ТЎҲМАТ

– Писарам аз хобат хез, ки дер шуд.

– Имрўз якшанбе, дадо. Рўзи истироҳат, ҳоло берун ҳам тип-торик.

– Медонам, лекин ба бозор рафтан даркор. Барвақтар, баракати хариду фурўш напарида расида равем мегўям.

– Ман ҳозир, зуд омода мешавам.

Аз сар то охири раҳ падару писар хомўш ғарқи хаёли худ буданд. Падар калон-калон қадам мепартофт. Писар ақиб намонам гуфта чолокона медавид.

номи исломи

– Дадо, ба молбозор меравем?

– Ҳа…

– Ғуночин мехарем?

– Ту аз куҷо медонӣ?

– Шаб бедор будам, гуфтугўӣ шумову модарамро шунидам.

Аз чарогоҳи ферма модагове гум шуда будаасту тўли ду ҳафта азбас саршумор накардаанд, бехабар мондаанд. Молҳоро чанде пеш аз ноҳияи ҳамсоя оварда буданд. Бинобар ин, ки байни говбонҳо тақсим нашудаанд, аз гардани ҳисобчӣ низ сокит накардаанд. Маҳз дар ҳамин муддат як сар ғуноҷин бедарак ғайб задааст. Одамони ферма аз мурдани хеш огоҳӣ доштанду аз тақдири он ҷонвар не. Кофтукову пурсуҷў ягон нафъ набахшид. Мудир ба идораи колхоз арз намуда масъаларо кундаланг мегузорад. Ҳисобчиро дар ҷаласаи васеъ  то нисфи шаб муҳокима намуда, муттаҳам мебароранд ва талаб мекунанд, ки худи пагоҳ говеро биёраду ба ҷояш супорад. Мард аз ин хусус ба занаш ҳасрати дил карда буд.

Савдояшон бобарор омад. Ғуноҷини алои шуданиро хариданд.

– Дадо, рост ба ферма мебарем?

– Ҳа.

– Ба говбон месупорем?

– Ҳа.

– Сонӣ чӣ?

– Сонӣ, ҷонамон халос, писарам.

Мард арғамчини нави говро  аз нўги шохаш баровард. Писараш навдаи говҳайкуниро як сў ҳаво дод. Бо говбон ҳисобашонро баробар карданд.

Падару писар лаби ҷўй хам шуда дасту рўй шустанд.

– Нархи бозор ин ҳафта чӣ хел шудааст? – рост истода пурсид говбон.

– Тағйир наёфтааст…

Тахмин ба панҷсад сўм савдо кардагистед?

– Камтар зиёд.

– Ҷабр шуд, ҷабр. Баъзе падарлаънатҳо обро лой карда моҳӣ медоранд. Як рўз, дер ё зуд аз баданашон зада мебарояд, – говбон ҷониби қаровулхона рафт.

Падару писар, танҳо монданд. Мард мўйҳои паҳмоқи сари писарашро силазанон ғарқи андеша менишаст.

– Писарам, бовар кун, ман гунаҳгор нестам. Дуздӣ ҳам накардаам. Бовар кун…

Падар рўяшро тарафи дигар гардонд, то мабодо қатраи ашки чашмонашро писараш набинад.

Вай аз таҳқири беинсофон, аз ноодамӣ, аз дасткўтоҳӣ хўрияш омада даруни дил такрор ба такрор мегуфт:

– Бовар кун, писарам. Ман дузд нестам.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …