Главная / Чамъият / Карзгирии давлати ва карзе, ки аз чониби давлат кафолат дода мешавад

Карзгирии давлати ва карзе, ки аз чониби давлат кафолат дода мешавад

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи карзгирии давлати ва карзе, ки аз чониби давлат кафолат дода мешавад

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1999, №12, мод. 326)

Конуни мазкур муносибатхоеро, ки дар рафти карзгирии давлати аз чониби макомоти ваколатдори Чумхурии Точикистон ва карзгирии гайридавлатиеро, ки аз чониби намояндагони Чумхурии Точикистон бо таъмини кафолати давлати ба вукуъ мепайванданд танзим намуда, инчунин чараёни идора намудани карзи давлати ва карзи бо кафолати давлати гирифта шударо таъмин менамояд.  

Боби I. Мукаррароти умуми  

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур чунин мафхумхо истифода карда мешаванд:

1) пули карзи давлати – карзе, ки карзбардори он Хукумати Чумхурии Точикистон мебошад;

2)карзи давлати – маблаги гирифташуда ва бозпардохт нагардидаи пули карзи давлати дар мухлати мукаррар гардида;

3) кафолати давлати – ухдадории Хукумати Чумхурии Точикистон дар назди карздиханда чихати пурра ё кисман пардохт намудани карз дар холати аз чониби карзбардор-намояндаи Чумхурии Точикистон пардохт нагардидани маблаги карз дар мухлати муайяншуда;

4)карзи аз чониби давлат кафолат додашуда – маблаги дар мухлати муайян гирифта шуда ва бозпардохт нагардидаи пули карзи гайридавлати, ки кафолати давлати дорад;

5) пули карзи аз чониби давлат кафолат додашуда – пули карзи гайридавлатие, ки барои он кафолати давлати вучуд дорад;

6) созишнома (карордод) оиди пули карз – хуччате, ки дар он муносибатхои хукуки дарч гардидааст ва мувофики он карзбардор маблаги карзро мегирад ва дар назди карздиханда ухдадории бозпардохти карз, додани бахрабардори, инчунин дигар бозпардохтхои алокаманд бо пули карзро дорад;

7) андозаи карзи давлати – маблаги дар бучети давлати ба накша гирифташаванда ва дар соли мувофик муайян гардида ва гирифташуда, вале бозпардохт нагардидаи пули карз, ки набояд аз карзи хакикии давлати дар охири соли молияви зиёд бошад;

8) андозаи додани кафолати давлати – маблаги муайяншуда ва тасдик гардида дар таркиби бучети давлати дар соли мувофики молияви, ки дар худуди он имкони додани кафолати давлати вучуд дорад;

9) андозаи карзгирии давлати – дар соли мувофик дар бучети давлати мукаррар намудани худуди хачми пули карзи давлатии аз нав чалбшаванда;

10) намояндахо (резидентхо):

а) ашхоси вокеие, ки дар Чумхурии Точикистон макони зисти доими доранд, аз чумла ашхоси муваккатан берун аз худуди Чумхурии Точикистон буда, мебошанд;

б) ашхоси хукукие, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис дода шудаанд ва ба кайд гирифта шудаанд ва дар Чумхурии Точикистон чойгиранд;

в) корхона ва ташкилотхое, ки ашхоси хукуки намебошанд, вале мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон созмон дода шудаанд ва дар Чумхурии Точикистон чойгиранд;

г) намояндагихои дипломати, тичорати ва дигар намояндагихои расмии ЧумхурииТочикистон, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон чойгиранд;

д) шуъбахо ва намояндагии намояндагоне, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон чойгиранд ва дар зербанди «б» ва «в» банди мазкур нишон дода шудаанд.

11)Гайри намояндагон

ашхоси хукуки ва вокеъие, ки намоянда намебошанд.

12) Пули карз ё карзи беруни – пули карз ё карзе, ки дихандаи он дар холати карзгири, гайринамоянда мебошад;

13) Пули карз ё карзи дохили – пули карз ё карзе, ки дихандаи он дар холати карзгири, намоянда мебошад;

14) Когазхои кимматноки давлати – варакаи карзии карзгирии давлати;

15) Барномаи сармоягузории давлати – барномаи сармоягузории васоити давлати, аз хисоби пули карз ва дороии худ дар кисматхои бартаридоштаи иктисодиёт, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.

16) Кафолати чавоби – кафолати бонки Чумхурии Точикистон, ки бар нафъи Вазорати молияи Чумхурии Точикистон, ба сифати таъмини гирифтани кафолати давлати дар Чумхурии Точикистон бар нафъи карздиханда, барои пули карзи намояндаи Чумхурии Точикистон, дода мешавад.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи карзгирии давлати ва карзе, ки аз чониби давлат кафолат дода мешавад

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи карзгирии давлати ва карзе, ки аз чониби давлат кафолат дода мешавад, ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асоснок карда шуда, аз Конуни мазкур ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон ва созишномахои байналхалкии аз чониби Точикистон эътироф гардида, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Максади карзгирии давлати

Максади карзгирии давлати аз чалб намудани воситахои зарури барои ичрои бучет ва бозпардохти карзи давлати иборат аст.

Воситахое, ки аз руи пули карзи давлати гирифта шудаанд ба хисоби бучети давлати гузаронида мешаванд ва барои ичрои бучет истифода карда мешаванд, аз чумла ба таври истифодаи бебозгашт (харочотхои бучети) ё ин ки пешниход намудан ба карзбардорони дохили (карзбардорони охирин) дар асоси бозгардонидани пули карз.

 

Моддаи 4. Андозахои карзгирии давлати, карзи давлати ва кафолатхои давлати

Андозахои карзгирии давлатии дохили ва беруни, инчунин кафолатхои давлати дар конун дар бораи бучети давлатии Чумхурии Точикистон дар соли марбута, мукаррар карда мешаванд.

Андозахо бо арзи милли ва хоричи мукаррар карда мешаванд. Андозахо дар он сурат риоя шуда ба хисоб мераванд, ки агар мушахассоти онхо бо яке аз арзхои дарчгардида мувофикат дошта бошанд.

Маблаги карзи давлатие, ки аз кафолати давлати ба карзи давлати мубаддал мегардад, хангоми баходихии андозаи мукарраршудаи карзи давлати, ба эътибор гирифта намешавад.

Дар холате, ки карзи давлатии чалбгардида барои бозпардохти ухдадорихои карзии мухлаташон расида, аз руи бозгардонии кисми асосии карзи давлати равона карда мешавад, хачми ин карзгири мутобики андозаи бозпардохти дар пеш буда, хангоми бахо додан ба риояи андозаи мукаррар гардидаи карзи гирифтаи давлати, ба эътибор гирифта намешавад.

 

Моддаи 5. Ваколати макомоти давлати дар сохаи карзгири ва идора намудани карзи давлати

Мачлиси намояндагони Чумхурии Тоcикистон:

Хукукхои ба у додаи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистонро татбик намуда, бучети давлатиро тасдик мекунад, барои додан ва гирифтани карзи давлати ичозат медихад.

Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд Хукумат):

1) хар сол, хангоми тартиб додани лоихаи бучети давлати, барномаи каразгириро дар соли оянда кабул менамояд, ки мувофики он карзгирии давлати бо назардошти сиёсати бучетии давлат ва барномаи сармоягузории давлати мавриди амал карор мегирад;

2) оид ба зарурияти чалб намудани пули карзи давлати ё пули карзе, ки аз чониби давлат кафолат дода мешавад, карор кабул менамояд;

3) тартиби бурдани гуфтушунидро бо карздихандагон, имзо намудани хуччатхои мувофикро барои гирифтани карз, гирифтан, хисоб бурдан ва истифода кардани воситахои карзи, инчунин идора намудан ва пардохт кардани карзхои гирифтаи давлатиро, муайян мекунад;

4) идора намудани карзи давлатиро ташкил мекунад;

5) дар таркиби лоихои бучети давлати барои соли молиявии навбати, маблаги карзгирии давлатии ба ин бучет дохилшаванда, андозахои карзи давлати, карзгирии давлати, андозахои кафолатхои давлатии додашаванда ва маблаги воситахои карзиро, ки барои идора кардани карзи давлати пешбини шудааст, инчунин маблаги зарурии захираи бучети, ки барои идора намудани ухдадорихои аз руи кафолатхои давлати дода шударо муайян мекунад;

6) салохияти макомоти давлатии идоракуниро дар сохаи гирифтани карзи давлати ва идора намудани карзи давлати мукаррар мекунад;

7) фаъолияти макомоти давлатии идоракуниро дар сохаи гирифтани карзи давлати ва идора намудани карзи давлати, хамоханг месозад;

8) хамчун кафили карзхои гирифташудаи гайридавлатии кафолати давлати дошта, баромад мекунад;

9) дигар ваколатхоеро, ки дар Конуни мазкур пешбини шудаанд, мавриди амал карор медихад.

Бонки Миллии Точикистон:

1) бо ризоияти Хукумат хизматрасонии техникии карзи давлатиро, амали мегардонад;

2) ба Хукумат мувофики конун карз медихад;

3) бо ризоияти Хукумат, аз номи у метавонад мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бонки Миллии Точикистон», карзи давлати бигирад.

Вазорати молияи Чумхурии Точикистон (минбаъд-Вазорати молия):

1) барномаи гирифтани карзро барои соли оянда дар асоси дурнамои тулонии рушди иктисоди бо назардошти барномаи сармоягузории давлати, тархрези менамояд;

2) ба Хукумат оиди зарурияти чалб намудани васоити карзиро пешниход ироа менамояд, хисоби карзхои гирифтаи давлатиро мебарад;

3) воситахои пулии карзхои давлатиро мегирад, мавриди истифода карор медихад ва бозгардонидани онхоро мувофики андоза ва ваколатхои аз чониби Хукумат муайяншуда, агар дар шартномахои карзгири он пешбини шуда бошад, амали мегардонад;

4) карзхои давлатиро идора менамояд;

5) ба дигар бонкхо барои хизматрасонии карзхои давлати ваколат медихад;

6) дар асоси карорхои Хукумат когазхои кимматноки давлати мебарорад;

7) дар асоси карорхои Хукумат кафолати давлати медихад;

8) дигар ваколатхои дар Конуни мазкур пешбини шударо мавриди амал карор медихад.

Хеч ягон макомоти давлати ба гайр аз Вазорати молия ва бонки Миллии Точикистон хукуки амали намудани карзгирии давлатиро надоранд.

Макомоти хокимияти давлати (хукуматхо) дар махалхо хукуки амали гардонидани карзгирии давлатиро дар чи шакле, ки набошад, надоранд.

 

Моддаи 6. Комиссияи Байниидорави оиди карзхои берунии давлати

Бо максади баланд бардоштани самаранокии назорат аз болои карзхои хоричии ба чумхури чалбшаванда, ки карзхои давлатии беруниро ташкил медиханд, ичро намудани шартхои пули карзи давлати ва ё аз чониби давлат кафолат дода шуда, аз тарафи Хукумат комиссияи Байниидорави оид ба карзхои беруни тахти раёсати Вазири молия таъсис дода мешааад. Дар хайати комиссияи Байниидорави Раиси бонки Миллии Точикистон, инчунин дигар рохбарони вазоратхо ва идорахои Чумхурии Точикистон мувофики салохдиди Хукумат дохил карда мешаванд.

Комиссия фаъолияти худро дар асоси низомномаи аз чониби Хукумат тасдик гардида, мавриди амал карор медихад.

 

Моддаи 7. Бурдани хисоби карзи давлати ва кафолати давлати барои гирифтани пули карз

Вазорати молия хамаи ухдадорихои аз руи карзи давлати гирифташуда, кафолатхои давлатии аз чониби Чумхурии Точикистон дода шуда ва карзхои гирифташавандаи кафолатнокро мувофики тартиби муайяннамудаи Хукумат ба кайд гирифта, хисоббарии хамаи онхоро чори менамояд.

Маълумотхои хисоботие, ки бояд тавсиф ва ахбори омори дошта бошанд, мувофики тартиботи мукарраршуда, ба дафтари кайди хисобдори ворид карда мешаванд.

Дафтари кайди карзи давлати ва дафтари кайди кафолатхои давлатии карзгири мунтазам аз чониби Вазорати молия тачдид карда шуда, нашр карда мешаванд.

 

Боби II. Карзгирии давлати ва карзи давлати

 

Моддаи 8. Ичро намудани ухдадорихо ва шартхои карзи давлати

Хукумат бозпардохти пурраи маблаги бахрабардори ва маблаги асосии карзи давлатиро мувофики шартхои когазхои кимматноки давлати ё созишномаи оид ба гирифтани карзро новобаста аз он ки ухдадорихо (маблагчудокунихо) дар таркиби бучети давлати дохил карда шудаанд, таъмин менамояд.

 

Моддаи 9. Шаклхои карзгирии давлати

Карзгирии давлати аз чунин шаклхо иборат аст:

1) Когазхои кимматноки давлати;

2) Созишномахо оид ба пули карз.

 

Моддаи 10. Когазхои кимматноки давлати

Ба Вазорати молия чунин хукуки истиснои дода мешавад:

– барориши когазхои кимматноки давлати мувофики мукаррароти Конуни мазкур;

– кабул намудани карор оид ба шартхои сиришта кардан ва ба фуруш баровардани когазхои кимматноки давлати дар бозор.

Бонки Миллии Точикистон мувофики конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бонки Миллии Точикистон» ва бо ризоияти Хукумат метавонад дар ташкили хизматрасонии когазхои кимматноки давлати иштирок дошта бошад.

Барориши когазхои кимматноки давлати дар шакли бесанад ва санаддор дар натичаи истифода кардани шаходатномаи пулии умуми ё шаходатномаи пулии алохида амали мегардад. Вазорати молия инчунин ваколатдор аст, ки бевосита ё тавассути намояндаи ташкилотхои хазинаи давлати сохти компютерикунонидашудаи барориши когазхои кимматноки давлатии бесанадро ба рох монад.

Барориши когазхои кимматноки давлатие, ки дар шакли гузаронидан бо сохти бесанад амали мегарданд, баробарарзиш ба когазхои кимматноки шакли санаддор мебошанд, ба истиснои он, ки барориш, бурдани хисобот амалиёт бо чунин когазхои кимматнок бо илдоваи бозпардохт, бо рохи гузаронидан (феълан дар шакли компютеришуда) ба воситаи миёнаравхое, ки вазифаи вакил ё нигохдорандаро ичро мекунанд, сурат мегирад.

Дар холати истифода бурдани шаходатномаи пулии умуми, барои тасдики барориши когазхои кимматноки давлати, чун шаходатномаи пулии ягона мачмуи элементхоияк пули карзро ифода мекунад, яъне маблаги умумии барориши як намуди муайяни бо хамон таърихи муайян барориш, мухлати бозпардохт ва гайраро дар бар мегирад. Шаходатномаи пулии умуми аз чониби Вазорати молия бароварда шуда, раками ба худ хосро мегирад ва дар амонат гузошта шуда, дар бонки Миллии Точикистон бо таърихи барориш, то бозпардохт гардидани шаходатнома аз руи расидани мухлаташ нигох дошта мешавад. Талаботи сармоягузорон, ки дар ин шаходатномаи пули нишон дода шудаанд, дар хисобхои бухгалтери ба воситаи миёнравхо дарч шуда, хамин тавр, хамчун когазхои кимматноки факат дар шакли хисоботи бухгалтери бароварда шуда ба хисоб гирифта мешаванд.

Когазхои кимматноки давлатии дар шакли санад нашр шуда, аз руи номгуи пули карз, шумораи умуми, арзиши пули, таърихи барориш ва бозпардохт мутобик карда мешаванд ва онхо метавонанд марбут ба шахси алохида ё пешниходкунанда бошанд.

Когазхои кимматноки давлатие, ки дар шакли бесанад ва санаддор бароварда мешаванд, аз руи шартхо ва холатхои барориши онхо, ки бо санадхои меъёрии Вазорати молия танзим мегарданд, муайян карда мешаванд. Аз руи шартхои истифодабариашон, когазхои кимматноки давлати метавонанд муомилоти ва гайримуомилоти (амри ё гайри амри) бошанд. Онхо метавонанд аз музояда бо дисконт, ё нархи муайянкардашуда ва ё аз руи курбноки фурухта шаванд. Вазорати молия арзиши пулии когазхои кимматнок, таърихи барориш ва бозпардохт ва хачми пешниходшавандаи онхо, инчунин мухлатхои пардохти бахрабардориро хангоми хисоб кардани онхо, муайян мекунад.

 

Боби III. Кафолати давлати аз руи пули карз

 

Моддаи 11. Кафолати давлати аз руи пули карз

Кафолати давлати, яке аз ухдадории шартноки Хукумат мувофики шартхои созишномаи кафолатнок (ухдадорихои кафолатнок) мебошад. Ухдадори факат дар он сурат мувофики шартхои кафолат, мавриди амал карор мегирад, ки агар гирандаи воситахои пулии карз, ки аз руи он кафолат дода шудааст, бозпардохти ин карзро пурра ва ё кисман, бо бахрабардории мукараршуда, мувофики мукаррароти созишнома оиди пули карз ва хуччатхои дахлдори меъёри, ичро накарда бошад.

Кафолатхои дохилии давлати аз руи пули карз ва кафолатхои берунии давлати аз руи пули карз мувофикан дар он хангом ба карзи дохили ва берунии давлати мубаддал мегарданд, ки агар Вазорати молия мувофики шартхои кафолат, маблаг ё маблагхои хисоб кардашударо аз руи пули карзе, ки кафолат дода шудааст, мувофики шартхои карзгири, адо нагардида, муайян намояд. Ин муайянкуни аз хулосаи хаттии Вазорати молия иборат буда, оид ба зиммаи Хукумат гузоштани ичрои ухдадории пардохти пули карзро, мувофики кафолати давлатии додашуда, тасдик мекунад.

 

Модддаи 12. Ваколат барои додани кафолати давлатичихати гирифтани пули карз

Дар Чумхурии Точикистон факат Вазорати молия ягона макоми ваколатдор аст, ки кафолати давлати бидихад. Кафолати давлати факат дар асоси карори хукумат, мувофики андозаи дар конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бучети давлати» дар соли мувофик дода мешавад. Тартиб ва шартхои додани кафолати давлатиро Хукумат мукаррар мекунад. Барои додани кафолати давлати мувофики тартиб ва андозаи мукаррар кардаи Хукумат хироч гирифта мешавад.

 

Модддаи 13. Талаботхои умумие, ки ба ашхоси дархосткунанда пешниход карда мешаванд

Ашхоси дархосткунанда барои гирифтани кафолати давлати ухдадоранд:

а) шахси хукуки ва намояндаи (резиденти) Чумхурии Точикистон бошад;

б) фаъолияти сохибкорро амали гардонанд;

в) сохиби дорои буда, ё кафолати чавобии шахси сеюмро, ки талаботи ба кафолати чавоби марбутро ба сифати бозгардонии пули карз конеъ гардонад, дошта бошад.

г) аз руи кафолати давлатии пештар дода шуда ухдадорихои бидуни ичро монда ва дигар ухдадорихо дар назди бучет надошта бошад.

Хукумат метавонад дигар талаботхои иловагии ба ашхоси дархосткунанда пешниходшавандаро, ки ба Конуни мазкур мухолиф набошанд, вобаста ба шартхои карзгирии гайридавлати ва дарачаи бехавфии лоихаи сармоягузори мукаррар намояд.

 

Моддаи 14. Интихоб намудани лоихахои сармоягузори барои додани кафолати давлати

Кафолатхои давлати мувофики руйхати харсола тасдиккардаи Хукумат оиди бахшхои бартари доштаи иктисодиёт, барои фарзан маблаггузори кардан аз хисоби чалб намудани карзхои гайридавлати бо кафолати давлати, дода мешаванд. Руйхати мазкур дар матбуот бояд хатман нашр карда шавад.

Интихоб намудани лоихаи сармоягузори аз чониби макоме, ки Хукумат ваколатдор намудааст, дар асоси мусобика (конкурс), мувофики тартиби муайян кардаи Хукумат, бо хулоса ва баходихии фоиданокии иктисодии лоиха амали мегардад.

Барои иштирок дар мусобикаи (конкурси) лоихахои сармоягузори, шахси дархосткунанда ба макоме, ки Хукумат ваколатдор намудааст, мурочиат мекунад.

Дар холате, ки шахси дархосткунанда эътибори карзадокунии дахлдор ва таъмини зарурии ухдадории кафолатнокро аз руи лоихаи сармоягузори дошта бошад, ё ин ки аз руи чунин лоиха кафолати чавобии мувофики шахси сейумро дошта бошад, он гох шахси дархосткунанда хукук дорад бевосита ба Вазорати молия барои гирифтани кафолати давлати мурочиат намояд.

Дарачаи эътибори карзадокуни, руйхати намояндагихои бо эътибор ва талаботхое, ки кафолатдихандагони чавоби пешниход карда мешаванд, аз чониби Хукумат мукаррар карда мешаванд.

Вазорати молия аз руи дархостхои кабул намудааш, инчунин аз руи дархостхои ворид гардидае, ки аз чониби макоме, ки Хукумат ваколатдор кардааст, хулосаи мусби доранд, аз руи шартхои маблаггузории лоиха, дар чахорчуби андозаи кафолатхои давлати хулоса дода, руйхати лоихахои сармоягузорихоеро, ки аз хисоби чалб намудани карзхои кафолати давлати дошта маблаггузори карда мешаванд, ба комиссияи Байниидорави оид ба карзхои берунаи давлати, пешниход мекунад.

Хукумат, руйхати пешниход намудаи комиссияи Байниидоравии оид ба карзхои берунаи давлатиро, дар бораи лоихае, ки аз хисоби чалб намудани карзхои бо кафолати давлати гирифташаванда маблаггузори мешаванд, тасдик мекунад.

 

Моддаи 15. Шакли кафолати давлати

Кафолати давлати бояд шакли созишномаро дар бораи додани кафолати давлати (созишномаи кафолатнок), ки байни Вазорати молия ва карздиханда баста мешавад ё ин ки хабарномаи хаттии (ухдадории кафолатнок) Вазорати молияро, дошта бошад.

Созишномаи кафолатдор аз лахзаи аз чониби тарафайн имзо гардиданаш, мавриди амал карор мегирад, агар дар созишнома чизи дигар пешбини нашуда бошад.

Ухдадории кафолатдор аз рузи дода шуданаш амали мегардад.

Созишномаи кафолатдор, ухдадории кафолатдор аз руи хар як лоихаи сармоягузори аз чониби Вазири молия ё шахси вазифаи уро ичрокунанда имзо карда мешавад.

Хамаи кафолатхои давлати мувофики тартиби мукарар намудаи Вазорати молия ба кайд гирифта мешаванд.

 

Моддаи 16. Мазмуни кафолати давлати

Дар созишномаи кафолатдор ва ухдадории кафолатдор бояд нишон дода шаванд:

1) карори Хукумат, ки мувофики он лоихаи сармоягузори дар руйхати лоихаихои сармоягузории аз хисоби чалб намудани карзхои дорои кафолати давлати маблаггузоришаванда дохил шуда бошад;

2) шахси мансабдоре, ки кафолати давлати дода мешавад;

3) маблаги умумие, ки барои он кафолати давлати дода мешавад;

4) мазмуни ухдадории асосии карзбардор аз руи карзгирие, ки кафолати давлати дорад;

5) мухлате, ки дар давоми он кафолати давлати дода шудааст.

Дар сурати дар созишномаи кафолатдор ва ухдадории кафолатдор набудани шартхои банди 1 кисми якуми моддаи мазкур ё имзо шудани онхо аз чониби шахси беваколат бо риоя нагардидани кисми чахоруми моддаи 15-и Конуни мазкур, кафолати давлати беэътибор хисоб карда мешавад.

Факат хамон хуччате кафолати давлати ба шумор меравад, ки он ба талаботи моддахои 15 ва 16 Конуни мазкур мувофик бошад.

Санадхо ё дигар хуччатхои макомотхои давлати ва ашхоси мансабдори онхо, рухсатномахо, амри хатти, супоришхое, ки созишномаи карзгири, шартхои он ва кобилияти карзадокунии карзбардорро чонибдори ва тасдик мекунад, вале ба талаботи моддахои 15 ва 16 Конуни мазкур мувофик нестанд, амали кафолати давлатиро надоранд.

 

Моддаи 17. Руёнидани воситахои пули аз руи кафолати давлати оид ба карзи гирифтаи дохили ва беруни

Баъди ба карздиханда гузаронидани маблаги карзи гирифтаи дохили ва беруни аз руи кафолати давлати ба Вазорати молия хамаи хукук ва воситахои хифзи хукукии ташкилот-карзбардори пули карзи кафолати давлатидошта мувофики созишномаи карзи мегузаранд.

Вазорати молия ваколатдор аст, ки хама гуна чорахоеро, ки дар Конуни мазкур, дигар конунхои Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд, мавриди амал карор дихад ва маблаги кафолатро, аз чумла харочоти бо он вобаста бударо бекилукол бируёнад.

 

Боби IV. Мукаррароти хотимави

 

Моддаи 18. Назорат аз болои истифодаи воситахое, мувофики созишномаи (карордоди) карзии дорои кафолати давлати гирифта шудаанд ва чавобгари барои истифодаи онхо

Барои истифодаи воситахое мувофики созишномаи (карордоди) карзие, ки ба кафолати давлати гирифта шудааст, Вазорати молия, мувофики тартиботи мукарарркардаи Хукумат назорат мебарад.

Карзбардор аз руи пули карзи гирифтаи дорои кафолати давлати дошта ва бонки кафолати чавоби дода барои мувофики максад истифода накардани воситахои карзии аз руи кафолати давлати гирифташуда ва баргардонидани воситахое, ки барои аз тарафи Вазорати молия ичро гардидани ухдадорихо аз руи кафолати давлати хангоми аз тарафи карзбардор ичро нагардидани ухдадорихои карзи истифода шудаанд, мувофики конун ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 19. Хал намудани бахсхо

Бахсхо ва ихтилофхои бо созишномаи (карордоди) оиди карзгири, баровардани когазхои кимматноки давлати, кафолатхои давлати ё дар иртибот ба фаъолияти онхо, аз чумла идора кардани карзи давлати ё карзи кафолатноки давлати алокаманд, аз руи имкон ба тарзи гуфтушунид мувофики коидахои пештар мутобик кардашудаи халли бахсхо, ки дар созишномаи (карордоди) оид ба гирифтани карз, коидахои баровардани когазхои кимматноки давлати мукаррар кардашудааст ва дар сурати вучуд надоштани чунин мукаррарот, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон хал карда мешаванд

 

Моддаи 20. Тартиби мавриди истифода карор додани меъёрхои Конуни мазкур нисбати муносибатхои хукукие, ки то дар амал татбик гардидани он ба вукуъ мепайвандад

Аз руи муносибатхои хукукие, ки то дар амал татбик гардидани Конуни мазкур ба вукуъ мепайванданд ва баъди амали гардидани он идома меёбанд, меъёрхои Конуни мазкур дар бахшхое истифода бурда мешаванд, ки мухолифи шартхои созишномахои (карордодхои) пешин имзогардида чихати пули карз ва кафолати давлатии мавриди амал карор гирифта набошанд.

 

Моддаи 21. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Вайрон кардани Конуни мазкур боиси чавобгарии бо конун мукарраршуда мегардад.

 

 

        Президенти

Чумхурии Точикистон                                     Э. Рахмонов

ш. Душанбе 11 декабри соли 1999

№886

 

 

КАРОРИ МАЧЛИСИ ОЛИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди мавриди амал карор додани Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи карзгирии давлати ва карзе, ки аз чониби давлат кафолат дода мешавад”

 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1999, №12, мод.327)

 

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистонкарор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи карзгирии давлати ва карзе, ки аз чониби давлат кафолат дода мешавад” пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон санадахои меъёрии худро бо Конуни мазкур мутобик гардонад.

 

 

Раиси Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                      С. Рачабов

ш. Душанбе  11 декабри соли 1999

№887

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …