Главная / Ҷамъият / Хикояхои исломи – мусалмони

Хикояхои исломи – мусалмони

Имрон саҳари барвахт бо хамроҳии падараш ба мактаб рафт. Клуби мактабии чӯяндагон, ки Имрон дар он аъзо буд, дар рӯзҳои якуми истироҳатии июн барои ба лагери тобистона рафтан тайёрӣ медид. Вақте, ки Имрон ба мактаб омад, автобуси мактабӣ аллакай тайёр буд ва ҳама барои рафтан омода буданд. Баъди чанд лахзае автобус ба тарафи лагер ба ҳаракат даромад. Роҳбари клуб муаллими забони туркӣ Исмоилбой барномаи дар пешистодаи клубро бо баланлгӯяк эълом дошт:qissai_islom

– Дустон, дар навбати аввал мехоҳам ба самъи шумо расонам, ки мақсади сайёҳати мо ҳам истироҳат кардан ва ҳам дониши худро баланд бардоштан мебошад. Мо ҷойҳоеро мебинем, ки то ин вақт надида будем ва вақти худро хушҳолона дур аз шуру ғавгои шаҳр мегузаронем.

Автобус моро дар лагери «Санавбарзор» фуруд меорад. Дар он ҷо мо ҳаймаҳоро зада ба бозиҳои гуногун машғул мегардидем. Дар рӯзи дуюми саёҳат мо ба ғори Чорохтепа меравем, ки дар масофаи ду соатаи роҳи пиёда аз лагер ҷойгир аст. Ин ғор бо расмҳои худ, ки дар замонҳои қадим аз тарафи одамони давраи ибтидоӣ нигорида шудааст, машҳур мебошад.

Аз шумо як хохиш дорам – гуфт роҳбалади мо ҳамаи қоидаҳоро риоя намоед, аз гурӯҳ қафо намонед ва ба тозагй риоя намоед. Набояд фаромӯш кард, агар МО тозагии муҳити атрофро риоя намоем, пеш аз ҳама худамон дар муҳити тозаву озода зиндагй мекунем ва онро ба ояндагони худ поку тоза месупорем. Ин яке аз вазифаҳои асосии МО мебошад.

Баъди саёҳати якуним – соата МО ба лагер расидем. Аввал ҳаймаҳоро тақсим намудем. Баъди чанд вақт бо роҳбарии муаллим хаймаҳо барқарор карда шуданд. Дар хаймаи аз ҳама калон ошхона ва мизҳоро ҷойгир карданд. «Пешвои қабила» Исмоилбой карнай навохта хама бошандагони лагерро дар гирди худ ҷамъ кард.

-Дӯстон, ҳоло соат 11:00 аст. Соати 13-00 барои таоми нисфирӯзӣ ҷамъ мешавем. Ҳоло бошад шумо озод ҳастед. Ман ба шумо такид мекунам, аз бошишгох дур наравед. Хохиш мекунам, ки се каси шумо ба ман дар тайёр кардани хӯрок ёрӣ расонед.

Бачаҳо озодиро ҳис карда ба гурӯҳҳо ҷудо шуда ба бозиҳои гуногун машғул гардиданд. Бозӣ дар гилеми сабзи алафин, дар зери офтоби хуррами баҳорӣ ва бӯи санавбарзори ба машом расида истода, барои бачаҳое шаҳре ки аз ин неъмати табиат дар канор монда буданд, хурсандии калон буд. Вақти хӯрокхӯрӣ низ фаро расид. Бачаҳо дар назди ҷӯйбор баъди кашмакаш ва ғалоғулаи хурсандона дасту рӯйҳои худро шуста ҷоЙҲОИ худро дар мизҳои хаймаи калон ишғол намуданд. Дар ҳавои тоза ОНҲО гурусна монда буданд. Онҳо дар як мижа задан таоми табақчаҳои худро хӯрда тамом карданд.

Баъд аз таоми нисфирӯзӣ дар алафзори сабз ҳама якҷоя намоз хонда, ибодат ва ҳамду сипоси офарандаи ҳамаи ин зебоиҳо – Аллоҳ таъолоро ба ЧОЙ оварданд. Сипае пайшиносони
ҷавон бо муаллим Исмоилбой то бегоҳ дар ҷангал сайругашт намуданд. Ва баъд ба бошишгоҳ баргашта, барои даргиронидани гулхан ҳезум чамъ карданд. Вақте, ки онҳо ба бошишгоҳ баргаштанд, ғизои бегоҳӣ онҳоро интизор буд, онро рафиқони навбатдорашон тайёр карда буданд.

Баъди намози бегоҳӣ бачаҳо дар гирди гулхани тафсон ҷамъ шуда ҳар кас ҳунару маҳорати худро нишон медод, яке суруд мехонд, дигаре ҳодисаеро нақл мекард, касе рафиқонашро механдонд. Онҳо ҳатто ЭҲС0С накарданд, ки вақт чй хел гузашт. Дар зери чироси малахҳо бачаҳо ба хаймаҳои худ тақсим шуда, бо таассуротҳои ҳархелаи рӯзи гузашта зуд хоб карданд.

То дамидани субҳ ҳама баъди шунидани овози Исмоилбой аз хоб хестанд. Агар дар хона волидайн бачаҳои худро маҷбурй аз хоб мехезонданд, дар ин ҷо дар ҳавои тозаи чангал ОНҲО аз  хоб сер карда, хуб истироҳат намуданд. Вақте ки онҳо таҳорат намуда намозҳои бомдодй хонданд, аз хоб нишонае ҳам намонд. Баъд ОНҲО саф ороста бо муаллимон Умар ва Исмоилбой ба машқи пагоҳирӯзӣ маштул шуданд. оҳ, агар рӯзҳои истироҳати шаҳр низ ҳамин хел мегузаштанд. Дар шаҳр ОНҲО то нисфирузӣ хоб рафта баъд ба корҳои беҳуда машғул мешуданд. Баъди машқ ҳамаи бошандагон барои наҳорӣ давиданд, ки алакай дар хаймаи калон барои ОНҲО тайёр буд. Наҳорӣ ба зудӣ анҷом ёфт, чунки ҳама мехостанд, зудтар ба тори Чороқтеппа ба тамошо бираванд.

bachah

Исмоилбой гуфт:

  • Ҷавонон, роҳи МО пиёда ду соата аст. Бояд, ки бо худ тӯшаи роҳ, оби нӯшиданӣ ва барои аз офтоб ЭМИН мондан, соябонҳо гиред.

Имрон ва дӯстони Ӯ як қатор шуда бо пайраҳаи борике ба сӯи тори Чороқтеппа, ба баландии кӯҳ раҳсипор шуданд. Ним соати аввали роҳ ОНҲО хурсандона мерафтанд, шӯхӣ мекарданд, даводав мекарданд, баъд роҳ онҳоро шалпар кард. Офтоб қиём карда буд ва он мисли саҳарӣ он қадар форам набуд. Аз гармй гулую забон хушк мешуд.

Вақте ки гурӯҳ НИҲ0ЯТ ба баландии кӯҳ расид, бачаҳои мондаву хаста гардида аз дидани дарахти ягонаи тубайро хеле хурсанд шуда, дар зери сояи он дароз кашиданд. Бачаҳо, ки ба саёҳати дурудароз одат накарда буданд, НИҲ0ЯТ хаста шуданд.

-Чй, бачаҳо? Наход, ки монда шуда бошед? – бачаҳои хастагардидаро таҳрик менамуд пешвои қабила – Исмоилбой.

  • Ҷамъ шавед саёҳатро ба тор сар мекунем.

Боре, ки ба он бачаҳо бо як қатор аз дасти яқдигар дошта аз байни ду шахпора гузашта медаромаданд, якбора онҳоро ба ҳайрат овард. Равшанй ва гармии офтоб дар берун монд ва ОНҲО бошанд, ба хунукии яхмонанду торики гор фуру рафтанд, мисли он ки ба ягон яхдон даромада бошанд. Муаллим Умар бо лампа деворҳоро равшан намуда дар бораи гор сухан мегуфт:

  • дустон МО бо шумо ҲОЛО метавонем саҳифаҳои таърихеро варақ занем, ки онро инсон ҳазорҳо СОЛ пеш навишта буд. Ин нишона аз замонҳои қадим то ба имрӯз расидааст. Ҳар як мавзӯи он дар навбати аввал нофаҳмо намуда, аз нуқтаи назари таърих ахбороти муҳимеро дар бар мегирад. Нақшҳои болои санге, ки МО онҳоро дида истодаем ба МО дар бораи тарзи ҳаёти одамони онвақта, таомхӯрии ОНҲО ва дигар шароити зиндагии ривоят мекунанд…

Саёҳати шавқовари тор ба охир расид. Бачаҳо барои дамгирй чамъ шуданд, ғизо хӯрданд, истироҳат намуданд ва баъди рафъи хастагӣ боз чунбишу зиндадилй баргашт. Бо фармони муаллим Умар ОНҲО барои баргаштан омода шуданд:

– Шогирдони азиз, чй хеле, ки МО имрӯз ба нақша гирифта будем, гори Чороқтеппаро тамошо кардем. Ҳоло вақти намози пешин, баъди хондани намоз МО бояд ба бошишгоҳ баргардем.

Малик, ки дар обдонаш об тамом шуда буд пурсид:

  • Муаллим, оби ман тамом шуд. Ва ман фикр мекунам, ки оби дигарон низ тамом шудааст. Дар наздикй на ҷӯй асту на чашмаю на деҳа, ки МО об пайдо кунем. Мо барои намоз чй хел таҳорат мекунем?

Муаллим Умар ҷавоб дод:

– Саволи хуб! Малик! Ман низ мехостам инро ба шумо фаҳмонам. Дини мубини Ислом ҳеҷ вақт одамро бо вазифаҳои сангин пурбор намекунад. Яъне, дини Ислом ҳаёти инсонро на вазнин, балки сабук мегардонад.

Алй дасташро барои сухан гуфтан ба боло бардошт:

-Яъне, МО ҲОЛО намоз намехонем, ҳамин тавр муаллим?

Не, Алй, – ҷавоб дод муаллим, – мусулмон барои нахондани намоз ягон баҳонае надорад. Вақте ки об нест ва то қазо шудани намоз имконияти ёфтани об ҳам нест, МО метавонем таяммум карда намоз гузорем. Дар аввал нияти таяммум ба ҷои таҳорат мекунем. Сонй оҳиста ҳарду кафи дастро ба замини пок зада ба рӯй мемолем. Дуюм бор кафи дастонро зада дастони худро то оринч мемолем. Ана ҳамин хел содда аст, бачаҳо.

Алй боз пурсид:

– Муаллим МО метавонем баъди таяммум он ибодатҳоеро, ки баъди таҳорат ба Ҷ0 меорем, анҷом диҳем?

– Албатта, Алй, МО метавонем ҳама ибодатҳоро ба ҷо орем ба шарте, ки пеш азхонданинамози баъдинабоз таяммуми нав кунем – чавоб дод муаллим.

Бачаҳо, аз фаҳмидани чизи нав хурсанд гардида ва якчоя бо муаллим таяммум намуданд. Баъди намози чамоъат гурӯҳ ба сӯи бошишгоҳ баргашт. Баъди баргаштан ба бошишгоҳ бачаҳо ба сӯи ҷӯйча медавиданд ва қатор шуда оби хунукро менӯшиданд, аммо аз оби мусаффо ҳеч сер намешуданд.

Рӯзи якшанбе ҳангоми туруби офтоб бачаҳо бошишгоҳро тарк намуданд. Вақти Имрон ва рафиқонаш дар ин Ҷо бисёр судманду пурбаракат гузашт. Онҳо бисёр чизҳоро, ки пеш аз ин надида ва нашунида буданд, дарк намуданд. Ва ин чиз барои онҳо мисли дарсҳои мактаб хастакунанда набуд. Баръакс, саёҳат дар лагер хеле шавқовар ва мароқангез гузашт. Имрон бори охирон аз тирезаи автобус ба баландии Чороқтеппа, ки аз дур ба лонаи уқобон монанд буд, назар афканд. Имрон дар бораи нақшаҳои саёҳат дар соли оянда фикр карда истода, дар китфи рафиқаш Бурҳон хобаш бурд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …