Главная / Гуногун / Хусусияти империалистии чанги якуми чахони

Хусусияти империалистии чанги якуми чахони

Хар як мамлакати ба чанг дохилшуда максадхои истилогаронаи худро дошт. Империализми Германия иктидори бузурги бахрии Англияро ба нести расонида, бо хамин ракобати вайро дар бозорхои чахони суст гардонда, нуктахои асосии такягохро дар бахру укёнусхо ба даст дароварда, мустамликахои Англия, Фаронса, Белгия ва Португалияро ба фоидаи худ аз нав таксим карда, нохияхои сархадии фаронсавии Лонгви ва Брис ва минтакахои саноатии Белгияро зада гирифта, Наздибалтикаро аз Русия чудо карда, губернияи Шохии Полша ва Украинаро аз худ кардани буд. Германия ва Австро-Венгрия бошанд, дар нимчазираи Балкан мавкеашонро мустахкам кардани буданд.

w720h405fill

Австро-Венгрия максад дошт, ки славянхои чанубиро ба итоати худ дарорад ва дар Балкан хукмрон шавад. Вай Сербия ва як кисми Шохии Полша, Подолия ва Волинро аз Русия кашида гирифтани буд.

Туркия ният дошт, ки Кафкозро ба даст дарорад.

Англия максад дошт, ки аз Германия мустамликахояшро кашида гирад ва онро ба давлати дуюмдарача табдил дихад. Инчунин Туркия, Байнаннахрайн ва нимчазираи Арабистони аз нефт бойро ба мустамликаи худ табдил дихад.

Фаронса на танхо барои баргардонидани Элзас ва Лотарингия, инчунин барои иктидори Германияро ба нести расонидан, сохилхои чапи дарён Рейну вилояти бойи Саари немиси ва Сурия, Фаластин ва мамлакатхои дигари арабро ба даст даровардан ва мустамликахои Германияро таксим кардан мубориза мебурд.

Русия дар баробари дар Балкан химоя кардани манфиатхои худ мехост, ки гулугоххои Босфору Дарданел ва Галитсияю поёноби дарёи Неманро аз худ кунад.

Чопон бошад, мустамликахои Германияро дар Укёнуси Ором ба даст даровардани буд. Гайр аз ин вай мехост, ки хукмронии худро бар Чин мустаккам кунад. Дар ин чанг танхо халки Белгия ва баъзе мамлакатхои нимчазираи Балкан барои истиклолияти миллии худ мубориза мебурданд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

buxoro

ВОКЕАХОИ НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVI

Муборизахои Бобур Мирзо бе окибат монданд. Сарзамини Осиёи Миёна ба зери тасарруфи Шайбониён даромад. Вале …