Шохрохи Абрешим (чин. 絲綢之路, узбаки: Buyuk Ipak Yo’li, форс. جاده ابریشم, ар. طريق الحرير)—Осиёро тавассути роххои корвонгард бо Аврупо мепайваст. Рохи Абрешим дар даврони хануз то мелод аз силсилаи роххои корвонгарде иборат буд, ки дар Гарб аз Руми кадим ва дар шарк то ба дарбори салтанати Чин тул мекашид. Рохи Абрешим, ки хамчунин тавассути Эрону Бохтар ва Сугдиёни кадим мегузашт, дар хамон даврон нахустин тухмихои табодули иктисодиву фарханги байни тамаддунхои мухталифро кишта, ба рушду нумуъи хама кишвархои вокеъ дар тули ин масири тичорати мусоидат карда буд.
Накшахои Баркароркуни
Намояндагони вазоратхои роху наклиёти 19 кишвари Аврупову Осиё, бо шумули Чину Эрон, Русияву Туркия ва кишвархои Осиёи Маркази, дар Женева ба хотири эхёи Рохи Абрешим ва дигар масирхои кадими тичорат байни ин ду кора то соли 2014 ваъдаи 43 миллиард доллар сармоягузори супурдаанд.
Ин нишаст бо ибтикори ESCAP ва UNECE, кумиссиёнхои иктисодии СММ дар умури кишвархои Осиёву хавзаи укёнуси Ором ва Аврупо доир шуд.
Аммо ба фарк аз ду хазор соли пеш, ки Рохи Абрешим Осиёро тавассути роххои корвонгард бо Аврупо мепайваст, ин бор сухан дар бораи эхдоси шабакахои муосири иртиботи, ба хусус роххои нави охан мераванд.
Дар Точикистон
Точикистон ба махзи кишвари хушкаи будану дар бунбасти коммуникатсиони карор доштанаш ба эхёи Рохи Абрешим хаётан манфиатдор аст. Ба хотири пайванди бештар бо масирхои умдаи тичорати, аз чумла масирхои вокеъ дар тули Рохи кадими Абрешим, барномахое амал мекунанд, ки умдатаринхояш сохтмони хануз ниматамоми рохи Кулоб – Кулма – Карокурум ду тархи бузурги бунёди рохи мошингард ва рохи охан аз Точикистон тавассути Хироти Афгонистон то шахри Машхад, маркази тичоратии шарки Эрон аст.
Мувофикати усули дар мавриди эхдоси рохи охан байни Точикистону Афгонистону Эрон хануз дар тобистони соли 2006 дар мулокоти руъасои ин се чумхури дар Душанбехосил шуда буд ва феълан тархи эхдоси ин рох мавриди омузиши гуруххои кори карор доштааст. Бар асоси тавофуки бадастомада, карор аст, хар кишвар он кисмати ин рохи оханро, ки аз каламраваш мегузарад, худаш бисозад. Эхёи Рохи Абрешим халкаи феълан тангу бугикунандаи бунбасти иртиботиро барои Точикистон сабуктар ва фосилаи рох то бозорхои чахониро барояш камеи дигар камтар хохад кард.