Главная / Ҷамъият / Пули сирот

Пули сирот

Пули сирот

Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанл, ки Худои Таъоло ба рӯи дӯзах пулро офарид ва он пули сирот аст. Бар болои дӯзах ҷои лағжидан ва афтодан. Ҳазорсола роҳ боло рафтану ҳазорсола poҳ поён ва ҳазорсола роҳ баробар рафтан аст. Он бориктар аз мӯву тезтар аз шамшеру сиёҳтар аз шаб бошад.

Дар он пул савол карда мешавад аз он чӣ Худои таъоло амр кардааст бандаро. Аввал аз имон савол карда мешавад, пас чун имони банда саломат бошад, ӯро Худои таъоло наҷот диҳад. Агар имонаш саломат набошаду кофир бошад, дар дӯзах нагунсон афтад.

Дуюм, ҳисоб карда шавад аз намозу сеюм аз закону чаҳорум аз рӯза ва панҷум аз ҳаҷ ва шашум аз таҳорату ғусли ҷанобат ва ҳафтум аз некӣ кардан бар падару модар ва силаи раҳм. Пас агар наҷот ёбад аз ин чизҳо, ки зикр карда шуд. бигузарад аз пул ва растагор шавад ва агар ҷавоб дода натанонад, сарнагун афтад дар дӯзах.

Расул салаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳар пуле фарёд мекунад, ки, эй Парвардигори ман, умматӣ, умматт,  яьне умматҳои маро аз лағжидан нигоҳ дор,

Пас савор шаванд махлуқот дар пул, то он ки савор шаванд баъзе аз онҳо дар пушти баъзеашон ва пул меҷунбад ҳамчунон ки киштӣ дар дарё аз шамоли сахт меҷунбад. Пас равон шаваду гузарад касе, ки наҷот ёфт.

Гурӯхи аввал монанди барк-чароғаки дурахшандан чашм хиракунанда бигузаранд. Яъне монанде, ки чароғак мезанад, ҳамон қадар тез пулро гузаранд.

Гурӯхи дуюм монанди бод тез раванд ва гурӯҳи сеюм монанди мурғони тезпар ва гурӯҳи чаҳорум монанди аспи тездав бигузаранд. Гурӯхи панҷум монанди пиёдаи тезгард бигузаранд ва гурӯхи шашум монанди пиёдаи сустрав бигузаранд ва гурӯхи хафтум монанди шутури тезрав бигузаранд. Гурӯҳи ҳаштум монанди занони ҳомила бигузаранд ва гурӯҳи нуҳӯм монанди шер оҳиста бигузаранд  ва гурӯҳи даҳум биистанд бар пули сирот ва натавонанд, ин ки бигузаранд.

Баъзе аз онҳо миқдори як шабонарӯз ва баъзе ба миқдори як  моҳ ва баъзеи дигар ба миқдори як сол ё ду сол, ё се сол бигузаранд. Ҳамчунин гузаштан мегиранд ва охирин касе, ки бар сирот бигузарад, ба миқдори бисту панҷ ҳазор сол бигзарад.

Ривоят шудааст, ки мардум мераванду мегузаранд бар сирот ва бошад оташи дӯзах аз зери қадамҳои онҳо ва болои сари онҳо ва аз ҷониби чапи онҳо ва аз пушти онҳо ва аз пеши онҳо.

Худои таъоло гуфтааст, ки пас бираҳонем муттақиёнро ва бигузорем золимонро дар он ҷо ба зону дарафтода ва оташ бихӯрад рӯдаҳои онҳоро ва пӯстҳои онҳоро ва амал кунад дар баданҳои онҳо ва гӯштҳои онҳо, то он ки онҳо монанди  ангишт сиёҳ гарданд.

Баъзе аз онҳо касоне бошанд, ки натарсанд аз сирот аз чизе. Бидаванду беҳарос бигузаранд ва нарасад ба онҳо чизе аз оташ. Гӯянд, ки пули сирот дар куҷост?

Гуфта шавад ба онҳо, ки шумо пули сиротро ба раҳмати Худои таъоло бемашаққат гузаштаед. Ин гурӯҳ шахсонеанд, ки дар дунё ба гуфтаҳои Худо ва пайғамбар амал карда  бошавд ва аз гуноҳони худ тавбаву зорӣ карда бошанд.

Дар хабар омадааст, ки ояд қавме ва биистанд бар сирот ва гӯянд: – Мо аз оташ метарсем.

Ва он қавм ба гузаштан бар сирот далерӣ накунанду бигирянд. Пас Ҷабраил (а) ояду гӯяд: – Чи чиз манъ кард шуморо аз гузаштани сирот?

Онҳо гӯянд:  Мо аз оташ метарсем.

Пас Ҷабраил (а) гӯяд:  Чун дар дунё дарё пеши рӯи шумо меомад, чӣ гуна аз он мегузаштед?

Гӯянд, ки мо аз дарё бо киштӣ мегузаштем.

Пас фариштагон масҷидҳоеро, ки дар дунё намоз мегузоштанд ба сурати киштӣ оранд. Онҳо бар он бинишинанду аз сирот бигузаранд. Пас гӯянд фариштагон он қавмро, ки ин киштиҳо он масҷидхои шумоянд, ки намоз мехондед дар он ба ҷамоат.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …