Главная / Чамъият / КОНУН ДАР БОРАИ ХОЧАГИИ ДЕХКОНИ (ФЕРМЕРИ)  

КОНУН ДАР БОРАИ ХОЧАГИИ ДЕХКОНИ (ФЕРМЕРИ)  

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  ДАР БОРАИ ХОЧАГИИ ДЕХКОНИ (ФЕРМЕРИ)

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2016, №3, мод. 142)

Конуни мазкур асосхои хукуки, иктисоди, ташкилии фаъолияти хочагии дехкони (фермери) ва хукуку ухдадорихои аъзои онро муайян намуда, ба фарохам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти хочагидории мазкур равона шудааст.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

xojagii-dehqoni

–   хочагии дехкони (фермери) (минбаъд – хочагии дехкони) – субъекти сохибкори, ки дар он истехсол, нигохдори, коркард ва фуруши махсулоти кишоварзи ба фаъолияти шахсии як нафар ё фаъолияти якчояи гурухи шахсони вокеи дар китъаи замин ва молу мулки ба онхо тааллукдошта асос ёфтааст;

аъзои хочагии дехкони – шахрвандони Чумхурии Точикистон, ба истиснои махдудиятхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хочагии дехкони

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хочагии дехкони ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Хукук ба таъсиси хочагии дехкони ва шаклхои он

  1. Ба таъсиси хочагии дехкони танхо шахрвандони кобили амали Чумхурии Точикистон, ки ба синни 18 расидаанд, хукук доранд.
  2.  Хочагии дехкони бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз тарафи як нафар ё гурухи шахсони вокеи дар шаклхои зерин таъсис дода мешавад:

–   бе таъсиси шахси хукуки, бо шумораи аз 1 то 50 нафар аъзо;

–   бо таъсиси шахси хукуки бе назардошти шумораи аъзо.

  1.                      Хочагии дехконие, ки бе таъсиси шахси хукуки аз тарафи як нафар ва (ё) бо теъдоди аз 2 то 50 шахси вокеи дар асоси шартнома дар бораи фаъолияти якчоя таъсис дода мешавад, фаъолияти худро аз лахзаи бакайдгирии давлати ба сифати сохибкори инфироди бо сабт намудани калимахои «Хочагии дехкони» дар номи худ амали менамояд.
  2.                      Хочагии дехкони бо таъсиси шахси хукуки метавонад фаъолияти худро аз лахзаи бакайдгирии давлати ба сифати ширкат ё чамъияти хочагидори, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини гардидааст, бо сабт намудани калимахои «Хочагии дехкони» дар номи худ амали намояд.

Моддаи 4. Узвият дар хочагии дехкони

  1. Узвият дар хочагии дехкони бо назардошти талаботи зерин муайян карда мешавад:

– нисбат ба хочагии дехкони бе таъсиси шахси хукуки – дар хуччатхои бакайдгирии давлати инъикос намудани сахми замини хар як узви хочаги дар китъаи замини истифодаи якчоя ва дар шартномаи аз чониби гурухи шахсони вокеи оид ба фаъолияти якчоя ба имзорасонидашуда нишон додани хукуку ухдадорихои аъзои он (ба истиснои хочагии дехконии иборат аз як шахс);

– нисбат ба хочагии дехкони бо таъсиси шахси хукуки – дар хуччатхои бакайдгирии давлати инъикос намудани хукуки хар як муассис дар ташаккулёбии китъаи замини хочагии дехкони (агар китъаи замини истифодашаванда ба ичора гирифта нашуда бошад), хамчунин дигар дороихо (сахми молу мулки) дар асоси иктибос аз фехристи ягонаи давлатии молу мулки гайриманкул ва хукукхо ба он.

  1. Шахсе, ки дар асоси шартномаи мехнати дар хочагии дехкони хамчун корманди кироя фаъолият мекунад, узви хочагии дехкони намебошад.

Моддаи 5. Хочагии дехкони хамчун шакли хочагидори

  1. Хочагии дехкони сохтор, самти фаъолияти худ, хачми истехсол, нигохдори, коркард ва фуруши махсулот, инчунин халли дигар масъалахоро вобаста ба пешбурди хочаги мустакилона муайян менамояд.
  2. Хочагии дехкони метавонад дар ташкилотхои карзи суратхисоб кушояд ва мухру бланкахои дорои номи худро дошта бошад.
  3.  Хусусияти таъсис ва фаъолияти хочагии дехкони бо шакли интихобнамудаи муассис (муассисон) муайян гардида, бо Конуни мазкур, Кодекси гражданин Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон танзим карда мешавад.

Моддаи 6. Бакайдгирии давлатии хочагии дехкони

Хочагии дехкони бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди» ба кайди давлати гирифта мешавад.

БОБИ 2. ХУСУСИЯТХОИ ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ

ХОЧАГИИ ДЕХКОНИ БЕ ТАЪСИСИ ШАХСИ ХУКУКИ

Моддаи 7. Хусусиятхои ташкили фаъолияти хочагии дехкони бе таъсиси шахси хукуки

  1. Хочагии дехкони бе таъсиси шахси хукуки, ки аз чониби зиёда аз як шахс таъсис дода шудааст, дар асоси шартнома дар бораи фаъолияти якчоя амал менамояд, ки дар он гайр аз маълумоти пешбининамудаи Кодекси гражданин Чумхурии Точикистон, маълумоти зерин нишон дода мешавад:

– шумораи аъзо, насаб, ном, номи падари хар як узви хочагии дехкони;

– хукуку ухдадорихое, ки мачлиси аъзои хочагии дехкони ба зиммаи рохбари хочагии дехкони вогузор менамояд;

– хукуку ухдадорихои аъзои хочагии дехкони;

– тартиби баромадан ё хорич кардан аз узвият;

– тартиби кабули узви нав ба хочагии дехкони;

– молу мулк ва андозаи сахми замини узви хочагии дехкони дар китъаи замини истифодаи якчоя, ки шахси мазкур бо онхо ба хайати хочагии дехкони ворид шудааст (бо нишон додани хуччатхои тасдиккунандаи молу мулк ва андозаи сахми замин);

– тартиби даъвати мачлиси аъзои хочагии дехкони;

– тартиби халли бахсхо;

– тартиби нархгузори, фурухтани махсулоти истехсолшуда ва таксими даромад байни аъзои он;

– тартиби катъ кардани шартнома.

  1. Хангоми тагйир ёфтани шумораи аъзои хочагии дехкони ба фехристи ягонаи давлатии молу мулки гайриманкул ва хукукхо ба он ва шартномаи фаъолияти якчоя тагйиру иловахои дахлдор ворид гардида, иктибос дар ин хусус дар давоми на дертар аз як мох ба чамоати дехот (шахрак), макомоти махаллии андоз ва хифзи ичтимоии ахоли пешниход карда мешавад. 

Моддаи 8. Макомоти идоракунии хочагии дехкони бе таъсиси шахси хукуки

  1.                      Макомоти идоракунии хочагии дехкони бе таъсиси шахси хукуки инхо мебошанд:

– рохбари хочагии дехкони;

– мачлиси аъзои хочагии дехкони.

  1. Рохбари хочагии дехкони бе таъсиси шахси хукуки ба сифати макоми ичроия фаъолияти хочагии дехкониро дар доираи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон, карорхои мачлиси аъзои хочагии дехкони ва шартномаи фаъолияти якчояи аъзои хочагии дехкони ба рох мемонад.
  2. Макоми олии идоракунии хочагии дехкони бе таъсиси шахси хукуки (иборат аз 2 то 50 нафар) мачлиси аъзои хочагии дехкони мебошад.

Моддаи 9. Салохияти мачлиси аъзои хочагии дехкони бе таъсиси шахси хукуки

  1. Ба салохияти мачлиси аъзои хочагии дехкони бе таъсиси шахси хукуки мансуб мебошанд:

– ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти якчояи аъзои хочагии дехкони ва ворид намудани тагйиру иловахо ба он;

– кабули шахрвандон ба узвияти хочагии дехкони ва баровардан аз узвияти он (инчунин хангоми кабули мерос);

– интихоб ба вазифа ва аз вазифа озод кардани рохбари хочагии дехкони;

– барраси ва тасдик намудани хисоботи солона ва мухосибави;

– таксими фоидаи софи хочагии дехкони мувофики андозаи сахми замин ё китъаи замин ва молу мулки аъзои хочагии дехкони, баррасии масъалахои чуброни зарар;

– ба ичора додан ё гирифтани китъаи замин, гирифтан ё додани карз, ба гарав гузоштани молу мулк ва хукуки истифодаи китъаи замин;

– кабули карор дар бораи катъи фаъолият ва азнавташкилдихии хочагии дехкони;

– баррасии дигар масъалахои фаъолияти хочагидори, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.

  1. Узви хочагии дехкони хукук дорад дар мачлиси аъзои хочагии дехкони иштирок карда, нисбати масъалаи баррасишаванда акидаи худро иброз намояд ва овоз дихад.
  2. Мачлиси аъзои хочагии дехкони ва карорхои кабулкардаи он дар сурате салохиятнок хисобида мешаванд, агар дар мачлис на кам аз се ду хиссаи шумораи умумии аъзои хочагии дехкони иштирок дошта бошанд.
  3. Карорхои мачлиси аъзои хочагии дехкони доир ба масъалахое, ки дар кисми 1 моддаи мазкур муайян шудаанд, бо тарафдории на кам аз се ду хиссаи шумораи умумии аъзои дар мачлис иштирок дошта кабул карда мешаванд. Оид ба масъалахои дигар, аз чумла доир ба интихоби раисикунандаи мачлис, карорхо бо чонибдории аксарияти шумораи умумии аъзои хочагии дехкони кабул карда мешаванд.
  4. Карорхои мачлиси аъзои хочагии дехкони бо протокол ба расмият дароварда шуда, ба он раисикунандаи мачлис ва аъзои иштирокдошта имзо мекунанд. Ичрои карорхои мачлиси хочагии дехкони барои аъзои он хатми мебошад.

Моддаи 10. Рохбари хочагии дехкони бе таъсиси шахси хукуки

  1. Рохбари хочагии дехкони бе таъсиси шахси хукуки яке аз аъзои он мебошад, ки ба ин вазифа аз чониби мачлиси аъзои хочагии дехкони интихоб карда мешавад.
  2. Рохбари хочагии дехкони бе таъсиси шахси хукуки дорои ваколатхои зерин мебошад:

– рохбарии умуми ба фаъолияти хочагии дехкони;

– додани ваколатнома аз номи хочагии дехкони;

– намояндагии хочагии дехкони дар макомоти давлати, дар муносибат бо дигар шахсони вокеи ва хукуки;

– тибки шартномаи мехнати ба кор кабул ва аз кор озод намудани коргарони кироя;

– ба рох мондани бахисобгирию хисоботдихи дар хочагии дехкони;

– аз номи хочагии дехкони имзо кардани шартномахо ва дигар ахдхои хукуки-граждани;

– ичрои ваколатхои дигар дар доираи карорхои мачлиси аъзои хочагии дехкони ва шартномаи фаъолияти якчояи аъзои хочагии дехкони.

  1. Рохбари хочагии дехкони бе таъсиси шахси хукуки бо карори мачлиси аъзои хочагии дехкони дар холатхои зерин аз вазифа озод карда мешавад:

– бо хохиши худ;

– дар холати ичро накардан ё ба таври дахлдор ичро накардани ваколатхои худ;

– гайри кобили амал эътироф шудан;

– вафот;

– дигар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

БОБИ 3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ ВА ИДОРАКУНИИ ХОЧАГИИ ДЕХКОНИ БО ТАЪСИСИ ШАХСИ ХУКУКИ

Моддаи 11. Ташкили фаъолият ва идоракунии хочагии дехкони бо таъсиси шахси хукуки

1.Хочагии дехкони бо таъсиси шахси хукуки дар асоси оиннома ва агар муассисон зиёда аз як нафар бошанд – дар асоси шартномаи таъсиси фаъолият менамояд.

  1. Оинномаи хочагии дехкони маълумоти зеринро дарбар мегирад:

– номи хочагии дехкони;

– махалли чойгиршавии хочагии дехкони;

– максад ва намуди фаъолият;

– маълумот оид ба китъаи замини хочагии дехкони бо нишон додани хуччатхои хукукмуайянкунанда;

– маълумот оид ба хайат, ваколати макомоти идоракуни ва тартиби кабули карорхо аз чониби онхо;

– хукуку ухдадорихои аъзои хочагии дехкони;

– расмиёти кабули узви нав ба хайати хочагии дехкони ва баровардани узв аз хайати он;

– тартиби ташаккулёбии сармояи оинномави (шарикона);

– мукаррарот оид ба чавобгари аз руи ухдадорихои хочагии дехкони бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– тартиби даъвати мачлиси аъзои хочагии дехкони;

– дигар маълумоти мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Хусусиятхои ташкили фаъолият ва идоракунии хочагии дехкони бо таъсиси шахси хукуки бо тартиби мукаррарнамудаи конунугузории граждании Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

БОБИ 4. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ХОЧАГИИ ДЕХКОНИ

Моддаи 12. Намудхои фаъолияти хочагии дехкони

Намудхои фаъолияти хочагии дехкони истехсол, нигохдори, коркард ва фуруши махсулоти кишоварзи мебошанд.

Моддаи 13. Муносибатхои хочагии дехкони бо давлат

  1. Хочагии дехкони барои ухдадорихои давлат ва давлат барои ухдадорихои хочагии дехкони масъул нестанд.
  2. Зарари ба хочагии дехкони дар натичаи дахолати макомоти давлати ва шахсони мансабдори давлати расонидашуда бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон чуброн карда мешавад.
  3. Макомоти давлати ва шахсони мансабдори давлати хукук надоранд ба фаъолияти хочагии дехкони дахолат намоянд.

БОБИ 5. МОЛУ МУЛКИ ХОЧАГИИ ДЕХКОНИ

Моддаи 14. Молу мулки хочагии дехкони

  1. Ба молу мулки хочагии дехкони дарахту нихолхо дар китъаи замин, бино (иморат, иншоот), чорвои махсулдиханда ва кори, парранда, техникаи кишоварзи, техникаю тачхизоти дигар, воситахои наклиёт, асбобу анчом ва молу мулки дигари барои амали кардани фаъолияти хочагии дехкони зарур, инчунин хукуки истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он дохил мешаванд.
  2. Самара, махсулот ва даромаде, ки хочагии дехкони дар натичаи истифодаи молу мулк ва фаъолияти якчояи аъзои он ба даст меорад, даромади умуми ва ё молу мулки хиссагии умумии хар як узви хочагии дехкони ба хисоб мераванд ва дар мувофика байни онхо истифода бурда мешаванд.
  3. Хиссаи молумулкии аъзои хочагии дехкони бо таъсиси шахси хукуки дар холати вучуд доштани моликияти хиссаги бо хуччатхои таъсисии хочагии дехкони мукаррар карда мешавад. Номгуи объектхои ба таркиби молу мулки хочагии дехкони бо таъсиси шахси хукуки дохилшаванда ва тартиби ташаккули молу мулки хочагии мазкур дар хуччатхои таъсисии хочагии дехкони муайян карда мешаванд.

Моддаи 15. Сохиби, истифода ва ихтиёрдори кардани молу мулки хочагии дехкони

  1. Аъзои хочагии дехкони молу мулки худро якчоя сохиби мекунанд ва истифода мебаранд. Тартиби сохиби ва истифодабарии молу мулки хочагии дехкони ва номгуи молу мулки таксимнашаванда дар шартнома дар бораи фаъолияти якчояи аъзои хочагии дехкони бе таъсиси шахси хукуки ё дар хуччатхои таъсисии хочагии дехкони бо таъсиси шахси хукуки муайян карда мешавад.
  2. Тартиби ихтиёрдории молу мулки хочагии дехкони бе таъсиси шахси хукуки дар шартнома дар бораи фаъолияти якчоя, барои хочагии дехкони бо таъсиси шахси хукуки бошад, тибки конунгузории граждании Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  3. Молу мулки хочагии дехкони бе таъсиси шахси хукукии зиёда аз як нафар, хамчун моликияти якчоя ба аъзои хочагии мазкур тааллук дорад, агар дар шартномаи байни аъзои хочагии дехкони тартиби дигар мукаррар нашуда бошад.
  4. Хочагии дехкони бо таъсиси шахси хукуки дорои хукуки моликият ба молу мулке мебошад, ки дар натичаи фаъолияти ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолиф набуда ба даст овардааст.

Моддаи 16. Таксими молу мулк ва хукуки истифодабарии китъаи замини хочагии дехкони

  1. Хангоми баромадани узви хочагии дехкони аз хайати он шахси мазкур танхо баъди анчом ёфтани соли кишоварзи хукуки мустакилона истифода намудани китъаи заминеро, ки ба сахми замини худ мувофик мебошад, пайдо мекунад.
  2. Узви хочагии дехкони дар мавриди баромадан аз хайати хочагии дехкони ба чубронпулии дар молу мулки таксимнашавандаи хочагии дехкони баробар ба хиссаи молу мулкаш, ба истиснои хукуки истифодаи китъаи замин, хукук дорад. Андоза ва мухлати пардохти чубронпули бо розигии узви мазкури хочагии дехкони ё дар сурати ба созиши дучониба нарасидан, бо тартиби суди муайян карда мешаванд. Мухлати пардохти он аз рузи додани ариза оид ба баромадан аз хайати хочагии дехкони наметавонад аз як соли кишоварзи зиёд бошад.
  3. Хангоми бархамдихи ва азнавташкилдихии хочагии дехкони молу мулки хочагии дехкони байни аъзои он мутобики мукаррароти Кодекси гражданин Чумхурии Точикистон таксим карда мешавад. Китъаи замини хочагии дехконии мазкур байни аъзои он мувофики сахми замин таксим карда мешавад.
  4. Дар холати муфлисшавии хочагии дехкони молу мулки пас аз ичрои ухдадорихои хочагии дехкони бокимонда, инчунин китъаи замини хочагии дехкони байни аъзои он бо тартиби мукаррарнамудаи кисми 3 моддаи мазкур таксим карда мешавад.

Моддаи 17. Хисоббаробаркуни хангоми аз аъзоги баромадани узви хочагии дехкони

  1. Ба хар як узви аз хайати хочагии дехкони бо таъсис ва бе таъсиси шахси хукуки баромада арзиши кисми молу мулк мувофик ба хиссаи узви мазкур дар фаъолияти якчоя, бо тартиб ва дар мухлатхои дар оиннома, шартномаи таъсиси ё шартнома оид ба фаъолияти якчоя пешбинишуда пардохт ё дар шакли асл (натура) иваз карда мешавад.
  2. Кисми молу мулк ё арзиши он, ки бояд ба узви баромада дода шавад, аз руи тавозуни (баланси) дар лахзаи баромадани у тартиб додашуда муайян карда мешавад.

Моддаи 18. Ба мерос гирифтани молу мулки хочагии дехкони

Ба мерос гирифтани молу мулк ва хукуки истифодабарии китъаи замини хочагии дехкони, ки бо хукуки бегона намудан ба даст оварда шудааст, мутобики мукаррароти Кодекси гражданин Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

БОБИ 6. ДОДАНИ КИТЪАИ ЗАМИН БАРОИ ТАШКИЛИ ХОЧАГИИ ДЕХКОНИ

Моддаи 19. Додани китъаи замин барои ташкили хочагии дехкони

  1. Китъаи замин барои ташкили хочагии дехкони бо хукуки истифодабарии якумраи мероси бо хукуки бегона намудан ё бе хукуки бегона намудан дар асоси аризаи шахрванд (шахрвандон) тибки карори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии нохияхо (шахрхо) дода мешавад.
  2. Китъаи замин барои ташкили хочагии дехкони хамчун коида дар як мавзеъ яклухт дода мешавад.
  3. Дар мавриди аз хайати хочагии дехкони баромадани узви он ва таъсис додани хочагии дехконии мустакил, китъаи замин барои узви мазкур дар асоси сахми замини у бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон баъди анчоми соли кишоварзи дода мешавад. Тартиби мазкур хамчунин дар сурати аз хайати хочагии дехкони баромадани гурухи аъзои он ва дар китъаи замини чудокардашуда ташкил намудани хочагии мустакили дехкони ва ё хамрох шудан ба дигар хочагии дехкони татбик карда мешавад.
  4. Хочагии дехкони барои пешбурди фаъолияти худ метавонад бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба таври илова китъаи заминро ба ичора ё барои истифодабарии мухлатнок гирад. Хочагии дехкони хукуки истифодаи китъаи заминро тибки мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон ба даст меорад.

Моддаи 20. Меъёри додани китъаи замин барои ташкили хочагии дехкони

Китъахои замин бо хукуки бегона намудан ё бе хукуки бегона намудани хукуки истифодабарии он барои ташкили хочагии дехкони бо тартиби мукарpaрнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба андозахои зерин дода мешаванд:

– аз замини ташкилотхои азнавташкилшавандаи кишоварзи – баробар ба сахми замине, ки дар ташкилотхои мазкур аз тарафи макоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатхои вобаста ба замин ва сохторхои махаллии он барои хар узв муайян карда шудааст;

– аз фонди махсуси замини нохия (шахр) – баробар ба сахми миёнаи муайяншудаи замин дар мавзеи чойгиршавии китъаи замин ба шахси вокеие, ки хохиши таъсис додани хочагии дехкониро дорад.

Моддаи 21. Додани китъаи иловагии замин ба хочагии дехкони

Ба хочагии дехкони барои истифодаи мухлатнок ё хамчун ичора аз хисоби заминхои гуруххои зерин китъаи иловагии замин дода мешавад:

– аз гурухи заминхои таъиноти кишоварзи – заминхои нав азхудкардашуда, истифоданашаванда, заминхои иншооти обёриашон азкормонда ва барои кишт нобоб;

– аз гурухи заминхои захираи давлати ва фонди давлатии чангал, ки барои истехсолоти кишоварзи мутобик мебошанд (ба гайр аз заминхои чангали гурухи якум), хамчунин аз заминхои чарогоххо барои чаронидани чорво вобаста ба саршумори он дар хочагии дехкони;

– аз гурухи заминхои махалхои ахолинишин – заминхое, ки барои истехсолоти кишоварзи мувофик буда, барои эхтиёчоти шахрхо, шахракхо ва махалхои дигари ахолинишин муваккатан истифода бурда намешаванд.

Моддаи 22. Тартиби ташаккули фонди махсуси замин барои ташкили хочагии дехкони

  1. Барои ташкили хочагии дехкони макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии нохия (шахр) тибки конунгузории Чумхурии Точикистон аз хисоби заминхои зерин фонди махсуси заминро таъсис медиханд:

– заминхое, ки аз гардиши кишоварзи берун мондаанд ё ба катори заминхои камарзиш гузаронида шудаанд;

–   китъахои замине, ки хукуки истифодаи онхо катъ гардидааст;

–   заминхои захираи давлати;

–   гурухи заминхое, ки аз руи таъинот истифода бурда намешаванд;

– заминхои фонди давлатии чангал, ки аз дарахту буттазор холи буда, барои истифода дар истехсолоти кишоварзи мувофиканд;

–   заминхои нав азхудкардашуда.

  1. Тартиби пешбининамудаи кисми 1 моддаи мазкур ба хукуки истифодабарандагони заминхои таъиноти кишоварзи, ки хукуки истифодабарии онхо бо хукуки бегона намудан дода шудааст, татбик карда намешавад.
  2. Иттилоот дар бораи китъахои замине, ки ба фонди махсуси замини нохия (шахр) барои ташкили хочагии дехкони гузаронида шудаанд, бо истифодаи воситахои мавчудаи иттилооти ба маълумоти умум бе таъхир расонида мешавад.

Моддаи 23. Тартиби додани китъахои замин аз хисоби заминхои фонди махсус барои ташкили хочагии дехкони

  1. Шахрвандоне, ки хохиши ташкил намудани хочагии дехкониро доранд, барои гирифтани китъаи замин ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии нохия (шахр) ариза медиханд.
  2. Дар ариза максади гирифтани китъаи замини дархостшуда, масохат ва руйхати аъзои хочагии дехконии ташкилшаванда нишон дода мешаванд.
  3. Карор дар хусуси ба шахрвандон додани китъаи замин аз тарафи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии нохия (шахр) дар давоми як мох бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон кабул карда мешавад.
  4. Дар холати мавчуд набудани фонди махсуси замин аризаи шахрванд (шахрвандон) дар хусуси гирифтани китъаи замин барои таъсиси хочагии дехкони ба навбат гузошта мешавад.
  5. Шахсони мансабдор барои риояи мухлати кабули карор дар хусуси додани китъаи замин ва ба шахрвандон пешниход намудани маълумот оид ба мавчудияти китъахои замини таксимнашудаи фонди махсуси замини нохия (шахр) тибки конунгузории Чумхурии Точикистон масъул мебошанд.

Моддаи 24. Ташкили хочагии дехкони аз хисоби заминхои хочагихои махсус

  1. Додани китъаи замин барои ташкили хочагии дехкони аз хисоби заминхои хочагихои давлатии тухмипарвари, нихолпарвари, зотпарвари, муассисахои тадкикоти, илмию истехсоли, таълими, тачрибави, литсейхои касбии техники, инчунин аз хисоби заминхои фонди давлатии об бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.
  2. Ташкили хочагии дехконии самтхои тухмипарвари, зотпарвари ё нихолпарвари аз хисоби заминхои хочагии дехконии мазкур бо тартиби пешбининамудаи Конуни мазкур сурат мегирад.

Моддаи 25. Тасдики хукуки истифодабарии китъаи замини хочагии дехкони

  1. Хукуки истифодабарии китъаи замин аз лахзаи бакайдгирии давлати бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии молу мулки гайриманкул ва хукукхо ба он» тасдик карда мешавад.
  2. Ба истифодабарии китъаи замин баъд аз бакайдгирии давлати ичозат дода мешавад. Хангоми кабули узви нав ва баромадан аз узвияти хочагии дехкони, азхудкунии заминхои нав аз чониби хочагии дехкони ва холатхои дигари тагйир додани марзи китъаи замин, хочагии дехкони мутобики кисми 1 моддаи мазкур аз нав ба кайди давлати гирифта мешавад. Ба хар як узви нав ва аз узвият баромадан хочагии дехкони аз нав шаходатномаи сахми замин дода мешавад.
  3. Хукуки истифодабарии китъаи замини ба ичора додашуда дар асоси шартномаи ичора ба кайди давлати гирифта мешавад.

БОБИ 7. МАСЪАЛАХОИ ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ХОЧАГИИ ДЕХКОНИ

Моддаи 26. Кабули шахрвандони дигар ба узвияти хочагии дехкони

Ба хочагии дехкони тибки карори мачлиси аъзои хочаги бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба сифати узв метавонанд кабул шаванд:

– шахрвандоне, ки вориси хукукии узви фавтида ё бедарак гоиб эътирофшудаи хочагии дехкони мебошанд;

–   шахрвандоне, ки дар истифодаи якумраи мероси бо хукуки бегона намудан китъаи замин доранд;

–   дар холатхои дигар бо карори мачлиси аъзои хочагии дехкони.

Моддаи 27. Хукукхои хочагии дехкони

Хочагии дехкони хукук дорад:

– дар китъаи замини худ мустакилона хочагидори намояд, низоми зироаткори ва истехсолиро интихоб намояд;

–  молики махсулоти истехсолкарда ва даромади аз фуруши он бадастоварда бошад;

–   китъаи замин ё кисми онро ба ичора дихад;

– аз истифодабарии замин бо розигии аъзои хочаги даст кашад ва сахми замин ё кисми онро бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба аъзои нав муайян намояд;

–    канданихои фоиданоки маъмули (pуг, шагал, хок, санг), манбаъхои об, инчунин дигар хусусиятхои муфиди китъаи замини хочагии дехкониро бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода барад;

–  молу мулки ташкилот ва шахрвандони алохидаро харидори намояд, ба ичора гирад ё муваккатан истифода барад;

тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хукуки истифодабарии китъаи заминро бо хукуки бегона кардани он ба гарав монад;

–   барои амали намудани фаъолияти сохибкори шартномахо ба имзо расонад;

–   сервитути хусусиро ба китъаи замин мукаррар намояд;

–   ихтиёран молу мулки худро (зироатхои кишоварзи, чорво, воситахои асоси ва дигар молу мулкро) сугурта кунад, агар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошад;

–   накшаи фаъолияти хочагидори ва диверсификатсияи истехсолотро тартиб дода, барои конеъ гардонидани эхтиёчоти давлати истехсоли махсулоти кишоварзиро дар асоси чойгиронии фармоиши давлати ба рох монад;

–   ба махсулоти кишоварзии истехсолнамудаи худ мустакилона нарх гузорад;

–   бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон фаъолияти иктисоди хоричиро амали созад;

– дар доираи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон ба фаъолияти тухмипарвари ва зотпарвари машгул шавад;

–  дар холати аз чониби давлат гирифта шудани китъаи замин чуброни зарарро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон талаб намояд ва гирад;

– аз хукукхои дигари мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода намояд.

Моддаи 28. Хукукхои аъзои хочагии дехкони

Аъзои хочагии дехкони хукук доранд:

– сарфи назар аз ризояти аъзои дигари хочагии дехкони, баъд аз анчом ёфтани соли кишоварзи аз хайати он бо сахми замини худ бароянд ва хочагии дехконии алохида таъсис диханд;

– аз хукуки истифодаи сахми замин даст кашанд;

– дар холати баромадан аз хайати хочагии дехкони дар мавриди таксимнопазирии молу мулки хочагии дехкони чубронпулии хиссаи худро талаб намоянд ва гиранд;

–  бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон нисбати хукуки истифодабарии китъаи замин бо хукуки бегона намудани он ахдхои хукуки-граждани (хариду фуруш, тухфа, иваз, гарав) банданд;

–  аз хукукхои дигари мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода баранд.

Моддаи 29. Ухдадорихои хочагии дехкони ва аъзои он

  1. Хочагии дехкони ва аъзои он ухдадоранд:

–   китъахои заминро самаранок ва тибки таъиноти максаднок истифода баранд;

–    хангоми фаъолияти хочагидори ба халалдоршавии холати агроэкологи, мелиоративи ва санитарию гигиении замин рох надиханд;

–    хукукхои заминистифодабарандагони дигарро халалдор ва махдуд насозанд;

–  хангоми истехсоли махсулоти кишоварзи усулхоеро истифода намоянд, ки пешгирии пахншавии касалихо, хашароту зараррасонхои растани ва чорворо таъмин менамоянд;

–   оиннома ва шартнома оид ба фаъолияти якчояро риоя намоянд;

– коидахои тартиботи дохили, хифзи мехнат, техникаи бехатари, амнияти экологи, пардохти саривактии музди мехнат ва таксимоти фоидаи софро риоя намоянд;

–    ичрои ухдадорихои дигари мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро таъмин намоянд.

  1. Хочагии дехкони инчунин ухдадор аст:

– аз хисоби даромади хочагии дехкони барои баркарор ва афзун намудани хосилхезгардонии замин дар асоси карори мачлиси аъзои хочагии дехкони маблаг чудо намуда, чорабинихои илман асосноки агрокимиёви ва экологию биологиро ба рох монад;

–  пардохти андоз ва дигар пардохтхои хатми ба бучет, хакки хизмати обрасони, истифодаи барк ва дигар пардохтхоро дар мухлатхои муайянкардаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин намояд;

– талаботи низоми хисоботи мухосиби, ухдадорихои шартномави ва низоми хисоби карзиро риоя намояд;

–  ба макомоти махаллии идораи замин, идоракунии давлатии кишоварзи ва омори нохия (шахр) маълумотро дар бораи холат ва дигар маълумоти омориро дар мухлати муайяншуда пешниход намояд;

– бо кормандони кироя шартномаи (карордоди) мехнати ба имзо расонад ва ба онхо на кам аз андозаи хадди акалли мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон музди мехнат пардохт намояд.

Моддаи 30. Бошишгохи сахрои

  1. Бошишгохи сахрои сохтмони муваккатии навъи сабук (сохтмони гайриасоси) буда, дар китъаи замини хочагии дехкони, танхо бо максадхои хочагидори, бе гирифгани китъаи замини сохтмони мазкур аз гардиши кишоварзи, сохта ва истифода бурда мешавад.
  2. Сохтмони бошишгохи сахрои дар сурати зиёда аз 3 гектар будани китъаи замини хочагии дехкони дар худуди то 0,01 гектар, дар холати зиёда аз 10 гектар будани китъаи замини хочагии дехкони то 0,03 гектар ва дар холати зиёда аз 20 гектар будани китъаи замини хочагии дехкони то 0,05 гектар амали карда мешавад.
  3. Бошишгохи сахрои дар китъаи замин бо риояи талаботи Кодекси замини Чумхурии Точикистон, коидахои зиддисухтори, талаботи санитари ва экологи тибки лоихаи намунавии макоми ваколатдори меъмори ва сохтмони нохия (шахр) чойгир карда мешавад.

Моддаи 31. Асосхои катъ гаштани фаъолияти хочагии дехкони

  1. Фаъолияти хочагии дехкони дар холатхои зерин катъ мегардад:

–   катъ гаштани хукуки заминистифодабари бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

–   пешниходи аризаи рохбари хочагии дехконии аз тарафи як нафар шахси вокеи таъсисдодашуда;

–   дар асоси карори мачлиси аъзо;

–   хангоми муфлисшави;

–   дар асоси карори суд.

  1. Бахсхое, ки дар натичаи катъ гардидани фаъолияти хочагии дехкони ба миён меоянд, бо мувофикаи тарафхо ё бо тартиби суди хал карда мешаванд.

Моддаи 32. Тартиби азнавташкилдихи ва бархамдихии хочагии дехкони

Азнавташкилдихи ва бархамдихии хочагии дехкони бе таъсиси шахси хукуки ва бо таъсиси шахси хукуки дар холат ва бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд.

Моддаи 33. Иттиходияхои (ассотсиатсияхои) хочагихои дехкони

  1. Хочагихои дехкони бо максади хамохангсозии фаъолият, намояндаги ва хифзи хукуку манфиатхояшон метавонанд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон иттиходияхо (ассотсиатсияхо) ташкил намоянд.
  2. Иттиходияхои (ассотсиатсияхои) хочагихои дехкони ташкилотхои гайритичорати мебошанд. Хочагихои дехконие, ки ба иттиходияхо (ассотсиатсияхо) дохил мешаванд, мустакилият ва хукук ба истифодабарии китъаи заминро нигох медоранд.
  3. Мачбуран ба иттиходияхо (ассотсиатсияхо) дохил намудани хочагии дехкони манъ аст.

БОБИ 8. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ХОЧАГИИ ДЕХКОНИ

Моддаи 34. Дастгирии давлатии хочагии дехкони

  1. Дастгирии давлатии хочагии дехкони бо роххои зерин амали карда мешавад:

– дастраси ба техника ва технологияи муосири кишоварзи, хариди навъхои тухмихои хушсифати зироатхо ва намудхои чорвои хушзот;

–   татбики чорахо оид ба химояи бозори дохилии кишоварзи;

–   чалби сармояи ватанию хоричи ба истехсолоти кишоварзи;

–   тахия ва пешниходи дастуру тавсияхо оид ба истифодаи технологияи кишоварзи, дастовардхои тачрибаи пешкадам ва инноватсиони;

–    ташаккулдихии муносибатхои иктисодии бозори ва чори намудани механизми босамари дастгирии молияви;

– таъмини иттилоот оид ба хачми истехсол ва нарххои махсулоти кишоварзи дар бозорхои дохили ва беруна;

–   дигар шаклхои дастгири, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудааст.

  1. Дар худуди заминхои хочагии дехкони, ки дар онхо иншооти объектхои инфрасохтори, аз чумла рох, хатхои барк, обрасони, алока ва шабакахои ирригатсионию мелиоративи мавчуд нестанд, сохтмони онхо аз тарафи давлат анчом дода мешавад. Объектхои мазкур тибки мукаррароти санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон истифода бурда мешаванд.
  2.  Дастгирии давлатии хочагии дехкони бо таъсиси шахси хукуки метавонад бо чойгиронии фармоиши давлатии истехсоли махсулоти кишоварзи, инчунин тибки барномахои максаднок, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон кабул карда мешаванд, амали гардад.
  3. Дастгирии давлатии хочагии дехкони аз чониби макомоти ваколатдори давлатии муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон, инчунин макомоти махаллии хокимияти давлати, ба рох монда мешавад.

Моддаи 35. Сугуртаи ичтимоии давлати ва таъминоти ичтимоии аъзои хочагии дехкони

  1. Аъзои хочагии дехкони бо сугуртаи ичтимоии давлати фаро гирифта шуда, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бо нафака ва дигар имтиёзхо таъмин карда мешаванд.
  2. Муносибатхои мехнатии аъзои хочагии дехкони ва шахрвандоне, ки дар хочагии дехкони тибки шартномаи мехнати кор мекунанд, мутобики конунгузории мехнати Чумхурии Точикистон танзим карда мешаванд.
  3. Давраи дар хочагии дехкони кор кардани аъзо ва шахрвандоне, ки дар хочагии дехкони тибки шартномаи мехнати кор мекунанд, ба собикаи умуми ва бефосилаи кории онхо хисоб карда мешавад. Собикаи кории шахсони мазкур аз тарафи хочагии дехкони дар асоси сабтхои дафтарчаи мехнати ва хуччатхои тасдиккунандаи пардохти хакки узвияти сугуртаи ичтимои хисоб карда мешавад. Пешбурди дафтарчаи мехнати тибки мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон аз тарафи рохбари хочагии дехкони таъмин карда мешавад.

БОБИ 9. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 36. Мукаррароти интиколи

  1. Хочагихои дехконие, ки то эътибор пайдо кардани Конуни мазкур таъсис дода шудаанд. ухдадоранд дар муддати ду сол аз рузи мавриди амал карор додани он фаъолияти худро ба мукаррароти Конуни мазкур мутобик намоянд. Дар ин давра ворид намудани тагйирот ба маълумоти бакайдгирии давлати ё дар заминаи чунин хочагихои дехкони ба кайд гирифтани хочагихои нави дехкони бе таъсиси шахси хукуки бидуни пардохти бочи давлати анчом дода мешавад.
  2. Фаъолияти хочагии дехкони хангоми дар муддати мукарраргардида ичро накардани талаботи кисми 1 моддаи мазкур бо тартиби суди катъ карда мешавад.

Моддаи 37. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 38. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хочагии дехкони (фермери)»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 19 майи соли 2009, №526 «Дар бораи хочагии дехкони (фермери)» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2009, №5, мод. 333) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 39. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

          Президенти

Чумхурии ТочикистонЭмомали Рахмон

ш. Душанбе, 15 марти соли 2016

№ 1289

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Чихел зуд бой шудан мумикин аст ?

Чи тавр донишчуи туркман бурди хакикиро бо 1xBet бурд намуд Бозингарони зиёд — махсусан навёдгирхо …