Главная / Илм / МИЛКИ ДАНДОН

МИЛКИ ДАНДОН

milki-dandonМИЛКИ ДАНДОН (Gingiva), луобпардаи чавфи дахон, ки решаи дандонхои чоги боло ва поёнро фаро гирифтааст. Дар коми сахт М. д. бидуни сархади аник ба луобпардаи ком мепайвандад.
М. д. бо устухонпардаи шохахои алвеолахои чогхо пайваст буда, рагу асабхои сершумор дорад. Милк дастгохи такяи дандонхо аст ва онхоро аз хар гуна осеб мухофизат мекунад. Як кисм наххои милк гарданаи дандонхоро сахт дошта меистад, кисми дигар, ки озод аст, пистонакхои байни дандонхоро ба вучуд меоранд. Роги байни дандон ва канори милк чуяк ё чайби дандону милк ном дорад.
Осебхои М. д. бинобар кобилияти баланди тачдиди доштани луобпардаи дахон зуд шифо меёбанд; факат ба осебхои калон бандина гузошта мешавад ё онхоро кук мезананд. Илтихоби М. д. ба бисёр беморихои дигар вобаста аст. М. д. аксар вакт дар мавриди периодонтит, периостит, остеомиелити чог, пародонтит ва диг. беморихо осеб меёбад. Хангоми сил, сифилис, актиномикоз, стоматит ва г. дар М. д. захмхои махсус пайдо мешаванд. Эпулис ва фиброма омосхои маъмули М. д. мебошанд. Омосхои М. д.-ро бо чаррохи дармон мебахшанд.
Ниг. низ Дахон.

С. С. Субхонов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

afandi

ЛАТИФАХО

ТУЁНА ОЯД… Шахсе ба дусташ узр овард:ч – Бубахш, ман ба туят рафта наметавонам. Вай …