосхои тавсияви барои духтарон ва занони Точикистон”-ро пешниход намудааст.
Вазорати фарханг дар якчояги бо кумитахои кор бо занон ва оила, чавонон ва варзиш, макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоятхо ва шахру навохи “Дастурамали либосхои тавсияви барои духтарон ва занони Точикистон”-ро пешниход намудааст.
Тибки иттилои хабаргузории “Ховар” дастурамали мазкур, тарзи либоспуши дар вакту маконхои муайянро тавсия медихад.
Хар фард бояд бо кадом либос хузур доштани худро дар хона, назди хавли, гирду атроф, чойхои чамъияти, корхонаву муассисахо, хамоишхои гуногун донад ва худро бо тарзи дурусти либоспуши муаррифи намояд”, — гуфта шудааст дар Дастурамали мазкур.
Ба гуфтаи манбаъ, либоспушии точикон аз кадим аз дигар халкхо фарк дошта, он як чузъи таркибии фарханги милли махсуб мешавад
“Барои духтарон ва бонувон пушидани либосхои сиёх, руймоли сиёх, сатр ва хичоб, либосхои нимбарахнаи аврупои, нимдоман (миниюбка), деколте, топик, куртахои нафису тунук, ки баданро намоён мекунанд, хамчунин дар чойхои чамъияти гаштан бо калуш, дампои (шлёпка), либосхои тахпуши, хилъатхои хонапуши, ласина, шимхои танге, ки чойхои барчастагии бадан намоён мешаванд, либосхо, ки аз матоъхои синтетики тайёр шудаанду ба саломати зарар доранд, тавсия намешавад”, — таъкид шудааст дар Дастурамал.
Сабохат Махмадалиева, мудири бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи Точикистон дар сухбат бо хабаргузории “Ховар” изхор доштааст, ки дастурамали мазкур хусусияти тавсияви дошта, бо максади ба танзим даровардани тарзи либосушии милли рохандози шудааст.
Вазорати фарханги Точикистон, таъкид кардааст, ки дастурамали мазкур танхо либосхои духтаронаву занона дар бар гирифтааст ва дар оянда либосхои мардона низ дар шакли дастури алохида пешниход хохад шуд.
Инчунин, дар бештари сохахо ва бахшхои мухталиф, идораву муассиса, корхонаву коргоххо, вобаста ба шароити кор, либосхои махсус (униформа) тавсия шудааст.