Главная / Ҷамъият / САФАР БА ҲИНД

САФАР БА ҲИНД

Баъд аз хайрухуш бо волидон, бародарам Абдулҳаким маро аз фурудгоҳи Хуҷанд ба Маскав гусел кард. Ба фарқ аз хизмати сарбозӣ, ин бори аввал буд, ки ман мустақилона ва танҳо аз То- ҷикистон берун сафар мекардам ва ба ман як ҳиссиёти аҷибе даст дод. Гӯё як қисми дилам канда шуда, дар Тоҷикистон монда буд. Бо як ҳиссиёту ҳаяҷон аз пешомади номуайян парвоз ме- кардам. Тасаввуроти ман дар бораи Маскав ноқис буд. Ғайр аз соати бурҷи Кремлин, ки ҳар рӯз дар барномаҳои ахбори теле- визор нишон дода мешуд, аз Маскав чизи дигаре намедонистам. Он замон Маскавравӣ ба кам касон муяссар мешуд. Дар хаёлам Маскав як шаҳри бузурге метофт, ки дар он ба қавли маъруф, «саг соҳибашро намеёбад». Нигарон будам, бим доштам, ки шояд раҳгум занам, сарсону саргардон шавам.иёнаҳои моҳи августи соли 1991 маро ба шуъбаи кадри Донишгоҳ даъват карда, суроғаву рақами телефон ва номи як нафарро аз Вазорати маорифи Шӯравӣ дар Маскав дода, фармуданд, ки рӯзи 20-уми август ба он ҷо ҳозир шавам.

hinduston

Фурудгоҳи Домодедовои Маскав он замон нисбат ба имрӯз хеле хурду назарногир буд. Аз ҳавопаймо пиёда шуда, ба берун баромадам ва аз телефони дутина ба рақами вазорат занг задам. Он тарафи хат як нафар хеле муаддабона, ба ман фаҳмонда дод, ки чӣ гуна ба наздаш биёям.

Аз фурудгоҳ бо қатори барқӣ ба истгоҳи гуфтааш расида, ба метро даромадам ва зуд ба ҷои лозим расидам. Дар ҳавопаймо фикр мекардам, ки хеле сарсону саргардон хоҳам шуд, вале ме- трои Маскав воқеан ёфтани суроғаро осон кард. Он мард маро хуш қабул карду паспортамро гирифта, ба дастам як суроғаро навишта дод ва гуфт, ки рафта дар ҳамин хобгоҳ ҷойгир шавам ва рӯзи дигар ба наздаш биёям. Ин дафъа ёфтани хобгоҳ душ- вортар менамуд, зеро ғайр аз метро боз ду бор трамвай иваз кардан лозим меомад. Вале маскавиҳо бо камоли майл ёрӣ ме- расонданд. Фикр мекардам, ки хобгоҳ мисли хобгоҳи донишгоҳи худамон дар Душанбе бошад. Вале ин хобгоҳ тозаву озода ва мураттаб буд. Барои ҳар ду ҳуҷрааш якто утоқи дастшӯӣ ва оби гарм дошт. Воқеан, дар Маскав ҷои хубе бароям доданд.

Ҷомадонамро монда, барои хӯроки шом баромадам. Ба ҷои ошхона иштибоҳан, ба аввалин мағоза даромадаму аз ҳайрат шах шудам. Витринҳо пур аз навъҳои ҳасибу гӯшти тозаву рав- ғани зарду ховёр (тухми моҳӣ) ва чизҳои дигар буданд. Рафҳои мағоза пур аз навъҳои гуногуни нону консерву шишаҳои ран- горанг буданд. Ман чанд дақиқа лол шуда мондам. Баъд ба худ омада, витрину рафҳоро аз наздик тамошо кардам. Дар мағозаҳои марказии Душанбе даҳ дарсади ин фаровонӣ набуд, дар ҳоле ки ин фақат як мағозаи одии Маскав буд.

Маскав торафт бештар маро тасхир мекард. Одамони бо- маданияту хушодоб, нақлиёти муназзаму камодам, мағозаҳои пур аз мол ҳавасамро меоварданд. Орзу мекардам, ки дар чунин шаҳре зиндагӣ кунам. Ман боварӣ доштам, ки ба мақсади асли- ям – дипломат шудан хеле наздик шудаам. Баъд аз таҷрибаомӯзӣ дар Ҳинд имкони дар вазорати хориҷа кор кардан пайдо ме- кардам. Дар хаёлотам худро дипломат медидаму босалобат дар кӯчаҳои ҳамин гуна шаҳри зебо тасаввур мекардам. Ҳамин тавр, як ҳафта дар пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ истода, онро хеле тамошо кардам.

Рӯзи пеш аз парвоз он корманди вазорат мо донишҷӯёнро ҷамъ карда, дастуроти лозимаро дод. Тибқи гуфтаи ӯ, мо бояд ғайр аз паспорти хориҷӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳоямонро месупурдем ва ҳатто пулҳои шӯравиро ҳам ҳамроҳамон намебурдем. Ман ҳамроҳам каме бештар аз 300 сӯм пул доштам. Бо роҳнамоии донишҷӯёни дигар, пулҳоямро дар шуъбаи Сбербонк – бонки амонатнигоҳдорӣ, ки дар рӯбарӯи бинои Вазорат ҷой дошт, супурда, дафтарчаи амонатро гирифтам.

Рӯзи дигар санадҳои маро омода карда, бо билет ба да- стам доданд ва аз фурудгоҳи Шереметево бо парвоз ба Деҳлӣ фиристоданд. Нафари дувуме, ки он сол барои таҷрибаомӯзӣ дар Ҳинд интихоб шуда буд, Сӯҳроб ном донишҷӯ аз гурӯҳи забони ҳиндӣ буд.

Фурудгоҳи Шереметево махсуси парвозҳои хориҷӣ буда, он замон нисбат ба Домодедово хушсохту барҳаво буд. Ман аробачаҳои борбариро, ки имрӯзҳо дар фурӯшгоҳҳо як чизи маъмулӣ ҳастанд, бори аввал дар ин фурудгоҳ дидам. Таблои бу- зурге дошт, дар он ҳар замон номи шаҳрҳо ва рақами парвозҳо аз боло ба поён бо садои шарақ-шарақ иваз мешуданд. Бори ав- вал бо истилоҳи Custom, Passport control ва назири онҳо рӯбарӯ шудам. Дохили фурудгоҳ чанд қаҳвахона дошт, ки нархи як ҷуръа қаҳвааш баробари харҷи чандрӯзаи ман дар Душанбе буд. Мағозаҳои Duty Free дошт, ки аз мағозаҳои шаҳри Маскав ҳам зеботару муҷалло буд, вале дар ин мағозаҳо фақат доллар қабул мекарданд, бо пули шӯравӣ аз ин мағозаҳо чиз харида намешуд. Барои ман ин фурудгоҳ гӯё як дунёи дигар буд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …