Главная / Биология / ЯДРОИ ҲУҶАЙРА

ЯДРОИ ҲУҶАЙРА

Ядро қисми таркибии ҳуҷайра буда, дар он КДН, яъне генҳо ҷой доранд. Ядро ду вазифаи муҳимро иҷро мекунад:

1- нигоҳдоранда ва такроркунандаи ахбороти ирсӣ; 2 – танзимкунандаи равандҳои мубодилаи моддаҳое, ки дар ҳуҷайра мегузаранд. Ҳуҷайра бе ядро дуру дароз зиндагӣ карда наметавонад. Ҳамчунин, ядро низ озодона қобилияти зист надорад, барои ҳамин ядро ва ситоплазма ба ҳам зич алоқаманд буда, системаи томро ташкил мекунанд. Бештари ҳуҷайраҳо дорои як ядроанд. Лекин ҳуҷайраҳое низ ҳастанд, ки 2-3 ядро доранд, масалан, ҳуҷайраҳои ҷигар. Ҳамчунин, ҳуҷайраҳое вомехўранд, ки серядроанд ва адади ядрои онҳо то даҳҳо мерасанд.

Хромосома

Шакли ядро бо шакли ҳуҷайра вобастагӣ дошта, метавонад бешакл низ бошад .

Ядроҳо доирашакл ва серқанот мешаванд. Ноҳамворӣ ва ҳубобчаҳои пардаи ядро то андозае сатҳи ядроро зиёд мекунад, ки ин ба афзоиши алоқаи сохторҳои ядроӣ ва ситоплазмавӣ мусоидат менамояд (расми 5.5).

Сохти ядро. Ядро бо парда пўшида шуда, аз ду қабат мембрана иборат аст (расми 5.6). Мембранаи қабати берунии ядро бо ситоплазма нигаронида шуда, бо рибосомаҳо пўшида шудааст. Мембранаи дарунӣ ҳамвор аст. Пардаи ядроқисми системаи мембранавии ҳуҷайраро ташкил мекунад. Ғуричаҳои мембранаи беруни ядро бо ҷўякчаҳои тўри эндоплазмавӣ пайваст шуда, як системаи бо ҳам алоқаманди ҷўякчаҳоро ташкил медиҳад. Мубодилаи моддаҳо дар байни ядро ва ситоплазма бо ду роҳ амалӣ мегардад. Якум, дар пардаи ядро масомаҳои хурд бисёр буда, ба воситаи онҳо мубодилаи молекулаҳо байни ядро ва ситоплазма баргузор мегардад.

Дуюм, ин моддаҳо аз ядро ба ситоплазма ва баракс, дар натиҷаи печишҳо мегузаранд (ба расми 5.5 нигаред). Гарчанде мубодилаи моддаҳо байни ядро ва ситоплазма фаъол аст, лекин пардаи ядро қобилият дорад, ки маҳсули худро аз ситоплазма ҷудо намояд. Дар натиҷа фарқияти таркиби химиявии шираи ядро аз ситоплазма нигоҳ дошта мешавад. Ин барои фаъолияти мўътадили сохторҳои ядро лозим аст.

Мўҳтавои ядро аз шираи ядро, хроматин ва ядроча иборат аст. Дар ҳуҷайраи зинда шираи ядро моеи бешакл буда, дар таркиби он сафедаҳои гуногун, аз ҷумла, ферментҳои ядро, сафедаҳои хроматинӣ ва сафедаҳои рибосомаҳо ҷой

гирифтаанд. Дар шираи ядро ҳамчунин нуклеотидҳои озод, барои сохтори КДН ва КРН аминокислотаҳо, ҳамаи намудҳои КРН ва маҳсули фаъолияти ядро ва хроматин, ки баъзан бо ситоплазма мегузарад, мавҷуданд.

Хроматин (аз лотинии chromo – ранг) гуфта, сохти панҷарашакли ядроро меноманд, ки ба осонӣ ранг мегирад ва бо шакли худ аз ядроча фарқ мекунад. Хроматин дар таркиби худ КДН ва сафеда дошта, қисми хромосома аст ва дар шакли печутоб намоён мешавад. Қисмҳои морпечи хромосома аз ҷиҳати генетикӣ ғайрифаъоланд.

Хромосомаҳо вазифаи асосии худро, ки гузаронидани ахбороти ирсӣ аст, фақат дар ҳолати деспирализатсия ба ҷо меоранд. Дар ҳуҷайраҳои тақсимшаванда ҳамаи хромосомаҳо шакли спиралӣ (пурпечутоб) доранд.

Хромосома сохтори мустақили ядро аст. Шакли хромосома ба кашишхўраки якумин вобаста буда, онро сентро мера меноманд; дар вақти тақсимшавии ҳуҷайра (митоз) ба он тори ахроматинӣ пайваст мегардад. Сентромера хромосомаро ба ду китф (дўш) ҷудо мекунад. Вобаста ба ҷойгирии сентромера хромосомаҳо се шакл мешаванд:

  1. Баробардўш, ки ҳарду ҷониби дўши хромосома баробаранд ё қариб баробаранд;
  2. Нобаробардўш, яъне дарозии дўшҳо нобаробаранд;
  3. Чўбчамонанд, ки як дўш дароз, дўши дигар хурд буда, баъзан бо мушкилӣ намоён мегардад.

Ҳамчунин, хромосомаҳои нуқташаклро низ дидан мумкин аст, ки дўшҳо хеле хурданд (расми 5.15).

Дар натиҷаи омўзиши хромосомаҳо маълум гашт:

  1. Дар ҳамаи ҳуҷайраҳои ҷисми растанӣ ва ҳайвонот миқдори хромосомаҳо якхелаанд.
  2. Ҳуҷайраҳои ҷинсии растанӣ ва ҳайвонот нисбат ба ҳуҷайраҳои ҷисмӣ ду маротиба камтар хромосома доранд.
  3. Миқдори хромосомаҳои ҳуҷайраи организмҳое, ки ба як намуд дохил мешаванд, якхелаанд.

Миқдри хромосомаҳо нишонаи дараҷаи ташаккул набу- да, ҳамеша қаробати организмҳоро муайян намекунанд. Баъзан дар гурўҳҳои систематикии аз ҳам дур миқдори якхелаи хромосомаҳоро дидан мумкин аст, ё баракс намудҳои қаробаташон наздик миқдори гуногуни хромосома доранд. меравад, яъне ба ҳар намуди растанӣ ва ҳайвонот дастаи муайяни хромо-

сомаҳо хос аст. Умумияти миқдорӣ ва сифатии аломатҳои дастаи хромосомаҳои ҳуҷайраҳои ҷисмии ин ё он намуди организмҳоро кариотип меноманд (расми 5.16).

Миқдори хромосомаҳо дар кариотипи аксарияти намудҳо ҷуфтанд. Ин далели он аст, ки дар ҳуҷайраҳои ҷисмӣ ду хромосомаи шакл ва андозаи якхела дорад ва яке аз организми падар ва дигаре аз модар мерос гирифта шудааст. Хромосо-

маҳои шаклу андозаашон якхела генҳои бо ҳам монанд доранд ва онҳоро хромосомаҳои гомологӣ меноманд.

Дастаи хромосомаи ҳуҷайраи ҷисмӣ, ки ҳар яки он ҷуфти худро дорад, дутоӣ ё диплоидӣ буда, бо 2п ишора мешавад.

Ҳамин тариқ, миқдори КДН ба дастаи хромосомаҳои диплоидӣ мувофиқ буда, бо 2с ишора мегардад. Аз ҳар ҷуфти хромосомаҳои гомологӣ ба ҳуҷайраҳои ҷинсӣ фақат якто мегузарад. Аз ин рў, дастаи хромосомаи (гаметаҳо) ҳуҷайраҳои ҷинсӣ яктоӣ ё гаплоидӣ (тоқ) номида шуда, кариотипи чунин ҳуҷайраҳоро бо 1п, 1с ишора менамоянд.

Баъди ба анҷом расидани тақсимшавии ҳуҷайра, хромосомаҳо рост шуда, шакли тормонандро мегиранд ва дар ядрои ҳуҷайраҳои духтарона пайдо гашта, тори борик ва лўндаи хроматин аз нав ба вуҷуд меояд.

Ядроча. Ядроча яке аз қисмҳои ядро буда, шакли доираро дорад ва дар шираи ядро ҷойгир шудааст (ба расми 5.5 нигаред). Дар ядрои ҳуҷайраҳои гуногун, ҳамчунин дар як худи ҳуҷайра вобаста ба вазифа аз 1 то 5-7 ва бештар ядроча мавҷуд аст. Миқдори ядрочаҳо метавонанд аз миқдори дастаи хромосома низ зиёдтар бошад. Ин дар натиҷаи дучандшавии интихобии генҳое, ки барои синтези КРН-р лозиманд, ба амал меояд. Ядроча фақат дар ядроҳои тақсимнашуда вуҷуд дорад; дар вақти тақсимшавии митозӣ ядроча дар натиҷаи печутоб хўрдани хромосомаҳо нест мешавад. Баъди ба охир расидани тақсимшавӣ, ядрочаҳо боз аз

нав ба ҳамон миқдори пешина ташаккул меёбанд. Ядроча сохтори мустақили ядро набуда, дар атрофии хромосома, ки дар он ҷо генҳои сохтори КРН-р (расми 5.17) ҷойгиранд, ташаккул меёбад. Ин қисми хромосома (ген) таш-килкунандаи ядроча ном дошта, дар он ҷо синтези КРН-р ба амал меояд. Fайр аз ҷамъшавии КРН-р дар ядроча ҳисса-чаҳои рибосома ба вуҷуд омада, ба ситоплазма мегузарад.

Бо ёрии катиони Са2+ рибосомаҳо том шуда, қобилият доранд дар синтези сафеда иштирок кунанд. Ҳамин тавр, ядроча мавзеи ҷамъшавии КРН-р ва рибосомаҳо буда, асоси онро қисми хромосома, ки гени ташкилкунандаи ядрочаҳоро дорад, ташкил медиҳад (дар он ахбороти ирсӣ оид ба сохтори КРН-р ҷой гирифтааст).

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Сохти ядрои ҳуҷайраи эукариотиро фаҳмонед.
  2. Ядроча чист?
  3. Мубодилаи моддаҳо дар байни ядро ва ситоплазма чӣ гуна мегузарад?
  4. Хроматин чист?
  5. Хромосомаҳо чӣ гуна ва аз чӣ сохта шудаанд?
  6. Таносуби миқдории хромосомаҳои ҷисмӣ ва ҷинсӣ чигунаанд?
  7. Кадом хромосомаҳоро гомологӣ меноманд?
  8. Кариотип чист? Онро шарҳ диҳед.
  9. Кадом дастаи хромосомаҳоро гаплоидӣ ва диплоидӣ меноманд?
  10. Хромосомаи бактерияҳоро ба ёд оварда, фарқияти онро аз хромосомаи эукариот нишон диҳед.

Истилоҳот:

  1. Ядроча – ҷамъ шудани сафедаҳои КРН-р ва қисмҳои рибосома. Асоси онҳоро қисми хромосома, ки дар он гени ташкилкунандаи ядроча воқеъ аст, муайян мекунад.
  2. Кариотип – ҷамъбасти аломатҳои сифатӣ ва миқдории дастаи хромосомаҳои ҳуҷайраи ҷисмӣ.
  1. Хромосома – структураи мустақили ядро, ки дўшҳо ва сентромера дошта, аз ду хроматин иборат аст.
  2. Гетерохроматин – гранулҳо ва тўри сохтории ядрои тақсимшудаи ҳуҷайра, ки то андозае қисми хромосомаи он шакли спиралро дорад.
  3. Пардаи ядрогӣ – структураи ҳуҷайра, ки аз ду мембрана иборат буда, ядроро аз ситоплазма ҷудо мекунад.
  4. Эухроматин – қисми фаъоли генетикии хромосома, ки дар зери микроскопи рушноӣ дида намешавад.
  5. Кариоплазма – ҳолати махсуси ядро, ки дар он маҳлули маводи фаъолияти ҳаёти сохтори ядрогӣ ҷой гирифтааст.
Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

kabuti

Кабудӣ (Кабутӣ) барои хурока

Кабудӣ – шибит, кашнич, пиёзи кабуд, райҳон, пудина, ҷаъфарӣ ва ғайра ба миқдори зиёд витамину …