Главная / Илм / Халила ва фоидаи у

Халила ва фоидаи у

Халила (ба русс. Миробалан) — Ин самари дарахти хиндист, дар хачм ва намуд гуногун мебошад, ки хар яке номи алохида дорад. Агар баъд аз гул карданаш самарашро, ки ба андозаи зира мебошад, халилаи зира меноманд; ва аз он калонтар ба андозаи чав гардад, бичинанд, халилаи чави мегуянд; аз он хам бузургтар ва ба кадри мавизи ангур гардад, бичинанд, онро мавизак, халилаи сиёх, халилаи занги ва халилаи хинди низ меноманд; аз он боз хам калонтар нимраси сабзи зардтоб бошад, онро халилаи чини ва аз он хам калонтар ва расидатари зард гардад, халилаи зард мегуянд; аз ин хам бузургтар шуда, пурра раскда гардаду сурхи моил ба зарди бошад, халилаи кобули мегуянд.

halila-rastaniМизочи хама гуна халилахо дар дарачаи якум сард ва дар дувум хушк аст, вале хушки дар халилаи кобули камтар бинобар камоли расидаги доштанаш.

  Хислатхои шифобахши он: истеъмоли хамаи навъхои он ба дарун меъда, майна, зехн, хофиза ва хавосро, ки дах хисси одами мебошад, кави мегардонад; гиреххоро мекушояд; дарди сарро дур мегардонад ва молихудиёро сихат мебахшад; руххои одамиро соф ва равшан мекунад; васвоси савдови, дилтапак (дилбози) ва бечо (бехузур) шудани дилро дафъ месозад; намегузорад, ки бухорхои зарарнок аз кисми поёни бадан ба магзи сар бароянд, ранги баданро тару тоза ва пок мегардонад; иллатхои истиско (водянка), бавосири боди, ки шадидтарин дарди даруни шикам аст, бавосири хуни ва табхои мураккабро сихат менамояд, балгами ракик ва сафроро бо охистаги ва мулоимат хорич мекунад.

  Дар вакти истеъмоли халилачот онхоро бисёр намекубанд ва зиёд намечушонанд, балки чор-панч таксим намуда, дар об тар карда, он обро менушанд.

  Шарти истеъмоли халила чунин аст, ки бояд бо равгани бодоми ширин чарб намоянд, то он ки таркибаш вайрон нагардад.

  Тухмашро куфта, ба дандон ва милки он бимоланд, милки дандонро кувват мебахшад ва рафтани хунро аз буни дандон манъ мекунад.

  Хусусан халилаи кобулиро нимкуфта, як шабонаруз дар об тар карда, он обро бинушанд, кувваташ назар ба куфта ва дар об чушдодаи он зиёдтар аст дар бобати ихроч кардани моддахои зарарнок аз бадан, инчунин хангоми онро дар об тар кардан моддахои зараровараш ба об намебароянд.

  Микдори истеъмолаш барои дар об тар кардан аз 25 то 35 грамм аст. Ба чойи халила пусти анорро ба кор баранд, раво мебошад.

  Акнун хар як намуди халилахоро ба таври чудогона дида мебароем.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …