Главная / Илм / АДЕНОМАИ ГАДУДИ ПРОСТАТА

АДЕНОМАИ ГАДУДИ ПРОСТАТА

adenomaАДЕНОМАИ ГАДУДИ ПРОСТАТА (Adenoma glandula prostatica), омоси гайрисаратонии гадуди простата (гадуди зермасона). Ба А. факат мардони аз 50- сола боло гирифтор мешаванд. А. суст инкишоф меёбад. Аввалин аломати калон шудани гадуди простата шабона зуд-зуд пешоб кардан аст. Дар аснои А. пешоб базур ва бе ягон хел фишор мерезад (хангоми росто пешоб кардан, бемор пойхояшро тар мекунад) ва ба атроф пош мехурад. Бо гузашти замон аломатхои бемори авч мегиранд ва пешоб факат дар натичаи сахт зур задан катра – катра меояд. Агар бемори табобат карда нашавад, мумкин аст ихрочи пешоб тамоман катъ гардад. Дар мавриди хеле давомнок будани А. пешоб беихтиёр ва охиста мерезад, аммо бемор хис намекунад, ки масона (пешобдон) холи шудааст. Бинобар ихтилоли пешоброни дар бофтахои гурда тагйироти зиёд (васеъ шу- дани хавзакхои гурда, газак ва г.) руй дода (ниг. Пиелонефрит), боиси пайдо шудани санг мегардад (ниг. Бемории санги пешоб). А. дар ибтидо харчанд безарар бошад хам, минбаъд мумкин аст ба омоси саратони табдил ёбад. Аз ин ру, баробари зохир шудани аломатхои аввалини бемори, хатман ба духтур мурочиат карда, тавсияхои уро пурра ичро намудан зарур аст (риояи коидахои бехдошт, пархез ва г.). Организмро бояд аз сармо (хусусан пойхоро) эхтиёт кард. Кори меъдаю рудахоро ба ни- зом дароварда, мунтазам бо варзиш машгул шудан лозим (хар руз 1 – 1,5 соат пеш аз кор ва баъди он). Пиёда гаштан хам манфиати калон дорад. Дар натичаи муддати дароз ихроч нашудани пешоб, масона сахт таранг шуда, боиси кабзи шадиди пешоб мегардад. Дар сурати пайдо шудани аломатхои аввалини А. бемор бояд ба духтури уролог мурочиат намояд. Аз истеъмоли гизохои тезу тунд, каламфур, хардал, консервахо, хуроквории дудхурда ва шароб пархез кардан лозим. Истеъмоли махсулоти шири (гайр аз шир, ки бои- си дамиши шикам мегардад) ва сабзавот муфид аст. Таомхои гуштинро бояд дар нимаи якуми руз тановул кард; баъд аз соати 6-и бегох камтар хурок хурдан лозим аст (бехтараш 2 – 3 соат пеш аз хоб хурок истеъмол накунед). Муоличаи А. чанд намуд мебошад. Пештар онро факат бо рохи чаррохи табобат мекарданд. Солхои охир усули ба дору муолича кардани он дарёфт шудааст. Доруро муддати тулони истеъмол намудан лозим меояд (мас., проскар, финастерид, простерид, празозин, тамсу- лозин, омник ва г.). Вале бе тавсияи духтур онхоро кор фармудан чоиз нест. А.-ро ба тавассути асбобхои махсуси оптики, афканишоти лазери, энергияи электр (ТУР), сармо (криодеструктсия) ва гарми (термоаблатсия, термотерапия) низ муолича мекунанд. Дар Точикистон барои табобати А. асосан аз усули чаррохи истифода мешавад. Натичаи муолича, одатан, хуб аст. Хангоми кухна шудани бемори ду маротиба чаррохи мекунанд: аввал ба масона носур гузошта, баъди чанд мох гадудро бурида дур месозанд. Беморе, ки ба масонааш носур гузоштаанд, ба нигохубин мухточ аст. Дар шароити хона лулаи резинии тахлия (дренаж)-ро рузе 2 маротиба бо оби гарм шустан лозим. Пешобгиракро низ бо оби гарм нагз мешуянд ва барои дезинфексия ва бартараф намудани буи пешоб бо 50 мл махлули 0,1%-и перманганати калий пур мекунанд. Хангоми дар зери ноф хис кардани дард, пешобронии дарднок ва тар шудани бандина бетаъхир ба духтур мурочиат кардан зарур аст.
Ад.: Лопаткин Н.А., Доброкачественная ги- перплазия предстательной железы, М., 1997; Кодири Т.Р., Мунтахаби дарсхои пешобшиноси, Д., 2000; Тиктинский О.Л., Калинина С.Н., Забо- левания предстательной железы, Санкт-Петербург, 2006. Т. Р. Кодири.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …