Дискхои магнитооптики ба мисли стримерхо барои нигохдории нусхахои эхтиётии информатсияи гохгох истифодашаванда хизмат мерасонанд. Онхо нисбат ба кассетахои стримери дар истифодабари кулайтаранд. Бо онхо чун бо винчестер кор кардан мумкин аст.
Гарчанде, ки суръати кории ин дискхо аз винчестер сусттар бошад хам, вале онхоро аз диск-донхояшон озодона гирифтан ва ба онхо мондан мумкин аст. Дискхои магнитооптики иктидори гунчонидани аз 230 Мбайт то 4,6 Гбайт информатсияро доранд.