Главная / Маданият ва санъат / Шеър дар бораи Хорпуштак

Шеър дар бораи Хорпуштак

Ана хорпуштак омад,
Кашида ҳуштак омад,
Бубин нақши пояшро,
Нӯлаки зебояшро,

 

Вай аз раҳи дур омад,
Бар дӯшаш ангур омад,
Маро диду ҳайрон шуд,
Суйи дигар равон шуд,
Аз ақибаш давидам,
Ба хори ӯ  расидам.
Хораш ба каф даромад,
Аз кафам хун баромад.

 
Хорпуштак эй хорпуштак
Як гап дорам ист андакак,
Хорат азият дорад.
Ба касе намефорад,
Ин дафъа биё бе хор.
Бозӣ кунем беозор.
 

 Стихи Ёжик

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bobo

Бобое Файз

Рамаҳои колхози Рӯдакӣ зимистон ба даштҳои Ӯзбакистон мерафтанду тобистон ба чарогоҳҳои худамон, ба Тоҷи- кистон …