Главная / Гуногун / ЧИЛВАИ САНГИ МАРМАР

ЧИЛВАИ САНГИ МАРМАР

Имшаб хам Точинисоро хоб набурд. Аниктараш боз модарашро хоб диду бедор шуд ва дигар хоб накард.

“ – Кай омади?” – мепурсад модараш.

Точинисо норохат шуда:

“ – Хеле шуд”, – мегуяд.

“ – Хо! – чашмони модар калон кушода мешаванд. – Чаро маро хабар нагирифти? Ман-ку дар гами ту обу адо шудам”.

Лолу музтар мемонад Точинисо ва намедонад, ки ба модараш чи чавоб бидихад. Модараш охи сузоне кашида, ба оташ мубаддал мегардад. Точинисо тарсида, аз хоб бедор мешавад. Охи сузоне мекашад. Бесабаб не хоби дидааш.

iskusstvennyjj-mramor

Дар огуши рузи нав Точинисо бо калби гирёну ашки сузон ба лаби чуй меравад. Вай ин чуйро дуст медорад. Лаби ин чуй чои бозии онхо буд. Дар ин чуй оббози мекарданд. Лаби он нишаста, хонаи фароштурук месохтанд. Холо бошад, лаби чуй диккак менишинад. Ба оби мусаффои он, ки шилдирросзанон чори буд, дида медузад. Ва хоби шаб дидашро ба об мегуяд.

“ – Э оби равони софу дилчу, таъбири хоби ман бигу!”

Ва оби чуйча шалаппос зада, гуё мегуяд: “Ба зиёрати мазори модарат бирав!”

Як хиссиёти хичолатомезе уро фаро мегирад. Худро мазаммат мекунад, ки чаро боре ба зиёрати гуристон нарафт. Охир, он чо манзили абадии модараш. Ёди модар чун обу хаво зарур. Хотирашонро пос доштан хам фарзу хам карз. У карор медихад, ки ба гуристон рафта, санги мазори модарашро ба огуш мегираду фигон мекашад.

– Маро ба гуристон баред.

Падараш як кад парида, бад-бад ба у менигарад. Сипас бо ситеза мепурсад:

– Дар он чо чи гум карди?

– Мехохам манзили модарамро зиёрат кунам.

Аз чи бошад, ки падараш бесаранчом мешавад. Ва бо сарди мегуяд:

– Мумкин не.

– Чаро? – хайрон мешавад Точинисо. – Барои чи?

– Гуфтам-ку: мумкин не! – бо кахр теги нигох суи духтараш мекашад.

Точинисо чиддан дар тааччуб мемонад.

– Ачиб?! Доим талкин мекунанд, ки рафтагонро ёд кунед. Ба сари манзилашон рафта, оят хондан савоб аст. Ва боз: “Аз ёд бари – аз ёд рави!” гуфтаанд. Охир…

Падараш якбора ру турш карда, сухани уро мебурад:

– Охир-похир надорад. Мумкин не, гуфтам, мумкин не!

Точинисо инони ихтиёр аз даст медихад:

– Охир, ки гуфт, ки мумкин не?!

– Ки? – падараш лахзае сукут варзида, баъд мегуяд: – Муллои деха.

– Мулло Абдурасул?

– Не-е, у кайхо мурд, – бо як хушхолии ачибе мегуяд Парда-бобо. – Устухонхояш хам намонд. Мулло Зухур.

– Ки, ки? Зухур? Хамон Зухури писари кали Мансур?

– Ха, – кутох посух медихад Парда-бобо.

Аз шиддати хайрату тааччуб Точинисо лол мемонад. Хама чоро хомуши ба коми худ фуру мебарад. Лахзае пас яхи хомуширо Точинисо мешиканад:

– О, вай хукми катл гирифта буд-ку?

– Ха, гирифта буд, – чавоб медихад Парда-бобо. – Хешу табораш нангу номус карда, даводав карданд. Хукми катлро ба бист сол иваз намуданд. Хамаги дах сол шишта баромад. Дар хамон чо азоб кашид, хонд, мулло шуда омад. Илмаш, даму нафасаш бехад зур. Хама уро бисёр иззату хурмат мекунанд. Ба кариби аз хач баргашт. Куръон хонад, аз охангаш дили кас об шуда меравад.

– Котил мулло! Худоё! Чи тазоде!

Дили Точинисо ким-чи хел тагу ру шуда, маъюси пахшаш мекунад. Ба кадом як нуктае чашм духта, лахзае ба фикр фуру меравад. Сипас ба падараш ру оварда, мепурсад:

– Хонаи у дар кучост?

– Дар бари кабристон. Чи буд?

– Маро ба назди у баред.

– Не, – рад мекунад падараш.

Хайрон мешавад Точинисо ва муддате хомуш мемонад. Сипас мепурсад:

– Мебаред ё не?

Падараш ба инкор сар чунбонда:

– Не! – мегуяд.

Боз муддате харду хомуш мемонанд. Сипас Точинисо яхи хомуширо шикаста, суоли гайричашмдошт медихад:

– Ё аз у метарсед?

– Чи-и?! – суи духтараш теги нигох мекашад. – Аз ки?

– Аз Мулло Зухур.

– Чаро аз у метарсидаам? – бесаранчом шуда, гур-гур мекунад падараш. – Не, наметарсам, лекин охир…

– Чи “охир”? – бетокат мешавад Точинисо.

– Ба назди у дасти холи рафта намешавад.

– Ха, ана гап дар чи. Хайр, хеч гап не. Чи бурдан лозим?

– Чи мешуд, пул. Дори?

– Ха, дорам.

Онхо ба назди хавлии мулло меоянд. Парда-бобо дарро ду-се бор так-так мезанад. Сипас як табаки дарвозаро кушода, ба дарун медарояд ва гулуяшро афшонда:

– Домулло, хо, домулло, – гуён, садо медихад.

Ба пешвози у духтараки дах-дувоздахсолае мебарояд.

– Падарат дар хона? – мепурсад Парда-бобо.

– Ха, намоз мехонанд, – мегуяд духтарак. – Шумо гузашта шинед.

Руи кат нишаста, интизор мешаванд. Аз ошхона буи хуши ош ба димогашон мезанад. Хавли сокит буду хомуш. Онхо сар ба зер афканда, ба андеша мераванд.

Аз садои сулфа ба худ меоянд. Мулло Зухур намозашро хонда, бо фахру гурур аз хона мебаромад. Падару духтар ба хурмати у зуд аз чояшон мехезанд.

Мулло Зухур марди синаш аз хафтод гузашта, тархи руяш дуруште буду илова бар ин, дар бари руяш доги чарохат хам дошт. Руи рихинакдори уро кисман риши гуллии сурхчатоб ва хамчун дандоншуяк дурушту дагалаш панах мекард. Токии сафеди хочиги, челаки хурмоиранг ва шими рах-рах дар бар карда буд. Чун Пардаро бо духтари зебо мебинад, табъаш хуш мегардаду рухаш кушода. Ва аз чашмони бемижгону танг-тангаш гуё алов мепарад. Вай бо тамоми овоз:

– Э, Пардабой! – мегуяд. – Муборак шавад. Наваша ёфти-ку? О, мегуфти, рафта дар хонаат никох мекардам…

– Э, не-е… – Парда-бобо дасту по мехурад. – Ин духтарам.

– Духтарат? – Мулло Зухур бо хайрати бепоён ба Парда-бобо менигарад, гуё ба гапи вай бовар намекунад. – Духтари хамхунат?

– Ха, ха, духтари хамхунам, – зуд чавоб медихад Парда-бобо.

– Нахо-о-од? – Мулло Зухур ба сар то пои Точинисо чашм медавонад.

Аз шарму хичолат Точинисо сурх шуда, сар ба зер меафканад. Мулло Зухур ба Парда-бобо руй меорад:

– О, уро бори аввал мебинам-ку?! Ё ин париро дар ягон чой пинхон карда буди?

– Не, вай дар шахр мехонд, – бо табассум чавоб медихад Парда-бобо. – Ба наздики омад…

– Ха, шахр ганда, – дархол сухани уро мебурад Мулло Зухур ва дар киёфааш як чиддияте пайдо мешавад. – Иблису деву ачинааш бешумор. Хеч гап не! Се-чор бор хонам, гул мегардад. Даму нафаси ман зур. Ха, ба шарте, ки ихлос кунад. Ихлосу халос гуфтаанд. Уро монда рав…

– Не-не! – саросема мешавад Парда-бобо. – Вай мехохад, ки кабри модарашро зиёрат кунад.

Ба тасдик сар такон медихад Точинисо ва бо чашми умед ба Мулло Зухур менигарад. Мулло Зухур, зохиран, андухомез табассум мекунад.

– Ха-а, – хамдардона ба Точинисо нигох мекунад. Сипас абру дархам кашида, катъи мегуяд:

– Ба зан мумкин не!

Дар вучуди Точинисо хохише ру мезанад, ки дарди дилашро гуяд. Вале зуд ин хохишро саркуб мекунад: назди бегам гами дилро набояд гуфт.

– Ки маън кардааст? – кинояомез мепурсад у.

Ин суол ба иззати нафси Мулло Зухур сахт мерасад, меранчад, табъаш якбора хира мегардад. Башаст аз чояш мехезад. Ки медонад, ин дам дашном додани ё ягон гапи обдор задани буд, ки нигохаш ба Парда-бобо афтода, суст мешавад.

– Хай-хай, магар намедони?

– Не, – кутох посух медихад Точинисо.

Охи вазнине мекашад Мулло Зухур ва тунду катъи мегуяд:

– Куръон!

– Наход?

– Ха, ман пушту панох, хомии Куръони карим хастам. Дигар занхо хам омада, аз гиребонам мегиранд, ки чаро ба у мумкину ба мо не? Ана баъд ёбу гир. Аз тарафи дигар гуфтаи Парвардигор амри вочиб аст. Ман кудрате надорам, ки сар бипечам ва ё ба андешаи ботиле биафтам. Дар акси хол аз лутфу мехрубонии у махрум хохам гашт.

Парда-бобо ба Точинисо нигохи голибонае мепартояд. Дили Точинисоро яъсу ноумеди фаро мегирад. Охи пураламе мекашад Мулло Зухур ва гуё чизеро барои худ кашф карда бошад, чашмашро ба бози дароварда, аз Точинисо мепурсад:

– Шавхар дори?

Хичолат мекашад Точинисо, ба руяш сурхи медавад. Ба замин дида духта, кутох чавоб медихад:

– Доштам.

Мулло Зухур пурсишашро идома медихад:

– Чудо шудед?

Сар ба тасдик мечунбонад.

– Фарзанд дори?

Боз сар ба тасдик мечунбонад.

– Чандто?

– Якто.

– Писар ё духтар?

– Писар.

– Нихоят, саволи охирин: никох доштед?

– Никох? – гашта мепурсад Точинисо ва ба инкор сар мечунбонад.

Мулло Зухур пешони чин карда, охи дарозе мекашад.

– Сад афсус, ки… – забон мехояд Мулло Зухур ва суи у нигохи маънидре меафканад.

Дили Точинисо аз зури хаячон ба тапиш меояд: гурс-гурс тапидани он баръало ба гушаш мерасад. Мегуфт, ки бидех, хар чи бодо бод!

– Мефахмам, – мегуяд Точинисо ва ба Мулло Зухур пул дароз мекунад. – Ин як хайр, дуо дихед.

Мулло Зухур:

– Лозим набуд, – гуён, пулро каб зада, мегираду даст ба дуо мебардорад.

Падару духтар хам даст ба дуо мебардоранд.

Мулло Зухур бо овози баланд:

– Кам нашав, духтарам, Худо ёрату Хизр алайхи-с-салом мададгорат, – гуён, даст ба руй мекашад.

Баъд саросема нашуда, челакашро дуруст карда, ба Точинисо як табассуми мулоимхунуконае хадя мекунад.

– Хуш, э, бале! Э, офарин!

Сипас лаб фуру баста, бо чашмони бегаму бепарвояш синчакорона ба Точинисо менигарад. Лахзае парешони хотири Точинисоро магшуш мегардонад. Вале зуд худро ба даст гирифта, нигохи уро дарк мекунад. Ха, пуртамаъ буд нигохаш. Бале: “Боз те!” – мегуфт.

“ – Э рубохи айёр-е!” – бо нафрат дар дил мегуяд Точинисо ва боз ба у пул дароз карда, бо як лахни форам:

– Ин барои зиёрати манзил, – мегуяд.

Мукобили ин часорати духтараш дар андоми Парда-бобо аломати норизои хувайдо мегардад. Мулло Зухур гуё хоб буду як кад парида, бедор мешавад, бо лакнати забони:

– Э… ъ… лозим набуд, – мегуяд ва пулро боз кап зада, мегираду ба кисааш чо мекунад. Баъд охе кашида, ангушти ишораташро ба пешони бурда, гуё ким-чиро ба хотир меорад ва оханги гуфторашро тагйир дода, мегуяд:

– Оббо, руи одам гарм-да…

“ – Не, руи пул!” – дархол дар дил мегуяд Точинисо.

– … Аввалин бор умед кашида, ба кулбаи ман омади, ноумед гашта рави хуб не. Хайр, чи илоч: “Зарур бошад, раво бошад!” – гуфтаанд. Барои ту шуда, хама гунохро ба гардани худам мегирам.

“ – Хо, рубохаки айёр-е!” – боз дар дил мегуяд Точинисо.

Пас аз ин Мулло Зухур тасбехашро ба даст гирифта, аз чояш мехезад:

– Хуб, рафтем, кабри модаратро зиёрат кунем, – гуён, пеш медарояд.

Вакте ки онхо аз дарвоза баромаданд, ба ёди Мулло Зухур боз чизе расидаги барин, меистаду лахзае ба онхо менигарад. Сипас чидди мепурсад:

– Тахорат доред?

– Ха, ха, дорем, – дархол чавоби дуруг медихад Парда-бобо.

Аммо Точинисо дуруг гуфта наметавонад.

– Ман надорам, – бечуръатона мегуяд. – Нафахмидам.

– Хайр, гард, дар хона тахорат кун, – хайрхохона ба у ру меорад Мулло Зухур.

– Набошад, ман хам аз сари нав тахорат кунам, – Парда-бобо хам кафо мегардад. – Рохи дароз омадам.

Пас аз адои тахорат Мулло Зухур боз ба онхо руй меорад:

– Одоби зиёрати гуристонро медонед?

Парда-бобо ба Точинисо ва Точинисо ба Парда-бобо нигох мекунад. Ва харду лолу музтар мемонанд. Харгиз интизор набуданд чунин саволро. Ба гушаи хаёлашон наомад, ки ин саволро ба онхо медиханд. Боз ки? – Мулло Зухур.

– Намедонед? – бо тааччуб мепурсад Мулло Зухур.

Сипас суоломез ба руи Парда чашм медузад. Вай харфе ба забон наоварда, гунахгорона сар ба зер меафканад. Мулло Зухур теги нигох ба суи Точинисо равон мекунад:

– Ту чи?!

– Не, – кутох чавоб медихад Точинисо.

– Об-бо, – норозиёна абру дархам мекашад Мулло Зухур ва бо шухи илова менамояд: – Шумо шахрихора дар нагмаву усул монанд.

Баъд файласуфона мегуяд:

– Худову расулро хам ёд кардан шарту зарур. Ха, хам фарзу хам карз.

Сипас одоби зиёрати гуристонро ба онхо фахмонда, рохи мешавад. Аз афташ, пул ба Мулло Зухури хафтодудусола кувваю дармон бахшид: вай чунон чобуку тез мерафт, ки аз кафояш расидан душвор буд. Мулло Зухур холо по ба остонаи гуристон намонда, гирдбоде мехезад.

– Ё наузанбиллох! – гуён, гиребон медорад Мулло Зухур ва дар чояш меистад. Падару духтар ба у пайрави мекунанд. Гирдбод як гуристонро чарх зада, мелесаду хору хаси онро ба осмон бардошта, шитобон меравад. Мулло Зухур “аз пасам оед” – гуён, ба онхо ба даст ишора мекунад.

Кабристони деха чандон калон набуд ва ба кабристон монанди хам надошт. Агар ходачубхои сари теппачахо намебуданд, он харобазореро мемонд. Чор дарахт ба чашм мерасид, ки кайхо хушкида, ба хода шабохат дошт. Хама чоро алафхои худруй пахш карда буд. Чанд гури фурурафта ба чашм мерасид, аз дохили яке устухонхо менамуданд. Ин хама ба дили Точинисо вохима меандозад. Ва дар чояш шах мешавад.

– Биё, биё! – мегуяд ба у Мулло Зухур.

Вай вохимаи худро пахш карда, дар дил: “Парвардигоро, бандаи пургунохатро бубахш! Бисмиллохи рахмони рахим”, – гуфта, рохи мешавад.

Мулло Зухур дар даромадгохи гуристон истода, Точинисоро ба пеш хидоят менамояд. Аммо у эътирозомез:

– Не, не, аввал шумо, – мегуяд.

– Мазор кадамгохест, ки калону худро намедонад, – боз файласуфона мегуяд Мулло Зухур. – Шоху гадоро ба мазор пайроха як аст

Дар фазои гуристон як сукути хузновару пурасроре хокими мекард. Точинисо ба гуристони харобазор менигаристу дилаш бемаром мезад.

– Гуристон не, харобазор, фаромушхона! – бидуни ихтиёр ба забон меорад Точинисо.

– Шаккоки накун?! – ба сари у дуг мезанад Мулло Зухур. – Ин чо касри консерт не, кабристон! Кани кабри модарат?

Вай як кад парида, дасту по мехурад. Лахзае хайрону музтар мемонад. Сипас суоломез чашм ба падараш медузад. Падараш аз ин нигох нохинчор шуда, харосону бо зарда, дуг мезанад:

– Чи ба ман нигох мекуни?

– Охир, боз ба ки нигох кунам?

Парда ба худ намуди чидди ва шиддатноке мегирад.

– Кабри модарамро нишон дихед.

Парда-бобо гурбавор, бо овози нимшунаво гулу афшонда:

– Ха-а, хозир, – гуён, ба чустучуи кабри хамсараш шуруъ мекунад.

Байни гурхо ин тараф-он тараф, охиста-охиста кадам мезад. Гох-гох истода, ин су-он су чашм медавонд. Ва боз чустучуро давом медод. Чустучуи кабр тул мекашад.

– Э, тезтар бош, руз бегох шуд! – ошуфтахотир мегуяд Мулло Зухур.

Хар чанд мечуяд – хайхот! – бенатича, кабри хамсарашро намеёбад. Нихоят охе мекашаду дар чояш меистад.

– Чи истоди? – норозиёна ру турш мекунад Мулло Зухур.

Парда-бобо китф дархам мекашад.

– Хайр, кадомаш? – бетокатона мепурсад Мулло Зухур.

– Надонам? – боз китф дархам мекашад Парда-бобо ва ким-чи хел очизона илова менамояд: – Охир, инхо хамаашон як хел-ку.

– Худатро сафед накун! – газаби Мулло Зухур чуш мезанад.

Бо карохат Точинисо ба падараш менигарад:

– Пас аз дафн ягон бор наомадед магар?

Ба чои чавоб Парда-бобо ба сукут меравад. Сукут аломати ризо. Точинисо таънаомез мегуяд:

– Наход ки дар рузхои иду айём хам омада, оят нахонда бошед?

Ягон харакате зохир намекунад Парда-бобо. Точинисо, дар холе, ки овозаш меларзид, мегуяд:

– О, аккалан ягона нишона мемондед, намешуд?!

– Чи, дигар кор надоштам?! – якбора ба шур меояд падараш. – Ё омада, гурбони мекардам?!

Дили озурдаи Точинисо сонияе аз кор мемонад, банди пойхояш суст ва бехол мешаванд. Сараш чарх зада, лабонаш меларзанд ва гиря гулугираш мекунад. Баъди андаке ба худ омада, бо як хиссиёти нафратовару таассуфомез ба падараш руй меорад:

– Худоё, наход ки гури хамсари худро надони! Охир, ин шармандагист! Охир, ин дахшат аст! Ин нанг аст!

Ин гуё фарёду нафрине буд, ки аз дилаш мисли як пора оташи сузон берун част.

Иззати нафси падар сахт кохида, аз газаб меларзад. Теги нигох суи духтараш мекашад. Аз хар тори мижгонаш кахру газаб мерехт. Аз шиддати он дар пешонааш арак пайдо мешавад.

– Хо-о-й, тирмизак! – дастак мезанад падараш. – Ба ту чи?! Ба ту нанг нест?! Ин кадар сол дар кучо буди?! Чаро уро ёд наоварди?!

Якбора дилу дасту пои Точинисо меларзанд. Ва уро араки шарму хаё пахш мекунад. Замин намекафад, ки дарояд. Сипас яъси сахте фарояш мегирад.

– Ох, Худоё!..

Тасбех аз дасти Мулло Зухур ба руи замин меафтад. Вай хам шуда, тез онро мебардорад ва шитобкорона аз хок тоза мекунад. Баъд онро мебусаду ба чашмонаш мемолад. Ва сипас озмоишкорона ба чехраи пуризтироби Парда-бобо назар медузад.

– Асаби нашав, Парда! – дилбардорона мегуяд ба у. – Асаби нашав, худро ба даст гир, вазнин шав!

Нафаси вазнин мекашад Парда-бобо ва ба руи Мулло Зухур менигарад.

– Охир… – забон хоида, лаб фуру мебандад.

Мулло Зухур маломатомез илова менамояд:

– Охир, ту марди-ку?!

Боз ох мекашад ва сар ба зер меафканад.

Аз ин каноатманд мешавад Мулло Зухур ва ба руи пур аз хузни Точинисо менигарад, гуё хеч вокеае руй надода бошад, оромона мегуяд:

– Хеч гап не! Руху арвохаш дар хамин гуристон аст-ку. Оят мехонем, зиёратат кабул гашта, рухаш осуда мегардад.

Гаму гуссаи сахте дили Точинисоро мефишорад.

– Модари азиз, ана ман, духтарат омадам, – мегуяд Точинисо ва боз ашк дар чашмонаш падид меояд.

“Аз Хиндустон хабар меояду аз гуристон не” – Точинисо садое намешунавад. Нури офтоб дар ашки у акс ёфта, ба чашми Парда-бобо мезанад.

– Оби дида накун! – танбехомез нидо мезанад Парда-бобо.

– Чашм дар чои тари, – файласуфона мегуяд Мулло Зухур ва менишинаду ба кироат сар мекунад. Вай оят мехонд, вале овозаш шунида намешуд. Танхо лабонаш мечунбиданду халос. Дуру дароз оят мехонад. Точинисо норохат шуда, мечунбад. Мулло Зухур нигохи газаболуде ба суи вай меафканад.

Пас аз адои оят ногах чашми Точинисо ба санги мармари сафеде меафтад. Кувваи ноаёне уро суи он санг мекашад. Дар руи суфтакардаи санги мармар бо харфхои кандакории зархали навишта шуда буд:

МАРДОН МУРОДОВ

21.06.1951 – 20.03.1993

Аз хамсараш.

Баногох Точинисо:

– Ох! – гуфта ба замин менишинад.

– Чи шуд?

Чун ба худ меояд, Точинисо лаб ба сухан во карда, мегуяд:

– Аз чилваи санги мармар чашмам сиёхи зад.

Ва аз чо бархоста, охи чукуру дардолуде мекашад.

– Э, мон-е! – махкумомез мегуяд Мулло Зухур. – Аз чилваи санги мармар чи самар?

Дили Точинисо меларзад. Нигохе суяш афканд, мехохад бигуяд, ки: “Ха, ба ту чилваи пул бошад!”. Вале гуфта наметавонад. Забонаш намегардад. Танхо аз чашмонаш катрахои ашк чори мешаванд.

– Боз оби дида?! – дагалона мегуяд Парда-бобо.

Чону чигари Точинисо сухта, нафасаш дар гулу мепечад. Гушхояш садо дода, сараш чарх мезанад. Боз ба замин мешинад.

– Эх, вой модарчон! – навха мекашад Точинисо ва сарашро руи санги сард мемонаду мегиряд. Хунгос зада, бо дарду алами бепоён мегиряд. Катрахои ашкаш бар сари санги мазор зада, чун садаф парешон мегаштанд.

Мулло Зухуру Парда-бобо хайкалвор рост меистоданд.

Акнун Точинисо беовоз мегирист. Оби ду чашмаи чашмаш лавхаи гурро мешуст.

Як хомушии хузнангезе хукмрон мегардад. Санги мармар аз нури хуршед чилва мекунад. Чилваи он гуё ханчаре буд, ки ба тани Мулло Зухур мехалад. Аз ин оташи газабаш аланга мезанаду ба Парда-бобо ру меорад:

– Чи шах шуди?!

Вай як кад парида, ба худ меояду суи Мулло Зухур мегардад.

– А-а… Чи гуфтед?

– Хезон уро! – Точинисоро нишони дода, амр мекунад у ба Парда-бобо.

– А-а… хозир, – гуён, Парда-бобо ба тори сари духтараш рафта, бо газаб амр мекунад:

– Хез!

Аз чо намечунбад Точинисо, амри падарро пушти по мезанад. Ин ба иззати нафси падараш сахт мерасад.

– Эъ, хез-е! – бо нафрат Точинисоро тела медихад.

Якнима, руи замин меафтад Точинисо.

– Хез, девонаги накун!

Аммо як раги Точинисо намечунбад.

– Э, вай мурдааст! – бо тахлука дод мезанад Парда-бобо.

Аз тарсу харос Мулло Зухур меларзад. Ва бехудона дод мезанад:

– Об биёр!

– Об?

– Ха, об! Оби сард! Тез!

– Ха, хуб, хуб, – гуён, Парда-бобо саросема ду-се кадам мемонаду меистад. Ва ба Мулло Зухур руй меорад:

– Дар чи биёрам?

– Дар сари каврат! – дод мезанад Мулло Зухур. – Дар панчаат… не, дар токиат!

Дав-давон Парда-бобо токиашро пури об карда, ба дасти Мулло Зухур медихад. Вай панча-панча об мепошид ба руи Точинисо ва ба рухсорахояш шапоти мезад. Ва:

– Хушёр шав! – гуён, садо мезад.

Нихоят Точинисо ба худ меояд, чашм кушода, харосон ба гирду атроф назар медузад. Нолише аз умки сина бадар мекунаду бехолона пахлу гашта, ба чояш мешинад. Баъд ру ба осмон меорад:

– Эй Худои карим, ку адолат?!

Ин суханон ба Мулло Зухур чун тир кора мекунанд.

– Э, хез-е!

– Рахм намо, Худоё!..

12 августи соли 2002

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …