Главная / Илм / ГИЗОХОИ МУНЧАМИД

ГИЗОХОИ МУНЧАМИД

gizohoi-munchamidГИЗОХОИ МУНЧАМИД, консентратхои гизои, омезахои хуроквори барои зуд ва осон тайёр кардани таом. Аз махсулоте, ки барои пухтани Г. м. гирифта мешавад, чойхои сахту нодаркорашро бурида мепартоянд, кима карда мечушонанд (мезирбонанд ё буг медиханд), хушк ва баъзан мангана мекунанд.
Г. м. арзиши гизоии пуркимат дошта, хушхазманд ва таоми онхо хеле болаззат мешавад. Г. м.-ро муддати дароз нигох доштан мумкин аст. Ба чои дур фиристодани онхо хеле мувофик мебошад. Бинобар он дар экспедитсия ва шароити сахро истифода бурда мешаванд.
Чунин анвои Г. м.-и саноати истехсол мешаванд: нахории хушк, таомхои равон, ширин, масолехи мунчамид барои пухтани таоми хамирии канноди, махсулоти мунчамиди шири. Г. м. барои кудакон ва гизои пархези гурухи чудогонаро ташкил медиханд; одатан, ин гуна гизо дар шакли хока истехсол шуда, онро дар об ё шир хал ва каме чушонда истеъмол мекунанд. Дар истехсоли чунин махсулот маводи сунъи ё химияви истифода намешавад.
Нахории хушк махсулотест аз ярмахои гуногун, ки бо рохи махсус тайёр шудааст (талкон, чуворимаккаи мухашшари бирён, биринч, гандум). Г. м. барои таоми нисфирузи аз махсулоти гуногун – сабзавот, растанихои лубиёи, макарон, занбуруг ва г. тахия карда мешаванд. Мувофики дастур ба Г. м. гушт, равган, намак ва адвиёт, барои бехтар шудани сифату таъм ба баъзеи онхо глутамати натрий илова менамоянд.
Аксари Г. м. дар зарфхои хавоногузар истехсол карда мешаванд. Дар болои зарф таркиб, тарзи пухтан, мухлати нигахдории Г. м. нишон дода шудааст.

Ч.А. Азонов

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …