Главная / Гуногун / Марди мехрубон – нахустин видео комикс ба забони точики

Марди мехрубон – нахустин видео комикс ба забони точики

“Навраси гирифтори аутизм ё дархудмондаги дар тифли ятим мемонад ва баъди гарк шудан дар хавзи оббози як муддат дучори марги клиники мешавад. Баъди начот аз ин холат ба як инсони дорои неру ва истеъдоди фавкулода табдил меёбад”.\

komiks

Ин порча аз достони Чахонгир – кахрамони аввалин комикси точикии “Марди мехрубон” аст, ки онро коргардони чавон Чайхун Насими офаридааст. “Марди мехрубон” кобилиятхои фавкулода дорад ва муборизи ашаддии ноадолатихо дар чомеа мебошад.

Суперкахрамони кудакони точик?

Дар Точикистон эчоди киссахо бар асоси комикс ё наккошихои хурд роич нест

Тимсоли “Марди мехрубон”, ки бо либосхои махсусаш то чое ба кахрамони филми маъруфи Холливуд “Одам – тортанак” шабохат дорад, ба эътимоди муаллифонаш, метавонад суперкахрамони кудакони точик шавад.

Чайхун Насими, коргардони 32-солаи точик, ки кахрамони худро бо бардошт аз филму комиксхои гарби гирифтааст, рузи 29-уми август дар сухбат бо Радиои Озоди гуфт, хамеша орзу дошт барои атфоли точик як кахрамони модерни милли офарад.

“Фикр кардам, кахрамоне бошад, ки битавонад дар масофаи чанд километр дурд дарди инсонхо ё чонваронро хис карда, начот дихад. Битавонад бо чонварону хашарот гап занад. Дарди тифлонро бо дасташ табобат кунад. Дар сайёра ноадолатиехо хаст, ки бо дасти одамони бад эчод мешавад ва мехохам кахрамони офаридаи ман тавони мубориза бо ин неруи бадро дошта бошад”, – афзуд у.

Сужаи достон чист?

Сужаи комикси Чайхун Насими аз муносибати инсон ва табиату чонварон кисса мекунад ва рисолати суперкахрамон ин аст, ки бехтарин эхсосоти инсониро дар дили онхо чой кунад.

Гузориши видеои дар инчост:

Чайхун мегуяд, офаридани комикс мисли дигар жанрхо дар Точикистон чандон роич нест, вале дар баробари хондани китоб ва тамошои филми тасвири ба зехни кудакон таъсири амик дорад.

“Масалан, дар Чопон хамаи кудакон комикс

мехрубон” — нахустин комикси точики

Чахонгири сулххох

Сенарияи комикси “Марди мехрубон”-ро низ худи Чайхун Насими навиштааст. Достон аз инчо шуруъ мешавад, ки Чахонгир — як навраси гирифтори аутизм, дар тифли ятим мемонад ва баъди марги бибиаш як оилаи амрикои уро ба фарзанди мегирад. У дар Амрико ба воя расида, дар як ширкати кайхони ба кор медарояд. Сохиби ширкат мехохад роботи начотбахшеро, ки Чахонгир сохта буд, ба роботи чанговар табдил дихад.

Чахонгири табиатан сулхчуву сулхпарвар мухолифи ин аст ва бо сарони ширкаташ вориди набарди беамон мешавад. Чайхун Насими достони пурраи комиксро ба Радиои Озоди нагуфт ва афзуд, мехохад, бинандагон худашон тамошо кунанд ва назарашонро бигуянд.

Ин хама ба бовари муаллиф, метавонад барои хар як инсон намуна бошад ва хатто барои шаклгирии эхсосхои инсони мусоидат кунад. “Аз хама мухимаш ин аст, ки “Марди мехрубон” мехрубониро ба кудакон меомузонад ва тарбия мекунад, ки мехрубони нисбат ба хама мухим аст”, – афзуд у.

Комикс дар Точикистон

Дар Точикистон эчоди киссахо бар асоси комикс ё наккошихои хурд роич нест ва аксарият танхо карикатура — расмхои хурди танзомезро медонистанд, ки тавассути мачаллахои маъруфи шуравии “Хорпуштак” ва “Крокодил” (мачаллаи русиии Шурави) нашр мешуданд. Ин мачаллахо хам созгор бо идеологияи замон офарида мешуданд.

Рустам Орифи, як рассоми чавони точик, ки дар тахияи тасвирхои комикси “Марди мехрубон” ширкат кардааст, гуфт комикс санъати вижаест, ки на факат хунари волои рассоми, балки табъи баланду дарки гайриинтизори мавзуъро талаб мекунад.

Комикси “Марди мехрубон” дар 82 сахифа ба се забон – точики, руси ва англиси давоми як сол тахия шуда, карор аст он рузи 30-юми сентябр дар Душанбе рунамои шавад. Муаллиф умед дорад, дар як озмуни байналмилалии комиксхо (чашнвораи Марвелла) кори у хам арзёби мешавад.

Исми Чайхун Насими хануз соли 2017 дар пайи ба бозор даромадани филми “Шикастнопазир” вирди забонхо шуд. Ин достони ду бародари точик аст, ки дар солхои чанги шахрванди аз хам чудо ва баъд аз солхо дар чанги дигаре дар ру ба руи хам карор гирифтанд. Яке хамчун сарбози амрикои ва дигаре хамчун чангчуи Толибон. Чайхун Насими гуфт, ки тахсилаш дар Амрико барои эчоди ин хама корхо зиёд мусоидат кардааст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

hujayra-1

Тафрикашави чист?

Тафрикашави раванди пайдоиши тафовут ва зиёд шудани сохтор ва вазифа дар байни хучайрахои алохида ва …