Главная / Ҷамъият / Тариқаи дуои фотиҳа дар хона (хатми сағир)

Тариқаи дуои фотиҳа дар хона (хатми сағир)

Ва агар дар хона барои арвоҳҳои гузаштагони худ ва макону манзилот мехоҳед, ки дуои фотиҳа кунед, пас, бояд аз паси ҳар намози панҷвақта ва ё бегоҳҳои душанбеву панҷшанбе ва ҷумъаву иду айём бояд инчунин дуои фотиҳа кунед, ки инро «хатми сағир» меноманд ва мо онро ба пуррагӣ дар поён меоварем.

Аузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

duo-namoz

Қул Ҳуваллоҳу Аҳад. Аллоҳу-с-Самад. Лам ялид ва лам юлад. Ва лам яку-л-Лаҳу куфуван аҳад. (се маротиба).

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Қул аузу би-Рабби-л-фалақ. Мин шарри мо халақ. Ва мин шарри ғосикин изо вақаб. Ва мин шарри-н-наффосоти фӣ-л-уқад. Ва мин шарри ҳосидин изо ҳасад. (як маротиба).

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Қул аузу би-Рабби-н-нос. Малики-н-нос. Илоҳи-н-нос. Мин шарри-л-васвоси-л-ханнос. Ал-лазӣ ювасвису фӣ судури-н-нос. Мина-л-ҷиннати ва-н-нос. (як маротиба).

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ал-ҳамду лиллоҳи рабби-л-оламин. Ар-Раҳмони-р-Раҳим. Молики явми-д-дин. Ийёка наъбуду ва ийёка настаъин. Иҳдина-с-сирота-л-мустақима, сирота-л-лазина анъамта алайҳим, ғайри-л-мағзуби алайҳим вала-з-золлин. (Омин). (як маротиба).

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Алиф лом мим. Золика-л-Китобу ло райба фиҳи, худал-ли-л-муттақин. Ал-лазина юъминуна би-л-ғайби ва юқимуна-с-салота ва миммо разақноҳум юнфиқун. Ва-л-лазина юъминуна би мо унзила илайка ва мо унзила мин қаблик, ва би-л-охирати ҳум юқинун. Улоика ало ҳудам-ми-р-Раббиҳим ва улоика ҳуму-л-муфлиҳун. (як маротиба).

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма салли ало сайидино ва набийино Муҳаммадив-ва ало оли сайидино ва набийино Муҳаммадин фӣ-л-аввалина ва-л-охирина ва фӣ-л-малоил-аъло ило явми-д-дин. (як маротиба).

Садақаллоҳу-л-Алийю-л-Азим. Ва садақа Расулуҳу-н-Набийю-л-карим. Ва наҳну ало золика мина-ш-шоҳидина ва-ш-шокирин. Ва-л-ҳамду лиллоҳи рабби-л-оламин.

Субҳона Раббика Рабби-л-иззати аммо ясифун. Ва саломун ала-л-мурсалин. Ва-л-ҳамду лиллохирабби-л-оламин.

Сипас дастҳоро бардошта ин тавр дуо кунад. Дуо ин аст:

Бахшидем савоби ин оятҳои тиловатшударо ба ризоии ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу ва таоло, хусусан ба рӯҳи муқаддаси ҷамеи анбиёву авлиё ва муқаррабони даргоҳи  Илоҳо, хусусан ба рӯҳи пурфутуҳи  мутаҳҳари мунаввари муаззами сайиди коинот Ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ало олиҳи ва асҳобиҳи ва зурриётщи ва ба рӯҳи чаҳор ёри босафо ва ҷамеи муфассирин ва муҳаддисину муҷтаҳидин, хусусан ба рӯҳи Ҳазрати Имоми Аъзам раҳматуллоҳи алайҳ ва ба рӯҳонияти падарону модарон ва устодону муаллимон ва ба рӯҳи ҷумлаи ҳақдорони мусалмонон ва ғарибону бекасони аввалину охирин ва аҳли имон бирасонӣ ва хонаи қабри эшонро пурнур ва рӯҳашонро бо ҳузур дошта, бо ҳурону ғилмонони биҳиштӣ мунису қарин гардонӣ. Ва танҳои эшонро аз оташи дузаху барзах наҷот дода, биҳишти анбарсиришт муяссар карда, ба ҳазрати Худ бирасонӣ. Ва ба туфайли ҷумлаи уммати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин бандаи шармандаи пургуноҳи камбизоатро ба Худ мухтоҷ намуда, аз ғайри Худ бениёз гардонӣ. Ва саллаллоҳу таоло ало хайри халқиҳи Муҳаммадив-ва ало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин. Баъд «Омин» гуфта даст бар рӯйи худ бимолад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …