Моддаи 126-и Кодекси оби Чумхурии Точикистон. Тадбирхои хифзи об аз камшави
Бо максади нигох доштани низоми мусоиди оби дарёхо, кулу обанборхо, оби зеризамини ва дигар объектхои об, пешгири намудани вайроншавии заминхо аз об, лойкашавии махзанхои об, бад шудани шароити мухити зисти хайвоноти оби, чихати кам кардани ноустувории резиши об ва гайра минтакахои хифзшавандаи оби чангалхо мукаррар карда мешаванд, ки дар он чойхо шахсони вокеи ва хукукии манфиатдор, сарфи назар аз шакли моликият, вазифадоранд тибки тартиби пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон тадбирхои зидди бодлеси, мелиоративии чангал, гидротехники ва дигар тадбирхоро андешанд.