Главная / Ҷамъият / Садақа додан

Садақа додан

Садақа додан

Расули акрам (с) фармудаанд, ки Аллоҳ таъоло заминро бар болои об халқ кард. Замин ба ҳаракат даромад, карор нагирифт. Аллоҳ таъоло кӯҳҳоро бар болои замин офарид, замин аз харакат бозистод. Фариштагон дар тааҷҷуб шуда муноҷот карданд, ки Илоҳо, аз кӯх бақуваттар чизе халқ карда бошӣ?

Аллоҳ таъоло гуфт: аз кӯҳ боқуваттар оҳан бошад.

Фариштагон гуфтанд: Илохо, аз оҳан бақуваттар чист?

Нидо омад, ки аз оҳан бақуваттар оташ бошад.

Фариштагон гуфтанд: Илоҳо, аз оташ бақуваттар чист? Нидо омад, ки аз оташ бақуваттар об аст, фариштагон гуфтанд: Илохо, аз об бақуваттар чист?

Нидо омад, ки аз об бақуваттар бод бошад.

Фариштагон гуфтанд: Илоҳо, аз бод бақуваттар чист?

Нидо омад, ки аз бод бақуваттар садақаи фарзандони одам аст, ки садақаро ба дасти рост диҳанд, дасти чапи онҳо хабардор нашавад.

Аз ҳамаи чизе, ки зикр кардем, садақа боқуват аст. Аз ин ҷиҳат бузургон дар садақа додан панҷ чизро ихтиёр кардаанд:

Аввал, садақаро пинҳонӣ медоданд ва баъзе ба дарвешони кур медоданд, то ки соҳиби садақаро нашиносанд. Баъзан дар вақти хоб будани дарвешон ба ҷогаҳи онҳо меандохтанд. Баъзеҳо дар роҳи фақирон меандохтанд.

Дувум, садақаро ба миннат надиҳад ва аз изо додан эҳтиёт кунад.

Сеюм, садақаро аз моли ҳалол диҳад, кӣ Худоӣ таъоло ва Расул (с) гуфтанд. ки садақаро аз моли ҳалол диҳед.

Сафиёни Саврӣ раҳматуллоҳу алайҳи гуфта аст, ки ҳар ки аз моли ҳаром садақа кунад, мисли касе мебошад. ки либоси нопоки худро ҳамроҳи пешоб пок мекунад.

Мегӯянд, ки чизи нопокро ғайр аз об дигар чиз пок намекунад, аммо гуноҳро ғайр аз садақаи ҳалол, дигар чиз пок намегардонад.

Чаҳорум, ҳар чизе, ки садақа диҳад, ба кушодарӯй ва хурсандӣ диҳад.

Пайғамбар (с) фармуданд, ки як дирҳами ҳалол бакушодарӯӣ садақа додан, беҳтар аст аз ҳазор дирҳам, ки ба туршрӯӣ диҳад.

Панҷум, агар аз моли ҳалоли худ ба олими муттақӣ садақа  диҳад, гуё ба тоати Аллоҳ таъоло ба ӯ ёрӣ карда бошад.

Гӯянд, ки садақа агарчи як луқма нон бошад, Аллоҳ таъоло амр кунад ба дохил шудани садақадиҳанда ба биҳишт.

Расули акрам (с) фармуданд: ҳар кӣ садақа диҳад. Аллоҳ таъоло ҳафтод балоро аз он банда дур гардонад ва дар охират садақаи он ҳичоб, яъне парда гардад аз оташи дӯзах.

Расули акрам (с) фармуданд, ки дар садақа додан панҷ фазилат бошад:

Аввал, Аллоҳ таъоло ба моли он баракат ато кунад.

Дувум, касалӣ дошта бошад, Аллоҳ таъоло шифояш бахшад.

Сеюм, барои радди балое садақа карда бошад, Аллоҳ таъоло ба сабаби садақа додан он балоро аз вай дур гардонад.

Чаҳорум, аз Пули Сирот мисли барқ бигзаронад.

Панчум, беҳисоб ва бе азоб садақадиҳандаро дохили ҷаннат гардонад.

Акнун бародар ва хоҳари азиз, савобу самараи садақа аз ин ҳам бисёртар аст, мо ин ҷо кӯтоҳ овардем. Муҳимаш шумо як чизро фаромӯш накунед, ки садақа пинҳонӣ бошад, ҳамчунон ки дар аввал қайд карда гузаштем. Агар садақа аз моли ҳалол бошад ва бе риё бошад, ӯро ошкоро бидиҳад ҳам ҷоиз аст, то ки дигарҳо дида онҳо низ садақа диҳанд.

Садақаҳое, ки дар ин замони мо мекунанд, аксарияташ мувофиқи гуфтаҳои китоб ва шариат нест. Чунончи, чанд гову гусфанд мекушанд ва чанд рӯз нон тайёр мекунанд.

Дар вақти нон пухтан шумо андеша кунед, ки ҳамаи он занҳое, ки нон мепазанд, намозро намехонанд, ки намоз хондан фарз аст ва ё мардҳое, ки дар ин садақа хизмат мекунанд, онҳо низ намоз намехонанд. Ба хотири амри мустаҳаб фарзро тарк мекунанд ва парвое надоранд ва гузашта аз ин фарқ намекунанд, ки ин гов ё ин гӯсфанд ҳаққи кӣ бошад, ҳаққи ятим аст ё аз куҷо омадааст? Ё ин ки дар садақаашон одамҳои ба қавли худашон одамшавандаро даьват мекунанд. Шахсони дарвешу мӯҳтоҷро даьват намекунанд. Ҳол он ки садақа ҳаққи онҳост, ҳатто фарзандони худашонро намедиҳанд.

Пайғамбар (с) гуфтааст. ки беҳтарин садақа он аст, ки ба фарзандони худ садақа кунад. Бигузор садақа андак бошад, лекин аз моли ҳалол бошад ва дар ҷои худаш сарф шавад.

Илоҳо, ҳамаи бандан мӯъминро тавфиқи садақа додан ато фармоӣ, омин.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …