Главная / Илм / ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо мебошад. Офтоб курраи оташии гудозанда мебошад, ки дар наздикии замин ҷойгир шудааст.

Чуноне, ки ба мо маълум аст, ки дар гирди Офтоб 9 сайёра давр мезанад: Меркурий, Зуҳра, Замин, Миррих, Муштарй, Зуҳал, Ураниум, Нептун, Плутон (рас. 28.) Офтоб сарчашмаи гармӣ буда, ҳаётро дар замин таъмин мекунад. Ба шарофати Офтоб дар Замин дарахтон месабзанд, гулҳо мешукуфанд, рӯдҳо ҷорй мешаванд ва боронҳо меборанд.

planet

Моҳ – ягона ҳамсафари табии Замин мебошад, ки наздиктарин ҷисми осмонӣ ба замин мебошад. Ҳар моҳ Маҳтоб дар гирди Замин пурра давр зада мебарояд. Дар натиҷаи кашиши гравитатсионии Офтоб ва Моҳ дар уқёнусҳо ва баҳрҳо мадду ҷазр ба амал меояд.

Нерӯи кашиши Моҳ нисбат ба Офтоб 2 маротиба бештар мебошад.

Одамон ҷирмҳои осмониро мушоҳида карда, тақвими офтобй ва моҳтобиро тартиб доданд, муаян кардани вақт ва мавқеъи худро дар хушкй ва дар баҳр ва инчунин муаян кардани шакл ва андозаи Заминро ёд гирифтанд

Замин аз миёни 9 сайёраи системаи Офтобӣ ба гурӯҳи сайёраҳои хурд шомил мегардад. Замин ду баробар аз Уторид бузург буда 11 маротиба аз сайраи аз ҳама бузург – Муштарӣ хурд мебошад.

Замин мисли дигар сайёраҳои Системаи офтобӣ шакли курраро дорад ва диаметри миёнаи он 12 750 км-ро ташкил медиҳад.

Масоҳати сатҳи Замин 510 млн 200 ҳаз. км. кв. буда, ҳаҷмаш 1,083×1012 км. кубй мебошад.

Аз замонҳои қадим, солҳои тӯлонй сайёҳон ва таҳқиқотчиён заминҳои нав, уқёнусҳо ва баҳрҳо, ҷазираҳо ва дигар объектҳои географиро кашф мекарданд. Яке аз кашфиётҳои муҳим баромадани инсон ба баландтарин қуллаи ҷаҳон – Ҷомалунгма ва фуруд омадан ба чуқуртарин мавзъи уқёнуси ҷаҳонй – чукурии Мариан ба шумор мераванд.

Дар ҳоли ҳозир дар Замин ҷойҳои ноомӯхта боқй намондаанд, аммо дар та- биат равандҳои гуногуне мегузаранд, ки сабаби тағйир дар муҳити гирду атроф мегардад ва ин аз олимон таҳқиқоти доимй ва дақиқро тақоҳо мекунад.

Инсон ниёзи ҳамешагй ба хӯрок, пӯшок, захираҳои табии, канданиҳои фо- иданок дорад ва ҳамаи инҳоро аз Замин дарёфт меқунад ва дар навбати худ ба тағйирот дар ҷаҳони гирду атрофи мо оварда мерасонад.

Қисматҳои табии бевосита ба раванди фаъолияти ҳаётии инсон алоқаманд, доиман тағйир меёбанд ва ин мушкилоти экологиро ба бор меорад. Ҳамаи ин мушкилоти истифодаи оқилонаи захираҳои табии ва муҳофизати муҳити зистро ба бор меорад. Бо кашфи асрори табиат, бояд таҳқиқотҳои географие бурд, ки ба истифодаи оқилонаи табиат равона гардида бошанд.

Савол ва супоришҳо

  1. Куррашаклии Замин ба табиат чӣ гуна таьсир мерасонад?
  2. Дар бораи таҳқиқотҳои олимони муосир дар бораи Замин чӣ медонед?

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …