Главная / Илм / ЗАРБИ ЭЛЕКТР

ЗАРБИ ЭЛЕКТР

zarbi-elektrЗАРБИ ЭЛЕКТР, садамаи электр, зарар дидани организм аз чараёни электр. З. э. дар саноат, кишоварзи, наклиёт ва рузгор дучор меояд. Ба он ходисахои табиат, мас., барк низ метавонад мусоидат кунад.
Дарачаи зарар аз З. э. ба кувва, муковамат, давомоти таъсири чараёни барк ва хосиятхои физикии он (чараёни доими, тагйирёбанда) вобаста аст. Мукаррар гардидааст, ки хавфи чараёни тагйирёбандаи электр аз хама бештар аст. Бо баланд шудани муковамат хатар меафзояд. Таъсири чараён хар кадар бардавом бошад, З. э. хамон кадар вазнинтар мешавад.
Таъсири чараёни электр ба организм боиси ихтилоли гуногуни чузъи ва кулли мегардад. Дар сурати З. э. таъсири чузъии он (дар чои бахамраси) метавонад аз хиси андаки дард то сиёх гаштан ва сухтани ягон узви бадан иборат бошад. Таъсири куллии З. э. аз ихтилоли асабияи маркази, узвхои нафас ва гардиши хун иборат аст. Хангоми З. э. бехуши, халал ёфтани нутк, рагкаши, ихтилоли нафасгири (то катъ ёфтани нафас), дар холатхои вазнин шок мушохида мешавад. З. э.-и вазнин боиси марги фаври мегардад.
Дар пусти одамони ба зарбаи барк дучоромада изи чараён – «нишонаи барк» боки мемонад. Оташ гирифтани пушок дар вакти таъсири чараёни электр боиси сухтани бадан боис мешавад.
Дар мавриди З. э. пеш аз хама чабрдидаро аз таъсири чараён халос кардан лозим аст. Барои ин калид (рубилник)-ро чудо мекунанд, симхоро бурида, бо ёрии чуби хушк дур месозанд. Агар илочи аз манбаи чараён халос кардан набошад, пас чабрдидаро ба чои бехатар кашида бурдан лозим аст. Хангоми ин эхтиёткориро аз даст надихед. Ба чойхои барахнаи бадани шахси зарардида расидан мумкин нест. уро факат аз либос дошта (пешаки пойафзол ва дастпушакхои резини пушида ё ба даст латтаи хушк печонда) ва дар болои ягон чизи гайри нокил (мас., шишаи автомобил, тахта, латтаи хушк) истода кашола кардан даркор. Фавран духтур (ёрии таъчили)-ро чег задан лозим. То омадани мошини ёрии таъчили, бетаъхир, дар чои ходиса ба баркарор намудани кори силсилаи дилу рагхо ва нафасгири шуруъ мекунанд; нафасдихии сунъии дахон ба дахон ё дахон ба бини ва масхи пушида (аз болои сандуки сина)-и дилро кор мефармоянд. Нафасдихии сунъиро факат пас аз баркарор шудани нафаскашии мустакилонаи осебрасида катъ мекунанд. Ба замин гурондан ё болои осебдидаро бо хок пушидан тамоман норавост. Ин усули хурофотист ва сабаби марги чабрдида шавад (ягон натичаи муоличави набахшида, ба таъхир ёфтани чорахои зарурие, ки хаёти фалокатрасида ба онхо вобаста аст, боис мегардад). Осебдидаро фавран ба беморхона фиристодан лозим аст.
Дар мавриди васл ва таъмир кардани дастгоххои электри бояд эхтиёткор буд. Ба сим ва дастгоххои электри кудаконро наздик шудан намонед, дар хонахои зист аз разеткахое бояд истифода бурд, ки сарпуш доранд. Барои пешгирии эхтимоли зарбаи барк хангоми раъду барк дастгоххои радио ва телевизионро хомуш мекунанд; дар беша ва сахро бошад, зери дарахти токаи аз дигар дарахтон баланд, дар чои ба замин гур шудани баркгардон ва болои теппа намеистанд.
Ад.: Цейтлин М. Д., Справочник по травматологии, М., 1984; Буянов В. М., Первая медицинская помощь, М., 1986.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …