Главная / Илм / Кокути дар Канзи Шифо (Китоб)

Кокути дар Канзи Шифо (Китоб)

kokuti-660x330Кокути — Ин гиёхи кухии маълум аст, ки райхони кухи мебошад. Барги баъзеаш дарозак, баъзеи дигараш гирдак аст. Ин гиёх навъхои бустони, дашти ва кухи дорад. Агар ранги баргхояш сабзи сиёхтоб бошад, онро кокутии точики (форси) меноманд. Таъми ин тунд ва хушбу аст. Гули хамаи навъхои он кабуд аст. Бехтарини хамааш баргаш майдаи дарозаки он аст. Дарозбарги он бехтар аз гирдакбарги он аст. Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Вале мизочи кокутии кухи дар гарми ва хушки зиёда аз сахрои мебошад.

Хислатхои шифобахши он: инро бихуранд, гиреххои узвхои баданро мекушояд, балгамро пароканда ва бодхоро тахлил медихад, инчунин балгамро хушк мекунад: гизохои бадхазмро сабук мегардонад, бохро меафзояд, ба хурок иштихо меоварад; шуш, меъда, чигар ва рудахоро аз балгам ва рутубатхои зарарнок пок менамояд; баромадани бухорхоро ба майна манъ мекунад, оруги балгамиро дафъ месозад; дарди дандон ва дарди суринро, ки сабабаш чамъ шудани моддахои хунук бошанд, таскин медихад; дарди хичак ва бачадонро дафъ мекунад, пешоб ва хайзро равон менамояд, инчунин бар зидди захрхо тарёк мебошад.

Кокутиро бо оби анчири тар бихуранд, дамкутахи ва сурфаро шифо мебахшад; агар бо анчири хушк бихуранд, арак меоварад ва ранги руро неку ва сара мегардонад. Давохои исхоловарро бо обе, ки дар он кокути чушонида шуда бошад, бихуранд, дар меъда хазм наёфтан ва ногувор шудани таом, бадбу гаштани гизо дар меъда ва турш шудани онро дар ин узв ба ибро меоварад; бехузур (бечо) шудани дил, дарди дил, инчунин кулинчхои боди, балгами ва дурдиро дафъ мекунад, дарди рудахоро сихат мебахшад, хамаи навъхои кирми меъда ва рудахоро (хатто кирми кадудонаро хам) хорич менамояд. Инчунин кокутиро бо асал бардавом бихуранд, низ хамин таъсирро дорад.

Кокутиро пеш аз давохои исхоловар бихуранд, ахлотро барои дафъ гаштан мухайё месозад: агар инро бо оби карафс бихуранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, душвории шошиданро ислох мекунад; агар инро бо майи пухтаги бихуранд, захрхои шавкарон, ки сиёхи захрнок аст ва афюнро аз бадан дафъ менамояд; бо сиканчабин бихуранд, зарари бачаро дар шиками модар ислох мекунад; бо турб бихуранд, дарди суринро шифо мебахшад ва гаронии баданро, ки сабабаш зиёд гаштани рутубат бошад,  дафъ месозад; бо равгани зайтун бихуранд, хамаи навъхои дарди рудахоро сихат мебахшад.

Сиркоеро, ки дар он як шаб кокути тар карда шуда бошад ё сиркоасалро (сиканчабинро), ки аз кокути, асал ва сирко тайёр карда шуда бошад, биёшоманд, агар бемор сурфа надошта бошад, барои иллатхои сипурз даво мешавад. Кокутиро бо панири нав бихуранд, баданро фарбех мегардонад.

Кокутиро хуб куфта, бо асал хамир сохта, лесида бихуранд, варами забончаи халк, варами шуш аз гарми, сурфаи тар, зарари газидани каждум ва дигар чонварони захрнокро дафъ мекунад. Кокутиро бихоянд, дарди дандонро таскин медихад ва чашмро кави мегардонад. Кокутии хушкро куфта, бо хамвазни он шакар даромехта, каф зада бихуранд, ба майна баромадани бухороти зарарнокро катъ мекунад, инчунин чашмро кувват мебахшад.

Агар инро бо таомхои душворхазм, монанди харисаи (кисели) гандум, бокило, наск, каллапоча ва гушти гусола бихуранд, хазми онхоро сабук ва осон мегардонад ва ба зуди аз меъда фуруд меоварад, инчунин бодхои онхоро тахлил медихад. Кокутиро бо хамаи навъхои гиёххое, ки ба чашм зарар мекарда бошад, хох гарммизоч ва хох сардмизоч бошанд, бихуранд, зарари онхоро ислох мекунад. Ва агар инро бо сирко бихуранд, бехтарин нонхурише мегардад.

10,5 грамм кокутии хушкро куфта, бо асал бихуранд, газидагии каждум ва дигар чонварони захрнокро шифо мебахшад. Кокути ва зираро куфта, як шаб дар сирко тар намуда, баъд он сиркоро дар дахан гардонанд, дарди дандон ва дарди гулуро шифо мебахшад. Оби кокутии тарро ба чашм кашанд, гули чашм ва шабкуриро дафъ мекунад. Ин обро бо равгани савсани кухи даромехта дар бини бирезанд, моддахои бегонаи бисёри тармизочро аз майна дафъ мекунад. Агар ин оби кокутиро нимгарм дар гуш чаконанд, гаронии гушро ислох мекунад ва бо шир даромехта бичаконанд, дардашро таскин медихад.

kokuti-2-300x300Кокутиро куфта, бо асал хамир сохта гузошта банданд, варамхои сахт, иркуннасо (радикулит) ва дарди суринро шифо мебахшад; инро бо равгани зайтун ва зира сиришта гузошта банданд, нофи беруномадаро ислох мекунад ва боди даруни ин узвро тахлил медихад; инро бо орди. гандуми тафсон хамир сохта гузошта банданд, варамхои балгами, яъне омосхои мулоими сардро тахлил медихад; агар бо гандуми куфта сиришта гузошта банданд, дарди суринро дафъ мекунад.

Кокутиро пухта дар хаммом гузошта банданд, кутур, хориш, зардпарвин ва бодхоро дафъ мекунад. Агар кокутиро дуд кунанд ё онро пахн намоянд, чонварони зарарнок аз он чо мегурезанд. Як микдор шоххои кокути, хамин микдор челонро дар чор баробари хар ду об то чоряки об мондан бичушонанду он обро соф карда биёшоманд, хуни гафсгаштаро соф ва ракик мегардонад.

Гули кокутиро биёшоманд, моддаи савдо ва балгамро бо исхол дафъ менамояд, вале дар ин бобат заифтар аз талхшувок аст. Чун 9 грамми онро бо сирко ва намак биёшоманд, савдо ва балгамро бо исхол дафъ мекунад, инчунин пешоб ва хайзро равон месозад. Оби гули тару тозаашро дар офтоб кивом карда бихуранд, варами мушакхои ду тарафи забон, забончаи халк, инчунин чушиши (пухтани) даханро сихат мекунад.

Аз гули кокути бо шакар ё бо асал мураббо тайёр карда, 9 грамм аз он ё аз гулкандаш хамин микдор биёшоманд, захрхоро аз бадан дафъ мекунад ва беморихои хунукмизочро ба зуди шифо мебахшад. Чун шаб вакти хоб аз ин мураббо 4,5 грамм бихуранд, ба ин мудовамат намоянд, ба майна баромадани бухорхои зарарнок ва рехта шудани зардобро ба даруни гавхараки чашм манъ мекунад, зехнро кувват мебахшад ва ранги руйро сара мегардонад.

Аз гул ва баргхои кокути равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Гул ва барги онро дар соя хушк карда, аз он як микдорро дар шаш баробари он оби ширин як шабонаруз тар карда, баъд онро то чоряки об мондан бо оташи мулоим мечушонанд. Сони хуб молида, аз матоъи бофтаи зич гузаронида соф менамоянду дар зарфе аз болои он об ду баробараш равгани зайтун андохта, дар оташи паст то тамом бухор шуда рафтани об мечушонанд. Агар равган аз чуш монад, ин аломати тамом шудани об аст. Хамин равгани кокути хисоб меёбад. Вале эхтиёт кунанд, ки равган дог нагардад, барои ин хангоми аз чуш мондани он зуд аз оташ фуруд оваранд.

Аз ин равган хар руз як бор як кошуки ошхури биёшоманд, иллатхои сардмизочи монанди фолич, кач шудани руй, ларзак, суст ва нотавон гаштани аъзо, дардхои пушт ва бугумхо, хусусан кулинч, ки варам ва дарди рудахои гафс аст, беморихои атрофи меъда ва рудахоро шифо мебахшад — дар ин бобат бехтар аз дигар равганхост.

Хислатхои давоги дар тухмаш кавитар аз барги он аст: агар инро бихуранд, гиреххоро мекушояд, зардпарвинро дафъ мекунад, бохро ба харакат меоварад. Агар инро бихоянд, дарди дандонро таскин медихад. иштихои таомро мекушояд. Агар инро дар нон дохил намоянд, зарархои хурокро дафъ менамояд, барои барангехта шудани бохи одамони сардмизоч ёри мерасонад. Вале ба дарун истеъмол кардани кокути ба шуш зарар дорад, давои ин зиёнаш сирко хурдан аст. Микдори як бор хурдан аз гиёхи кокути дар як руз то 22,5 грамм аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …